Суғуртаи амволӣ

8.1. Суғурати амволӣ ва хусусиятҳои он

Суғуртаи амволӣ ин системаи муносибатҳои суғурташаванда ва суғуртакунанда оид ба расондани хизмати суғурта ба суғурташаванда мебошад, вақте ки ҳифзи манфиати амволии вай ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амвол алоқаманд бошад. Бинобар ин суғурташавандагони суғуртаи амволӣ шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони воқеие буда метавонанд, ки манфиатҳои амволии онҳо ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амвол алоқаманд аст. Таъиноти иқтисодии суғуртаи амвол аз ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳолати суғуртавӣ ба миёномада иборат аст.

Дар суғурта зери мафҳуми амвол маҷмӯи ашёҳо ва арзишҳои моддие фаҳмида мешавад, ки дар соҳибӣ, истифода ё корфармоии ягон шахс (шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ) воқеъ аст. Таҳти мафҳуми амвол дар суғурта, на танҳо ашёи мушаххас ё объект (бино, автомобил, дарахтзор, ҳайвонот ва ғайра), инчунин гурӯҳи объектҳо, масалан, қубури газ, бор, маблағи пулӣ фаҳмида мешавад. Амвол ба гурӯҳҳои манқул (ҳамаи он чизе, ки метавонад аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол ёбад) ва ғайриманқул (замин ва тамоми он чи, ки бо замин алоқаманд аст – бино, иншоот, дарахтзор ва ғайра, ки аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол дода намешаванд) тақсим мешавад.

Амволи суғурташуда гуфта он арзишҳои моддиеро мегӯянд, ки бо суғуртаи ҳатмӣ (аз рӯи қонун) ё бо шартномаҳои суғуртаи ихтиёрӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба ҳайси суғурташаванда на танҳо моликони амвол, балки дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки барои нигоҳдори амвол масъуланд, ба ҳисоб мераванд.

Бо мақсадҳои суғурта амвол аз рӯи объектҳои хаҷагидорӣ, ки ба онҳо тааллуқ доранд, тасниф карда мешаванд. Амвол – ба амволи корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ, амволи шаҳрвандон ҷудо карда мешаванд.

Манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки ба соҳибӣ, истифода ва идоракунии амволи ба онҳо тааллуқдошта алоқаманданд, ҳангоми осеб дидани амвол, нобудшавии он, ҳамчунин дар мавриди гумшаваии он метавонад халалдор шаванд. Осеббинӣ, нобудшавӣ ё гумшавии амвол бо ҳар сабаб рух доданаш мумкин аст. Суғурта бошад, тавре маълум аст, манфиатҳои амволиро танҳо дар он ҳолат ҳифз (ҳимоя) менамояд, ки агар сабабҳои халалдорсозии ин манфиатҳо хусусияти эҳтимолӣ ва тасодуфӣ бошта бошанд.

Осеббинӣ, нобудшавӣ ва гумшавии амволро дар таҷрибаи суғуртавӣ зарар ва объекти пӯшонидани суғурта меноманд, дар маҷмӯъ, якҷоя бо сабаби фарорасии онҳо, ҳодисаи (ҳолати) суғуртавӣ ном мегиранд. Объектҳои пӯшидани суғурта барои он қайд карда мешаванд, ки дар қоидаҳои суғуртаи амволи мушаххас вариантҳои даркории пӯшонидани суғурта аниқ муқаррар карда шаванд.

Ба суғуртаи амволӣ метавонанд инҳо ҷуброн карда шаванд (дар маҷмӯъ ё дар алоҳидагӣ):

  • арзиши пурраи амволи дар натиҷаи ҳодисаи (ҳолати) суғуртавӣ осебдида ё барҳамхурда ё хароҷот оид ба барқарорсозии амвол ва ё қисми ин арзиши (хароҷот);
  • даромадҳо (ё қисме аз онҳо), ки суғурташуда бинобар осебёбӣ ё гумшавии амвол дар натиҷаи ҳодисаи (ҳолати) суғуртавӣ гирифта натавонистааст.

Барои суғурта (пӯшонидани суғурта) амволи зерин қабул карда мешавад:

  • биноҳо (истеҳсолӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ-маданӣ, таъиноти ҷамъиятӣ);
  • иншоотҳо (манораҳо, бурҷҳо, агрегатҳо ва дигар дастгоҳҳои истеҳсолию техникӣ);
  • таҷҳизот (комуникатсияҳо, системаҳо, дастгоҳҳо, станокҳо, мошинҳои таҳмилкунанда ва қуввадиҳанда ва дигар механизмҳою асбобҳои таиноти истеҳсолию техникӣ);
  • хонаҳои истиқоматӣ, бӯстонсароҳо, хонаҳои боғдорӣ ва тобистона, кемпингҳо, базаҳои истироҳатӣ ва ғайра;
  • биноҳои хоҷагӣ (гаражҳо, анборҳо, шипангҳо, майдончаҳои болопӯшида, деворҳо ва ғ.);
  • биноҳои алоҳида (квартираҳо, ӯтоқҳо, кабинетҳо, офисҳо, лабараторияҳо, сехҳо ва ғайра);
  • воситаҳои нақлиёт (автомобилҳо, тракторҳо, электрокарҳо, мотосиклҳо ва механизмҳои худҳаракат, ки корҳои нақлиётӣ, боркашонӣ, ҳосилғундорӣ ва ғайраро иҷро мекунанд);
  • сохтмони нотамом;
  • маҳсулот, мол, ашёи хом, мавод ва дигар арзишҳои молию моддӣ;
  • инвентар (мебел, ҷиҳоз);
  • ашёи интерйер, ороиш;
  • асбобҳои барқии рӯзгор (компютерҳо, телевизорҳо, радиоҳо, магнитофонҳо, яхдонҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва ғайра);
  • ашёи хона ва истифодаи шахсӣ;
  • чорво (кишоварзӣ, хонагӣ, экзотикӣ);
  • дарахтзори бисёрсола;
  • дигар амвол бо хоҳиши суғурташаванда.

Агар байни суғурташаванда ва суғуртакунанда дар шартнома қайди махсус мувофиқа нашуда бошад, пас барои суғурта ашёи зерин қабул намешавад ( бо суғурта пӯшонида намешавад):

  • амволе, ки дар нигоҳдорӣ, комиссия ё коркард қарор дорад;
  • металлҳои қиматбаҳо дар сикаҳо ва масулот аз онҳо, сангҳои қиматбаҳо ё нимқиматбаҳо;
  • қоғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, пулҳои қоғазӣ, ҳар гуна ҳуҷҷатҳо ва дафтарҳои коргузорӣ;
  • дастнависҳо, плакатҳо, нақшаҳо, намунаҳо ва шаклҳо;
  • асарҳои санъат, ҳаргуна коллексияҳо;
  • дигар амволе, ки вобаста ба хусусияти он ҳолат ва ё шартҳои нигоҳдорӣ суғуртакунандаро, нисбат ба имкониятҳои таъмини суғуртавӣ ба шубҳа водор мекунад.

Шартҳои суғуртаи амвол аз ҷониби суғуртакунанда вобаста ба талаботи маъмулии суғуртавӣ ташаккул меёбанд. Бинобар ин қоидаҳои суғурта аз рӯи, масалан, маҷмӯи хусусиятҳои намуди муайяни амвол (бино, автомобил, зироати кишоварзӣ, чорво), аз рӯи комбинатсияҳои амвол, хавф ва маҷмӯии аломатҳои истифодаи амволи махсус (хавфи сохтмонию васлгарӣ, дуздӣ бо шикастани дар) тартиб дода мешаванд.

Нобудшавии пурраи амвол он ҳолати амволи осебдида ба ҳисоб меравад, ки агар хароҷоти барқарорсозиаш аз арзиши аслии амвол бештар бошад. Оид ба баъзе намудҳои суғуртаи амвол инчунин пурра барҳамхӯрии ҳақиқиро фарқ мекунанд, вақте, ки амвол пурра нобуд шуда ё бебозгашт аз даст рафта, инчунин ҳалокати пурраи конструктивӣ рух дода бошад.

Агар дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ ҳавопаймо ё автомобил сифати худро пурра гум карда бошанд ва бо роҳи таъмири муқаррарӣ барои истифода аз рӯи таъинот барқарор карданашон ғайриимкон бошад, онҳо баҳалокатрасида (нобудшуда) ҳисобида мешаванд. Осебёбии амвол – ҳолате ҳисобида мешавад, ки агар ба ҳолати истифодабарӣ бо роҳи таъмири муқаррарӣ аз рӯи таъинот овардани онҳо имконпазир бошад.

Гумшавии амвол ‟ ин аз соҳибии суғурташуда баромадан ё бо ягон сабаб аз даст додани он мебошад, ки аломатҳои ҳалокат ё нобудшавиаш вуҷуд надошта бошад. Аммо на ҳамаи ҳодисаҳои гумшавӣ, дуздӣ ва ғорат барои пӯшонидани суғурта асос мешаванд. Он танҳо ба шарте сурат мегирад, ки ҳолатҳои зикршуда ба талаботи ҳолати суғуртавӣ- эҳтимолият ва тасодуфии воқеа ҷавобгӯ бошанд. Бояд ба назар гирифт, ки ҷуброни суғуртавӣ дар ҳолате сурат намегирад, ки агар осеббинӣ ё гумшавии амволи суғурташуда дар натиҷаи амали бошууронаи суғурташуда ё фоидахӯр рух додааст.

Суғурта аз ҳисоби фоидаҳои суғуртавӣ, ки суғуртакунанда таъсис медиҳад, ҳамчун манбаи бойшавии беасоси суғурташуда буда наметавонад. Агар суғурташуда (фоидахур) қасдан ба беасос гирифтани суғуртапулӣ азм карда бошад, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад, ки пардохти суғуртаро инкор кунад. Суғуртакунанда инчунин бо ҷуброни дахлдори зарар аз рӯи шартнома аз пардохт озод карда мешавад, агар суғурташуда онро дар ҳолати мазкури суғуртавӣ ба пуррагӣ гирифта бошад.

Ҳолатҳои мушаххаси суғуртавӣ, ки дар шартномаи ин ё он амвол зикр мешаванд, аз рӯи хислати хавфи суғуртавӣ ‟ ҳодисаи эҳтимолии ба манфиатҳои амволии суғурташуда зараррасонанда, муайян мегарданд. Хислати хавфи суғуртавӣ бо созишномаи байни суғурташаванда ва суғуртакунанда муқаррар карда мешавад.

Суғуртакунандагон ба суғурташаванда зарари аз осебёбӣ расида ё гумшавии амволро дар ҳолатҳои зерин метавонанд ҷуброн намоянд:

  • сӯхтор (тасодуфан ба амалойӣ ва паҳншавии оташ ба ашё, дар дохили ашё, ё аз ашё ба ашё), задани барқ, таркиши гази дар рӯзгор истифодашаванда;
  • бӯрон, девбода, жола, сел, обхезӣ, фурӯравӣ, ярч ва амсоли ин;
  • афтидани аппаратҳои парвозкунанда, шикастапораҳои онҳо ва дигар асбобҳо;
  • таркиши дегҳо, амборҳои сӯзишворӣ ва қубурҳои нақли сӯзишворӣ, мошинҳо;
  • аппаратҳо ва дигар асбобҳо;
  • садамаи шабакаҳои обгузар, гармидиҳӣ, зиддисӯхтор ва корез;
  • боҳамбархӯрӣ, зер кардан, зарба, афтидан, чаппа шудан;
  • ғайримуқаррарӣ барои маҳалли мазкур баромадани обҳои зеризаминӣ, фурӯравӣ ва нишастани замин;
  • гузаштани об аз биноҳои ҳамсоя (дигар биноҳо);
  • катъи пешбининашудаи барқ, таъминоти об, гармидиҳӣ;
  • сӯхтори дохили асбобҳо, аппаратҳо, дастгоҳҳои барқӣ бар асари таъсири қувваи барқ ба онҳо;
  • дуздӣ бо шикастани дар;
  • дуздию ғоратгарӣ;
  • амали бадқастонаи шахси сеюм;
  • ногаҳон заҳролудшавии чорво, сармозании онҳо, ғарқшавӣ, осеббинии садамавӣ, ки боиси маҷбуран сар задани чорво ё ҳалокати он мешавад;
  • дигар ҳодисаҳои аз талаботӣ суғурташуда ва бо мувофиқаи суғуртакунанда бармеоянда.

Бо қоидаҳои суғуртаи амволӣ аксар вақт шартҳои ҷуброни иловагии зарарҳо муқаррар мегарданд, ки метавонанд дар натиҷаи сар задании ҳолати суғуртавӣ пайдо шавад.

Чунончӣ, зарари шахси суғурташуда метавонад аз талафи даромадҳо, ки ба сабаби зарар дидани (гум шудани) амвол ё дар натиҷаи пардохтҳои пешбининашуда бар асари ҳолатҳои ҳодисаи суғуртавӣ ба миён ояд. Масалан, дар натиҷаи сӯхтор метавонад зарари дар натиҷаи аз байн рафтани иҷорапулӣ, ё зараррасонӣ ба амволи ашхоси дигар ба амал ояд, ҳамчунин зарарҳо аз боз истодани истеҳсолот, савдо, хизматрасонӣ метавонанд ба вуҷуд оянд.

Аммо чунин шароит оид ба ҷуброни иловагии зарарҳо танҳо бо созишномаи махсуси тарафҳо ва алоҳида нишон додани онҳо дар полис, ё бо роҳи бастани шартнома мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи амволӣ ҳолатҳое ҳам эзоҳ дода мешаванд, ки бо суғурта фаро гирифта намешаванд. Чунончӣ, суғуртакунандагон зарарҳоеро ҷуброн намекунанд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои зерин рӯй додаанд;

  • нияти бад ва беэҳтиётии дағалонаи суғурташуда, фоидахӯри вай;

-ноқисиҳои амвол, ки ба суғурташуда то бастани шартнома маълум буданд;

  • худ аз худ даргирӣ, пӯсидан, каррозия ва дигар осебҳои табиии амвол;
  • ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ, ҷумбишҳои гуногуни шаҳрвандӣ; – мусодира, ҳабс, фармоиши ҳокимиятдорон; – амал ва оқибатҳои энергияи ядроӣ.

Подоши суғуртавӣ оид ба суғуртаи амвол моҳиятан ҷуброни қисмии зарар мебошад. Дар моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» муқаррар шудааст, ки подоши суғуртавӣ аз ҳаҷми зарари бевоситаи амволи суғурташудаи суғурташаванда ё шахси сеюм, зиёд буда наметавонад, агар дар шартномаи суғуртавӣ пардохти подоши суғуртавӣ дар ҳаҷми маблағи муайян нишон дода нашуда бошад.

Талофии (подоши) суғуртавӣ бо роҳи ҳисоби зарарҳо муайян карда мешавад, ки дар асоси аризаи суғурташаванда ва санади суғурта (сертификати садамавӣ) сурат мегирад. Санади суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунанда ё шахси ваколатдори ӯ тартиб дода мешавад. Ҳангоми зарурат суғуртакунанда маълумотеро, ки бо ҳодисаи суғуртавӣ вобаста аст, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бонкҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои чунин маълумотҳо, дархост менамояд.

Моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» корхонаҳо ва ташкилотҳоро вазифадор менамояд, ки ба суғуртакунандаҳо тибқи дархосташон маълумотҳои ба ҳодисаи суғуртавӣ алоқаманд, аз ҷумла маълумоти дорои сирри тиҷоратиро, пешниҳод намоянд.

Дар айни замон суғуртакунандагон барои ошкор кардани онҳо дар ҳар шакл, ба истисное ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ҷавобгар мебошанд. Суғуртакунанда ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки худаш бо ном тадқиқоти суғуртавии зарарро гузаронад ва ё иҷрои онро ба ташкилотҳои махсус супорад.

Ҳангоми ҳалокати пурра нобудшавӣ ё гумшавии амвол ҳаҷми подош дар асоси арзиши амвол, ки дар шартнома нишон дода шудааст, бо тарҳи арзиши боқимондаҳои барои истеҳсолот ва ё фурӯш коршоями он, муайян карда мешавад. Ҳангоми қисман зарар дидани амвол, подош аз андозаи қисми муайяни арзиш аз рӯи шартномаи суғуртавӣ пардохта мешавад, агар амвол дар ин ҳолат барқарор карда нашавад. Зарари дар натиҷаи хароҷоти иловагӣ пайдошуда, масалан, хароҷот барои ба тартиб овардани амволи зарардида (ғунучин, демонтаж ва ғ.) аз тарафи суғуртакунанда подош мешавад, агар дар шартнома ин ҳолат махсус қайд карда шуда бошад.

Ҳангоми зарарбинӣ ё талафёбии амвол дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, суғурташаванда ӯҳдадории зеринро ба худ мегирад:

  • бетаъхир (дар мӯҳлати на камтар аз се шабонарӯз) дар ин бора ба суғуртакунанда хабар диҳад;
  • ҳамаи чораҳоро нисбати кам кардани зарар ва наҷот додани амвол андешад;
  • дар бораи сар задани ҳодисаи суғуртавӣ ба мақомоти дахлдор (милиса, мақомоти давлатии назорати сӯхтор, хадамоти садамавӣ) хабар диҳад;
  • амволи зарардидаро, агар ҳолат хатарнок набошад, то азназаргузаронии суғуртакунанда (намояндаи он) дар ҳамон ҳолате, ки ба он дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ расидаст, нигоҳ дорад;
  • ба суғуртакунанда (намояндаи он) имконияти бемонеа аз назар гузаронидан ва тафтиши амволи зарардидаро бо мақсади муайян кардани сабаб, андозаи зарар ва дигар ҳолатҳои сар задани ҳодисаи суғуртавӣ, фароҳам оварад;
  • ба суғуртакунанда тамоми маълумоти зуруриро пешниҳод намояд, инчунин ба ӯ ҳуҷҷатҳои заруриро барои муайян кардани ҳодисаи суғуртавӣ ва андозаи зарар дастрас кунад.

Суғуртакунанда ҳақ дорад ҷуброни зарарро ба суғурташуда рад намояд, агар бо сабаби риоя нагардидани талаботи зикршуда аз ҷониби суғурташуда муқаррар кардани ҳолатҳои зарурӣ барои қабули қарор оид ба пардохти суғуртавӣ ғайриимкон бошад, ё афзоиши назарраси андозаи зарар сурат гирад.

Маблағи талофии (подоши) суғуртавӣ дар суғуртаи амволӣ, чун пардохти суғуртавӣ дар суғуртаи шахсӣ, метавонад бо фармоиши суғуртакунанда ба суғурташуда пардохта шавад. Мавқеи суғурташуда дар суғурта хусусияти худро дорост, ки агар ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҳолати барои рад намудани пардохти суғурта ҳамчун асос хизматкуна ба вуҷуд ояд, он гоҳ ӯ (суғурташуда) барои гирифтани талофии суғуртавӣ ягон ҳуқуқ пайдо намекунад.

Ҳангоми суғуртаи амвол, чун дар суғуртаи шахсӣ, маблағи суғурта тибқи шартномаи суғурта муайян карда ва эзоҳ дода мешавад.

Маблағи суғурта – ин маблағи пулиест, ки дар шартномаи суғурта муайян гардида, ва ё аз тарафи қонун муқаррар шудааст, вобаста ба он андозаи саҳми суғуртавӣ ва пардохти суғуртавӣ муқаррар карда мешавад, агар дар шартнома ё қонунгузорӣ чизи дигаре нишон дода нашуда бошад. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» ҳаҷми ҳаддии маблағи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад, ки он аз арзиши воқеии амвол дар лаҳзаи баста шудани шартнома зиёд буда наметавонад. Чунин арзиш, ки дар шартнома нишон дода шудааст, арзиши суғуртавии амвол номида мешавад.

Агар маблағи суғуртавии дар шартномаи суғурта муайяншуда аз арзиши суғуртавии амвол баланд шавад, пас шартнома дар ҳамон қисмати маблағи суғуртавӣ, ки аз арзиши воқеии амвол дар лаҳзаи бастани шартнома баланд мебошад, эътибор надорад.

Дар асоси меъёри мазкур дар қоидаҳои суғуртаи амволӣ суғуртакунанда аксар вақт пардохтро аз рӯи принсипи ба низоми таъминоти суғуртавӣ мутаносиб, муқаррар мекунад. Аз рӯи ин низом подоши суғуртавӣ дар андозаи ҳамон қисмати зарар пардохта мешавад, ки онро нисбати маблағи умумии суғуртавӣ аз рӯи шартнома бар арзиши суғуртавии амвол ташкил медиҳад. Ба дигар маънӣ, вақте ки маблағи суғуртавӣ аз арзиши аслии суғуртавии амвол камтар аст, андозаи подоши суғуртавӣ муттаносибан ба нисбати маблағи суғуртавӣ бар арзиши суғуртавии амвол кам мегардад.

Масалан, агар ПС ‟пардохти суғуртавӣ; C ‟ маблағи суғуртавӣ аз рӯи шартнома; ЗВ ‟ зарари воқеӣ; АВ ‟ арзиши воқеӣ бошад, пас Ғайр аз низоми муттаносиби (баробарҳиссавии) таъминоти суғуртавӣ дар таҷрибаи суғуртавӣ инчунин дигар низомҳои таъминотро (аз рӯи принсипи хатари якум, принсипи масъулияти ҳаддӣ) истифода мебаранд.

Суғурта ‟ хизмати пулакиест, ки онро суғуртакунанда пардохт менамояд. Пардохт дар чунин ҳолат мукофоти суғуртавиест (суғуртапулист), ки суғурташаванда бояд мутобиқи шартномаи суғурта ё қонун ба суғуртакунанда гузаронад. Суғуртапулӣ метавонад ҳисса ба ҳисса ба таври мӯҳлатдиҳӣ супурда шавад. Давраи мӯҳлатдиҳӣ бо мувофиқаи тарафайн эзоҳ дода мешавад. Аммо қисми аввали суғуртапулии мӯҳлаташ дарозкардашуда, маъмулан дар андозаи мушаххас, масалан, на камтар аз 35 фоизи маблағи пардохт, муқаррар мегардад. Суғуртапулӣ аз ҷониби суғуртакунанда вобаста ба меъёрҳою тарифҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад, ки онҳо дар навбати худ ба маълумоти оморӣ, нишондодҳои иқтисодии фаъолияти суғуртакунанда ва ҳисобҳои актуарӣ асос меёбанд. Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки андозаи суғуртапулӣ вобаста ба тарифу андозаи маблағи умумии суғурта муайян мегардад. Ҳангоми мӯҳлати суғурта бештар аз як солро дар бар гирифтанаш – пардохти суғуртавӣ (ПС) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ПС = С · (Т · 100 · (М : 12),

ки дар он С ‟ маблағи суғуртавӣ; Т ‟ меъёри тарифӣ бо фоиз; М ‟ мӯҳлати суғурта бо

моҳҳо (моҳи нопурра чун моҳи пурра ҳисоб карда мешавад) мебошад.

Асосҳои методии ҳисоби тарифҳо дар мавзӯи «Ҳисоби актуарӣ» оварда шудаанд.

Меъёрҳои шартии (тахминии) пардохтҳои суғуртавӣ вобаста ба ҳаҷм ва дигар ҳолатҳои хатар ба тариқи зерин муқаррар мегарданд:

1.Барои чунин ҳодисаи суғуртавӣ, масалан, сӯхтор – меъёр барои бино, манзил, биноҳои хоҷагӣ ба ҳисоби фоиз ба тарзи зерин муқаррар карда мешавад: – бинои хиштӣ ‟ 1фоиз; – бинои чӯбӣ ‟ 1,2 фоиз.

2. Ҳагоми садама, зеркунӣ (зарб хӯрдан), афтидан, партофта шудани воситаи наҷлиёт ‟ 7,0 фоиз;

– барои воситаҳои нақлиётии хӯрдашавиашон 50 фоиза ‟ 7,5 фоиз.

Агар тарафҳо мӯҳлати дигареро мувофиқа накунанд, шарномаҳои суғурта ба мӯҳлати то як сол баста мешаванд. Мӯҳлати суғурта дар ҳама ҳолат бо моҳи пурра муайян мегардад. Ҳангоми суғурта ба мӯҳлати камтар аз як сол будан пардохти суғуртавӣ аз андозаи аъзоҳақии солона бо чунин фоизҳо пардохта мешавад:

то 2 моҳ ‟ 30 фоиз. 3 моҳ ‟ 40фоиз;

  1. моҳ ‟ 50фоиз;
  2. моҳ ‟ 60фоиз;
  3. моҳ ‟ 70фоиз;
  4. моҳ ‟ 75фоиз;
  5. моҳ ‟ 80фоиз;
  6. моҳ ‟ 85фоиз;
  7. моҳ -90фоиз; 11 моҳ -95фоиз.

Пардохти подоши суғурта (ҷуброни зарар), баъди он, ки сабабу ҳаҷми зарар аз тарафи суғуртакунанда пурра муқаррар мегарданд, сурат мегирад.

Агар амвол ба арзиши нопурра суғурта шуда бошад ё дар лаҳзаи сар задании ҳодисаи суғуртавӣ маълум шавад, ки маблағи суғурта аз рӯи шартнома камтар аз арзиши аслии амволи зарардида муқаррар гардидааст, он гоҳ ҳаҷми пардохти суғуртавӣ ба ҳиссае кам карда мешавад, ки он ба нисбати маблағи суғуртавӣ бар арзиши ҳақиқии амвол муттаносиб аст. ки дар он ТС ‟ подоши пардохтшавандаи суғуртавӣ, С ‟ маблағи суғурта аз рӯи шартнома, ААА ‟ арзиши воқии амвол, ФУ ‟ арзиши воқеии амволи талофишаванда, Ф ‟ франшиза (агар вуҷуд надошта бошад – ба сифр баробар аст.

Шартномаҳои суғуртаи амволӣ дар асоси аризаи хаттии суғуртакунанда баста мешаванд, ки дар он ӯ бояд феҳристи амвол ва ҳодисаҳои суғуртавӣ, маҷмӯи маблағи суғуртаро нишон диҳад, инчунин, агар аз ҷониби суғуртакунанда савол гузошта шуда бошад, пас ба ҳамаи он саволҳо ҷавоб диҳад.

Шартномаи суғурта аз таърихи дар полис зикр гардиданаш имзошуда шуморида шуда, аз лаҳзаи ба ҳисоби суғуртакунанда гузаронидани пардохт эътибор пайдо мекунад, агар дар полиси суғуртавӣ чизи дигаре қайд нашуда бошад.

Шартномаи басташуда бо полиси дахлдор ба расмият дароварда шуда, дар мӯҳлатҳои зерин ба суғуртакунанда дода мешавад:

  • ҳангоми ба шакли ғайринақдӣ пардохтани суғуртапулӣ ‟ дар мӯҳлати 5 ‟ рӯза – аз рӯзи ба ҳисоби суғуртакуанда ворид шудани суғуртапулӣ;
  • ҳангоми пардохти нақдӣ ‟ бевосита баъди прадохти суғуртапулӣ.

Суғурта аз рӯи шартнома дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

  • вобаста ба тамомшаваии мӯҳлати амали шартнома дар соати 00-и рӯзи санаи имзои полис баъди он моҳҳое ё солҳое, ки барои онҳо шартнома баста шуда буд, ё санаи махсуси дар полис нишондодашудаи мӯҳлати шартнома;
  • дар соати 00-и рӯзи ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ, ки боиси пардохти пурраи маблағи суғурта гардидааст;
  • дар соати 00-и рӯзи арзи суғуртакунанда дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ шудани шартномаи суғурта;
  • аз рӯзи талаби суғуртакунада ҳангоми афзудани дараҷаи таъмини суғуртавӣ, агар суғурташаванда аз нав бастани шартномаро бо шартҳои ба хатари нав мутобиқ рад кунад.

Сабабҳои дигари қатъ гардидани шартнома низ ҷой дошта метавонанд.

Агар аз ҷониби суғурташаванда сабабҳои қатъи шартнома бартараф карда шуда бошанд, пас шартномаи суғуртавӣ бо аризаи суғурташаванда барқарор карда, ё ба мӯҳлати нав баста мешавад.

Дар ҳолати қатъ гардидани суғурта дар асоси аризаи суғурташаванда оид ба пеш аз мӯҳлат қатъ шудани шартномаи суғуртавӣ ва нишон додани сабабҳои рад кардани аз нав бастани шартнома вобаста ба афзудани дараҷаи хатари таъмини суғуртавӣ, суғуртакунанда қисме аз суғуртапулиро муттаносибан ба давраи таъмини суғурта дар худ нигоҳ медорад.

Тамоми баҳсҳо миёни суғурташаванда ва суғуртакуанда оид ба шартномаи суғурта бо мувофиқаи тарафайн ё бо тартиби судӣ дар маҳалли дода шудани полиси суғурта, баррасӣ мешаванд.

Дар айни замон суғуртакунанадагони Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини суғуртаи амволро мегузаронанд:

  • суғуртаи амволи корхонаҳо – шахсони ҳуқуқӣ;
  • суғуртаи амволи корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);
  • суғуртаи борҳои нақлиёт;
  • суғуртаи воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон;
  • суғуртаи биноҳои шаҳрвандон;
  • суғуртаи амволи хона ва амволи зист;
  • суғуртаи фаъолияти меҳнати инфиродӣ ва ғайра.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.