Баррасии даъвоҳо
10.1. Тартиб ва шартҳои пардохти суғуртавӣ
Даъвоҳо барои ҷуброни зарар ин натиҷаи воқеии эҳсосшавандаи суғурта мебошанд. Мо дар бораи оромии рӯҳӣ, амният, аз ғаму андӯҳ озод будан бисёр сухан рондем, аммо аксарияти одамон ба самаранокии суғурта аз рӯи он баҳо медиҳанд, ки идоракунӣ ва ҷуброни даъвоҳо чӣ тавр амалӣ мегарданд. Худи расмиёти идоракунии даъвоҳо аз намуди ҷуброни суғуртавӣ, аз
ҳаҷми даъвоҳо ва аз он вобаста аст, ки он бо кадом намуди суғурта — бо суғуртаи инфиродӣ, суғуртаи коллективӣ ё суғуртаи амволи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, алоқаманд аст.
Нахустин чизе, ки қайд кардан зарур аст, ин вазифаи суғурташуда будани огоҳонидан аз даъвоҳо мебошад. Минбаъд мо мебинем, ки суғурташуда вазифаҳои дигар низ дорад, аммо нахустин коре, ки бояд иҷро намояд, ин дар сурати рӯй додани ҳолати суғуртавӣ пешниҳод кардани даъво мебошад. Ширкати суғурта дар бораи даъвоҳо зуд огоҳ намуданро талаб мекунад ва, одатан, дар шартномаи суғурта ҳудуди вақтиро, ки дар давоми он бояд даъвоҳо пешниҳод гарданд, муқаррар менамояд.
Суғурташуда дар бораи даъвоҳо ба ширкати суғурта тавассути шакли огоҳинома оид ба даъвоҳо ё дар мавриди суғуртаи автомобилӣ, тавассути шакли огоҳинома оид ба ҳодисаи суғуртавӣ, хабар медиҳад.
Шакли огоҳинома оид ба даъвоҳо на ҳамеша истифода бурда мешавад, гарчанде, ки он тарзи асосии дар бораи даъвоҳо огоҳнома гирифтани ташкилотҳои суғурта мебошад. Дар ҳамаи ҳолатҳо, баъди гирифтани огоҳнома, ширкати суғуртавӣ амволи суғурташударо аз назар гузаронда, ҳаҷми зарарро муайян менамояд ва баъзан барои ин амал мутахассисони дахлдорро ҷалб мекунад.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи гуфтаҳои боло ба намудҳои умумии суғурта дахл доранд. Қоидаҳои огоҳкунӣ ва назорат аз болои даъвоҳо ҳангоми суғуртаи ҳаёт фарқ мекунанд.
Сабабаш дар он аст, ки ҳангоми суғуртаи ҳаёт барои пешниҳоди даъвоҳо ба охир расидани мӯҳлати суғурта, вафоти шахси суғурташуда, захмишавӣ дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ метавонанд ҳамчун асос хизмат кунанд.
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо суғурташуда ба ширкати суғурта ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод менамояд (шаҳодатномаи фавт, тасдиқномаи муассисаи табобатӣ оид ба захмдоршавӣ ва ғ.).
Ширкати суғурта, ҳангоми вафоти суғурташаванда ё суғурташуда бояд барои тасдиқи ҳаққонӣ будани вафот механизми таъсирноке дошта бошад, то ки гирандагони қонунии ҷубронро аз рӯи даъвоҳо бо назардошти иродаи суғурташаванда ё суғурташуда дуруст муайян кунад.
10. 2. Коркарди даъвоҳо
Даъвоҳоро оид ба суғурта ҳамон ширкати суғуртавие, ки суғурташуда бо он шартномаи суғурта бастааст, баррасӣ менамояд.
Ба аксари даъвоҳо шӯъбаи махсуси ширкати суғурта назорат мекунад. Исбот кардани зарар дидани он, аз хатари дар шартномаи суғурта ба назар гирифташуда ба зиммаи суғурташаванда меафтад, ки дар аксар ҳолатҳо варақаи даъвоҳоро пур мекунад. Суғурташуда инчунин бояд ҳаҷми зарарро исбот кунад (ба истинои ҳодисаҳое, ки бо суғуртаи ҳаёт, суғурта аз ҳодисаҳои фоҷиавӣ ва масъулият вобастаанд). Вай дар бораи талаф ё зарари объекти суғуртакунӣ, арзиши онро тасдиқ накарда, даъво пешниҳод карда наметавонад. Инро тавассути квитансияҳои харид, баҳодиҳӣ ё ҳисоби таъмир метавон иҷро кард. Моҳияти масъала дар он аст, ки ширкати суғуртавӣ бояд аз маблағи зарар зиёдтар пардохт кунад.
Ширкати суғуртавӣ бояд боварӣ ҳосил кунад, ки:
- шартнома дар вақти расондани зарар эътибор дошт;
- шахси даъво пешниҳодкарда дар ҳақиқат суғурташуда мебошад;
- хатари мазкур суғурта шуда буд;
- суғурташуда барои камтар шудани талоф иқдоми оқилона намуд;
- ҳамаи шартҳо риоя карда шудаанд;
- нисбати ин ҳодиса ягон хел истисноро татбиқ кардан мумкин нест;
- ҳаҷми зарар дуруст муайян карда шудааст;
- маълумотномаҳои мақомоти дахлдор, ки ҳодисаи суғуртавиро тасдиқ мекунанд, мавҷуданд (сӯхтор, дуздӣ, мошиндуздӣ ва ғ.)
Ҳамаи ин метавонад ҳаҷми калони корҳоро талаб намояд, бинобар ин, шӯъбаҳои ширкатҳои суғурта оид ба баррасии даъвоҳо дар аксар маврид яке аз серкортарин шӯъбаҳо ба ҳисоб мераванд. Ба онҳо лозим меояд, ки самаранокии корро бо тезкорӣ пайваста, дар бораи
хизматрасонӣ ба суғурташаванда бештар таассурот бахшанд (то андозае, ки ин имконпазир аст) ва фонди умумиро аз даъвоҳои зиёдатӣ ва беинсофона ҳимоя кунанд. Кори назорат ба даъвоҳо дар соҳаи суғуртавӣ яке аз корҳои ҷиддитарин ва шавқовартарин мебошад.
10.3. Қонеъ кардани даъвоҳо
Баъди ба ширкати суғурта дар бораи даъвоҳо хабар расидан, тарафҳо ӯҳдадориҳои худро иҷро намуда, ба марҳилаи охирини кор — пардохти ҷуброн аз рӯи даъвоҳо шуруъ мекунанд. Маблағе, ки бояд пардохта шавад, аз бисёр омилҳо, ба монанди намуди суғурта, кифоягии пардохт ва татбиқи шартҳое, ки ин маблағро ба меъёр медароранд, вобаста мебошад.
Назар ба дигар намудҳои суғурта, муайян кардани маблағи пардохтшаванда аз рӯи суғуртаи ҳаёт — осонтар аст. Дар шартномаи суғурта, одатан маблағи устувори суғуртавӣ зикр меёбад ва ҳам ширкати суғурта, ҳам суғурташуда аниқ медонанд, ки дар чунин мавридҳо чӣ қадар маблағ пардохта мешавад.
Албатта, вобаста ба шароитҳои мушаххас душвориҳо пеш омада метавонанд, аммо умуман, одатан, маблағи пардохтшавандаи ҷуброн дар шартномаи суғурта нишон дода мешавад ва ҳангоми пешниҳоди даъво мавриди муҳокима қарор намегирад, зеро он то лаҳзаи пешниҳоди даъво муайян карда шудааст. Аммо ҳангоми муайян кардани ҳаҷми маблағи суғуртавӣ, дар ҳолати зарб ёфтани суғуртакунонанда ё суғурташуда, ширкати суғурта барои ҷуброни ҷароҳат ҷадвали ҳаҷми маблағи суғуртавиро истифода мебарад ва пардохтро мутобиқи ин ҷадвал вобаста аз дараҷаи захми бардошташуда анҷом медиҳад.
Ин қоида ҳангоми суғуртаи корхона аз сӯхтор ба таври дигар сурат мегирад. Дар шартномаи суғурта инчунин маблағи суғуртавӣ низ нишон дода мешавад, вале он фақат ҳудуди масъулияти ширкати суғуртавӣ мебошад, на маблағе, ки ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ бояд пардохт карда шавад. Ҳаҷми воқеии даъво аз ҳаҷми зарар ё осебёбӣ ва намуди пардохти суғуртавӣ дар ҳолати мушаххас вобаста аст. Дар суғуртаи амвол ду намуди суғурта буда метавонад: аз рӯи принсипи ҷубронкунӣ ё барқарорсозӣ.
Ҷубронкунӣ, чун яке аз доктринаҳои асосии суғурта, мухтасаран нишон дода шуд, ки мувофиқи он суғурташуда баъди ҷуброни зарар бояд дар ҳамон вазъияте, ки шабеҳ ба вазъияти то фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ буд, қарор гирад. Ин намуд ба суғуртаи ҳаёт ва суғурта аз фалокатҳо татбиқ намегардад, зеро арзиши ҳаёти инсонӣ ё узвҳои ӯро муайян кардан имконнопазир мебошад. Барои мисол аз сӯхтор суғурта намудани фабрикаро мегирем, ки дар он ҳаҷми зарар муқаррар карда мешавад. Дастгоҳе, ки 5 сол пеш ба 50000 сомонӣ харида шуда, 5 сол кор кардааст, табиист, ки акнун 50000 сомонӣ қимат надорад ва ин маблағро чун ҳаҷми зарар қабул кардан мумкин нест, бинобар ин ба суғурташуда муҳайё намудани он вазъи молиявие, ки ӯ то сӯхтор дошт, душвор аст. Дар ҳолати пурра нобуд шудани дастгоҳ ҳаҷми ҷуброн чунин ҳисоб карда мешавад: арзиши ивази дастгоҳ тарҳи маблағи фарсудашавӣ (ҷисман ва маънавӣ). Дар сурати қисман зарар дидан: арзиши таъмир тарҳи маблағи фарсудашавӣ.
Фарз мекунем, ки мӯҳлати дар назар дошташудаи хизмати дастгоҳи мазкур 10 сол аст. Нисфи ин мӯҳлат аллакай гузаштааст ва ин омил фарсудашавии ҷисмонию маънавии онро муайян менамояд. Ҳоло арзиши ивази дастгоҳи мазкур 90 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҷуброн — нисфи арзиши ивазкунӣ — 45 000 сомониро ташкил мекунад. Ҳаҷми пардохт маҳз ҳамин маблағро ташкил медиҳад. Ба он диққат бояд дод, ки ҳаҷми ҷуброн аз дараҷаи фарсудашавӣ ва арзиши ивазкунӣ вобаста аст. Азбаски арзиши ивазкунӣ ҳар сол меафзояд, маблағи пардохтшаванда ҳам меафзояд. Ин тарзи ҳисобу китоб кори зиёдеро тақозо менамояд ва ҳам барои ширкати суғурта, ҳам барои суғуртакунонанда метавонад мушкилотро ба вуҷуд оварад.
Ҳангоми суғуртакунӣ аз рӯи усули барқарорсозӣ ба суғурташуда арзиши барқарорсозии объект пардохт карда мешавад. Ин намуди суғурта «ба ҷои кӯҳна нав»- ро таъмин менамояд ва бисёр суғуртакунандагони амволи хона ин ибораро барои рекламаҳояшон истифода мебаранд. Дар чунин ҳолат, ҳангоми суғуртакунӣ аз рӯи принсипи ҷуброн, пешгирӣ кардани бисёр душвориҳо имконпазир мегардад. Ба мисоли пештараи дастгоҳ рӯ меорем. Ба ширкати суғурта лозим аст ҳаҷми маблағи пардохтшавандаро ҳисоб кунад, ки он дар ҳаҷми арзиши барқарорсозӣ муайян карда мешавад. Мо медонем, ки он ба 90 000 сомонӣ баробар аст, аммо ҳодисаи суғуртавие, ки боиси зарар мегардад, метавонад то рӯзи охирини соли суғурта рӯй надиҳад. Суғуртакунандаро зарур аст, ки дар вақти барқарорсозӣ арзиши барқарорсозиро ҳисоб кунад, аммо он метавонад назар ба арзиши ивазкунӣ дар ин рӯз зиёдтар бошад. Инчунин фармоиш барои харидани дастгоҳҳои чунин навъ метавонад ба таъхир монад. Ҳамаи ин омилҳоро дар назар доштан лозим аст.
Дар мавриди суғуртаи масъулият истифодаи принсипи ҷуброн осон аст. Шартномаи суғуртавӣ ба суғуртакунанда, мутобиқи масъулияти қонунии ӯ оид ба додани зарари расондашуда, пардохти ҷубронро таъмин менамояд. Шартнома маблағро муайян намекунад. Дар бисёр ҳолатҳо ин вазифаи арбитрҳо ё судҳо мебошад, аммо дар он усули ҳисоб кардани ҳаҷми ҷуброн нишон дода шудааст. Душвориҳо дар он ҳолат пайдо мешаванд, ки агар масъала дар суд ҳаллу фасл карда нашавад.
10.4. Кифоягии пардохти суғуртавӣ
Қаблтар мо қайд кардем, ки маблағи аз рӯи даъвоҳо пардохтшаванда аз омилҳои гуногун ‟ намуди суғурта, кифоягии пардохт ва истифодаи шартҳои меъёрӣ вобаста аст. Мо ҳолати аз намуди суғурта вобаста буданро дида баромадем, акнун ба ду омили дигар мегузарем.
Маблағе, ки суғуртакунанда мепардозад — бо маблағи суғуртавӣ дар ҳолатҳои суғуртаи амволӣ ва меъёри ҷуброн — дар ҳолати суғуртаи масъулият, маҳдуд карда мешавад.
Барои мисол суғуртаи амволро мегирем. Фарз кардем, ки дастгоҳ аз рӯи принсипи ҷуброн ба маблағи 75 000 сомонӣ суғурта карда шудааст ва баъди пурра вайрон шудани он арзиши ҷуброн бо тарҳи фарсудашавӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ, қимат пайдо кардааст. Дар ин ҷо суғуртаи нопурраи вай аён аст ва суғурташуда ба гирифтани 100 000 сомонӣ умед баста наметавонад, зеро он фақат ба 75 000 сомонӣ суғурта шудааст, ки ин танҳо 75 фоизи маблағи воқеиро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ маблағи бештарине, ки суғурташуда метавонад ба даст орад, ин 5 фоизи ҳаҷми зарар мебошад, ки онро дар ин ҳолат маблағи суғуртавӣ муайян менамояд.
Ҷуброн, ҳангоми қисман зарар расонидан, масалан дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ, бо истифодаи ҳамон принсип бояд мутаносибан бар ҳаҷми фарқи маблағи суғурташуда аз ҳаҷми воқеии хатар кам карда шавад. Ба истифодаи 75 фоиз, аз мисоли боло, муайян мекунем, ки суғурташаванда соҳиби фақат 15 000 сомонӣ мегардад. Ин — тарзи ҳисобкунии мутаносиби зарар номида мешавад.
Ҳангоми суғуртаи масъулият кифоягии пардохт бо меъёри масъулият муайян карда мешавад. Ҳаҷми талафоти имконпазир ҳангоми бастани шартномаи суғурта муайян карда намешавад ва суғуртакунонанда танҳо вақте зарар мебинад, ки агар қарори суд оид ба ҷуброни зарар аз ин меъёр зиёд бошад. Дар баъзе шартномаҳо меъёри кулл муайян карда мешавад, яъне меъёри болоии тамоми ҳаҷми ҷуброни суғуртавӣ дар як сол нишон дода мешавад. Дар чунин ҳолат суғуртакунонанда зарар дида метавонад, агар якчанд даъво пешниҳод шуда, маблағи онҳо аз меъёр зиёд бошад.
Аз маблағи пардохтшаванда мумкин аст франшиза тарҳ карда шавад. Франшиза, масалан, аксар ҳангоми суғуртаи автомобилҳои шахсӣ татбиқ карда мешавад. Суғуртакунонанда розӣ мешавад, ки барои зарари дар натиҷаи садама ба автомобил расондашуда аввалин 100 сомониро пардохт намояд. Дар супоридани мукофоти суғуртавӣ ба ӯ таҳфиф дода мешавад ва агар банохост дар натиҷаи садама зарар ба амал ояд, суғуртакунанда аввалин 100 сомонии даъворо мепӯшонад.
Ҳангоми суғуртаи ширкатҳо ҳаҷми франшиза аксар вақт калон мебошад, бинобар ин истифодаи истилоҳи «тахфиф» ‟ ро афзалтар медонанд. Дар фақти суғурта аз сӯхтор тахфиф дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ муқаррар шуда метавонад. Ин чунин маънӣ дорад, ки аввалин 25 000 сомонии ҳар кадом даъво аз ҷониби суғуртакунанда пӯшонда мешавад. Ин ба
суғуртакунонанда муфид аст, зеро дар ин ҳолат, ҳангоми бастани шартномаи суғурта, ӯ қисми хеле ками ҳаққи суғуртаро месупорад.
10.5. Танзими ихтилофҳо
Аксарияти даъвоҳо зуд қонеъ гардонда мешаванд ва ҳам суғуртакунанда, ҳам суғуртакунонанда қаноатманд мегарданд. Аммо мутаассифона, ҳанӯз қисми хурди ҳолатҳое боқӣ мемонанд, ки доир ба онҳо баҳсҳо ва ихтилофот пайдо шуда, барои тамоми кори суғурта ҳамчун амали зиддирекламавӣ хизмат мекунанд.
Баҳсу ихтилофҳо оид ба масъалаҳои гуногун — асосан оид ба ӯҳдадории суғуртакунанда барои пардохт аз рӯи даъвоҳо, ҳаҷми пардохт ё мӯҳлати қонеъ гардондани даъвоҳо, пайдо мешаванд.
Ҳангоми пайдо шудани ихтилофҳо дар байни суғуртакунонанда ва суғуртакунанда, суғуртакунонанда ба суд муроҷиат карда метавонад.
Одатан дар шартномаҳои суғурта роҳи ҳалли ихтилофҳо оид ба ҳаҷми маблағи пардохтшаванда ва ӯҳдадориҳои тарафайн эзоҳ нишон дода мешавад.
Дар шартномаҳо эзоҳ ҷой дорад ва дар он нишон дода мешавад, ки ҳангоми пайдоиши ихтилофҳо суғуртакунонанда ба суд муроҷиат карда метавонад. Қарори суд, албатта бо риояи қоидаҳои амалкунандаи судӣ (бо ҳуқуқи додани шикояти кассатсионӣ ё назоратӣ ва ғ.), барои ҳар ду тараф ҳатмӣ мебошад (дар акси ҳол муроҷиат ба суд маъние намедошт).