Қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанада
11.1. Мафҳуми қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанада
Қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанада маънои қобилияти бешубҳаи ӯро барои иҷро кардани ӯҳдадориҳо оид ба пардохти маблағи суғуртавӣ, ё ба ҷуброни суғуртавӣ ба
суғурташаванда ё шахси суғурташуда аз рӯи шартномаи суғуртаро дорад. Маҳз қобилияти
пардохтпазирии ширкати суғуртавӣ объекти асосии Назорати давлатии суғуртавӣ аз болои фаъолияти суғуртавӣ мебошад. Чунин назорат бо роҳи тафтиши ҳисоботи молиявӣ ва риояи нишондиҳандаҳои муқарраргардида, ки устувории молиявии суғуртакунандаро ифода менамояд, таъмин карда мешавад.
Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи суғурта» кафолати устувории молиявӣ ва қобилияти пардохтпазирии суғуртакунандагон инҳо мебошанд:
- фонди пардохтшудаи оинномавӣ на камтар аз ҳаҷми муқарраркардаи қонунгузорӣ;
- захираҳои суғуртавии бо тартиби муқарраргардида ҳисоб кардашуда, ки пардохтҳои суғуртавиро кафолат медиҳанд;
- низоми аз нав суғуртакунӣ;
- риояи таносуби меъёрии байни дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, ки дар суғуртакунанда мавҷуд будани маблағҳои худии аз ҳар гуна ӯҳдадориҳо озодро инъикос менамояд.
Қобилияти пардохткунии суғуртакунанадаро оид ба кафолатҳои дар боло зикрёфта мухтасар шарҳ медиҳем.
Ҳаҷми кофии сармояи оинномавӣ ё фонд иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунандаро дар давраи ибтидоии фаъолияти он кафолат медиҳад, зеро ворид шудани ҳаққи суғурта дар ин давра зиёд набуда, сармояи оинномавӣ кафолати ягонаи қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанда мебошад. Бинобарин ҳаҷми ақали сармояи оинномавиро, ки дар оғози фаъолияти суғуртакунанда зарур аст, қонунгузорӣ муқаррар мекунад. Аммо бештари фонди оинномавии зиёди пардохтшуда барои ширкатҳои амалкунандаи суғуртавӣ низ муҳим аст, зеро вай имкон медиҳад дар ҳолатҳои зарурӣ соҳаи фаъолият васеъ карда шуда, нақши захираи устуворсозӣ иҷро карда шавад.
Захираҳои суғуртавӣ ҳаҷми ӯҳдадориҳои дар ҳамин лаҳза иҷронашудаи суғуртакунандаро оид ба пардохтҳои суғуртавӣ инъикос менамоянд. Яъне, инҳо фондҳое мебошанд, ки суғуртакунанда барои таъмини кафолатҳои пардохти ҷуброни суғуртавӣ ва маблағҳои суғуртавӣ ташкил менамояд. Агар маблағи пардохт ба суғурташавандагон дар давраи муайяни мазкур аз вориди ҷории пардохтҳои суғуртавӣ зиёд бошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешакӣ паймоншуда, зарарҳои суғуртавӣ истифода бурда мешаванд.
Ба зихираҳои суғуртавӣ, аз ҷумла, захираҳои ҳаққи суғурта оид ба суғуртаи ҳаёт, нафақа, фондҳои гуногуни захиравӣ оид ба намудҳои хафноки суғурта, фондҳои пардохти оянда ва зарарҳои пардохтнашуда, захираҳои зарарҳои баамаломада, аммо даъвоношуда в.ғ. дохил мешаванд. Маблағҳои озоди захираҳо барои сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок, бонкҳо, саҳмияҳо ва облигатсияҳои корхонаҳо ва ғ. истифода бурда мешаванд, ки ин ба суғуртакунанда даромади иловагӣ меорад.
Системаи аз нав суғуртакунӣ ‟ ин системаи муносибатҳои иқтисодӣ буда, мутобиқи он суғуртакунанда хатарҳоро барои суғурта қабул намуда, як қисми масъулиятро оид ба онҳо (бо назоратдошти имкониятҳои молиявӣ) дар асоси шартҳои мувофиқашуда ба мақсади ҳаддалимкон барпо кардани бастаи (портфели) мутавозини суғурта, таъмини устувории молиявӣ ва даромаднокии амалиёти суғуртавӣ, ба суғуртакунандагони дигар месупорад.
Риояи таносуби меъёрии (нормативии) байни дороиҳо (активҳо) ва ӯҳдадориҳои қабулшударо. Идораи назорати давлатии суғуртавӣ муқаррар менамояд, ки дар он барои таъмини қобилияти пардохтпазирӣ ҳаҷми дороиҳои озоди суғуртакунанда, ки чун фарқияти байни маблағи умумии дороиҳо ва маблағи ӯҳдадории он ҳисоб карда шудааст, бояд ба ҳаҷми меъёрӣ мувофиқат намояд, яъне бояд низоми зерин риоя карда шавад:
А-О ≥ М,
ки дар ин ҷо:
А — ҳаҷми воқеии дороиҳои суғуртакунанда;
О — ҳаҷми воқеии ӯҳдадории суғуртакунанда;
М — ҳаҷми меъёрии (яъне ақали имконпазири) афзоиши дороиҳои суғуртакунанада нисбат ба ӯҳдадориҳои вай.
Таҳти мафҳуми дороиҳо амволи суғуртакунанда дар намуди воситаҳои асосӣ — масолеҳ, маблағҳои пулӣ, инчунин воситаҳои молиявии гузошташуда фаҳмида мешавад.
Барои таъмини қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанда инчунин риояи меъёрҳои ҳадди аксари масъулият оид ба суғуртаи хатари алоҳида зарур мебошад. Мутобиқи шартҳои
иҷозатномаи фаъолияти суғуртавӣ масъулияти ҳадди аксар оид ба хатари алоҳидаи суғуртаи ҳаёт, суғурта аз фалокатҳо ва беморӣ, суғуртаи тиббӣ ва суғуртаи масъулияти соҳибони
воситаҳои нақлиёт аз 10 фоизи маблағҳои худии суғуртакунанда набояд зиёд бошад. Дар
намудҳои боқимондаи суғурта масъулияти ҳадди аксар оид ба панҷ хатари калонтарини бастаи (портфели) суғуртавӣ аз ҳаҷми дукаратаи маблағҳои худӣ набояд зиёд бошад.
11.2. Асосҳои иқтисодии фаъолияти ширкати суғуртавӣ
Қобилияти пардохтпазирии ширкати суғуртавӣ бештар аз фаъолияти иқтисодии дуруст ба роҳ мондашуда вобаста аст. Дар шароити бозоргонӣ фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ ба ду намуд — суғуртавӣ ва тиҷоратӣ тақсим мешавад.
Мақсади фаъолияти суғуртавии суғуртакунанда ин таъмин кардани ҳимояи суғуртавии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба он эҳтиёҷманд мебошад.
Мақсади фаъолияти тиҷоратии суғуртакунанда ба даст овардани фоида аст. Фаъолияти суғуртавӣ низ метавонад гоҳо фоидаи хеле калон оварад, аммо ба даст овардани он дар
ташкили фаъолияти суғуртавӣ мақсади асосӣ намебошад. Самаранокии ҷамъиятии фаъолияти суғуртакунанда, ҳам дар сурати фоидаи кам ва ҳам дар набудани он, мумкин аст хеле баланд арзёбӣ шавад.
Фоидаи дар солҳои мусоид аз фаъолияти суғуртавӣ ба дастомада, одатан, барои эҳтиёҷи суғурта истифода бурда мешавад: пардохти зарари дар солҳои номусоид баамаломада; дотатсия ба намудҳои зараровар, вале ба ҷамъият зарури суғурта; аз нав таёр кардани кадрҳо ва ғ.
Фоидаи фаъолияти тиҷоратӣ аз рӯи қоидаҳои тиҷорат харҷ мешавад, гарчанде, ки дар шароити рақобат як қисми он барои нигоҳдории қобилияти рақобатпазирии нарх ва ҷалб кардани суғурташавандагон равона карда мешавад.
Дар натиҷаи ҳамин гирдгардиши маблағи суғуртакунанда ду ҷараёни пулии бо ҳам зич алоқаманд, вале тақсимшударо дар бар мегирад: яке аз онҳо — ташаккулёбӣ, тақсим ва
истифодаи фонди суғуртавӣ, дуюмаш — истифодаи як қисми маблағи фонди суғуртавиро барои
фаъолияти тиҷоратӣ таъмин менамояд. Бо вуҷуди гуногунии равия, онҳо бо ҳам зич алоқаманд мебошанд; масалан, фоидаи аз фаъолияти тиҷоратӣ дар назар дошташуда, мумкин аст, пешакӣ, ҳангоми муайян кардани тарифи нархи хизмати суғуртавӣ, ба назар гирифта шуда, бо ҳамин ба воридшавии маблағ ба фонди суғуртавӣ таъсири назаррас расонад.
Фаъолияти суғуртавӣ ‟ ташкилёбӣ ва истифодаи фонди суғуртавӣ — асоси молиявии фаъолияти суғуртакунада мебошад. Мафҳуми фаъолияти суғуртавӣ назар ба гирифтани пардохтҳои суғуртавӣ ва пардохти ҷуброни суғуртавӣ васеътар аст, зеро ба он инчунин ташкили кори суғурта (музди меҳнати кормандони ширкати суғурта, маркетинг ва ғ.) дохил мешавад.
Азбаски гардиши пулии вобаста ба фаъолияти суғуртавӣ дар навбати худ ба ду тақсим мешавад — гардиши маблағи бевосита ба ҳимояи суғуртавӣ ва лаҳзаҳои моҳиятан
танзимшавандаи категорияи суғурта вобаста ва ба гардиши маблағи ба ташкили суғурта
алоқаманд — он бо санадҳои ҳуқуқӣ, шакли моликияти суғуртакунанда, модели қабулшудаи хоҷагидорӣ ва дигар омилҳои иқтисодӣ танзим карда мешавад.
Дар ҷараёни бунёд ва тақсими фонди суғурта даромад, хароҷот ва натиҷаҳои молиявии амалиёти суғуртавӣ ташаккул меёбанд.
Даромади фаъолияти суғуртавӣ ин воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ ва суғуртапулӣ аз намудҳои гуногуни суғурта мебошад. Пардохтҳои суғуртавӣ фонди воридоти ҷориро ташккул намуда, якҷоя бо даромади фаъолияти ғайрисуғуртавӣ даромади умумии суғуртакунандаро
таъмин мекунанд. Дар таркиби даромадҳои ширкати суғуртавӣ инчунин воридот аз фондҳои захиравӣ ва эҳтиётӣ низ ба ҳисоб гирифта мешаванд, вале онҳо ба маънии том даромад
намебошанд. Воридоти мазкур хусусияти танзимкунанда доранд ва танҳо ҳамон вақт сурат мегиранд, ки агар барои маблағгузории хароҷот пардохтҳои ҷорӣ кифоя набошанд.
Фонди воридоти ҷорӣ оид ба ҳамаи намудҳои суғурта, ки суғуртакунанда мегузаронад, метавонад ягона бошад, вале агар ин аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ бошад, метавонад оид ба ҳар намуди суғурта ё якчанд намуди онҳо ташаккул ёбад.
Пардохти суғуртавӣ, чун манбаи асосии даромади суғуртакунанда, дар асоси тарифи суғуртавӣ (меъёри тарифӣ) муайян карда мешавад. Асоси объктивии меъёри тарифӣ арзиши аслии хизмати суғуртавӣ мебошад, ки талаботро ба воситаҳои барои ташаккули фонди суғуртавӣ ва бурдани кор зарур, инъикос менамояд.
Дар шароити бозор ба тарифи суғуртавӣ вазъи бозор ва меъёри ташаккулёфтаи фоида, аз ҷумла қарзи бонк, таъсири калон мерасонанд. Қарзи бонк ба фурӯши хизмати суғуртавӣ, интихоби стратегияи мубориза бо хатар аз ҷониби суғурташаванда таъсири бевосита
мерасонад: суғурташаванда намуди камхарҷи ҳимояро интихоб намуда, метавонад на ба суғуртакунанда, балки ба банк барои қарз муроҷиат намояд ё барои ҳимояи худ дар банк пул ҷамъ кунад.
Суғуртакунанда маблағи дар шакли пардохт то лаҳзаи додани маблағи суғурта ба дастовардаашро ба мақсади фаъолияти тиҷоратӣ истифода мебарад ва барои ин мутобиқан ҳамчун фоиз даромад мегирад.
Вобаста ба ин, меъёри тарифӣ, бо назардошти ба ном меъёри даромаднокӣ, пешакӣ кам карда мешавад. Ҳангоми мӯҳлати дарози суғурта ва ӯҳдабароёна гузоштани маблағ,
баҳисобгирии меъёри даромаднокӣ ба суғуртакунанда имкон медиҳад, ки тарифи суғуртавиро ба андозаи назаррас паст фарорад, ки ин мавқеи ӯро дар шароити рақобат мустаҳкам месозад.
Зарурати баҳисобгирии ҳолати тағйирёбандаи хатарӣ ва таъсири вазъи бозор усулҳои ҳисобу китоби тарифҳои суғуртавиро хеле душвор мегардонад, ки ин ҳисобу китоби ба ном актуариро ба яке аз бахшҳои душвортарини фаъолияти суғуртавӣ табдил медиҳад.
Хароҷоти суғуртакунанда дар раванди тақсими фоди суғуртавӣ таъмин карда мешавад. Таркиб ва сохтори хароҷот ду раванди ба ҳам алоқаманди иқтисодиро муайян мекунанд: адо кардани ӯҳдадорӣ дар назди суғурташуда ва ба маблағ таъмин намудани фаъолияти ширкати суғуртавӣ.
Хароҷотҳоро аз рӯи аломатҳои иқтисодӣ чунин тафриқабандӣ менамоянд: хароҷоти пардохти ҷуброни суғуртавӣ ва маблағҳои суғуртавӣ; ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравӣ ва захираи ҳаққи суғурта; ҳиссаҷудокунӣ барои чорабиниҳои пешгирикунанда; хароҷот барои бурдани кор.
Бо вазни қиёсӣ ва аҳамиятнокӣ дар ташкили кори суғурта моддаи асосии хароҷоти суғуртакунанда пардохти маблағҳои суғуртавӣ ва ҷуброн мебошад.
Вобаста ба хусусияти тасодуфии ҳодисаҳои суғуртавӣ, аз ҷониби суғуртакунанда ҷамъ кардани маблағ дар давраи мусоид барои ба суғурташудагони зарардида дар давраи номусоид расондани кӯмак дар назар дошта мешавад.
Мақсади ташаккул додани фондҳои захиравӣ таъмини устувории молиявии амалиёти суғуртавӣ мебошад, манбаи ташаккулдиҳӣ бошад, қисми истифоданашудаи меъёри холис оид ба пардохтҳои воридшуда мебошад, зеро барои пардохти маблағи суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ маҳз меъёри холис таъин шудааст. Боқияи пардохтҳои меъёри холиси аз рӯи
таъиноти бевосита дар соли ҷорӣ харҷнашуда, сол ба сол, то лаҳзаи фаро расидани соли номусоид, ки дар он, барои иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда дар назди суғурташуда маблағи пардохти ҷорӣ кифоя намекунад, ҷамъ мешавад.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми зарурии фондҳои захиравӣ аз рӯи талаботи таъмини устувории молиявии фаъолияти суғуртавӣ ва дараҷаи инкишофи азнавсуғуртакунӣ муайян карда мешавад.
Ҳар қадаре, ки азнавсуғуртакунӣ инкишоф ёфта бошад, ҳамон қадар имконияти бо фонди камтари захиравӣ устувории молиявии амалиёти суғуртавиро таъмин кардан пайдо мешавад.
Фондҳои захиравӣ метавонанд, дар маҷмӯъ, оид ба ҳамаи намудҳои суғурта, ё ҳар кадом намуди суғурта дар алоҳидагӣ, ташаккул ёбанд, инчунин агар суғуртакунанда ба мақсад мувофиқ шуморад, барпо кардани фондҳои умумии захиравӣ барои якчанд намудҳои суғурта имконпазир аст.
Фонди ягонаи захиравӣ ба суғуртакунанда имкон медиҳад, ки маблағро моҳирона ба кор бурда, тақсими зарарро дар байни намудҳои суғурта истифода кунад. Мавҷудияти фондҳои захиравӣ оид ба ҳар намуди суғурта, баръакс, аз нав тақсим кардани маблағро дар байни
гурӯҳҳои гуногуни суғурташавандагон пешгирӣ менамояд. Одатан дар амалия варианти сеюм
истифода карда мешавад, яъне оид ба якчанд намуди суғурта фондҳои умумии захиравӣ ташкил карда мешаванд. Ба ғайр аз фондҳои эҳтиётӣ, фондҳои захиравӣ низ ташкил карда мешаванд, ки онҳо оид ба намудҳои амонатии (пасандози) суғурта таъсис меёбанд ва андӯхти як қисми
суғуртапулии суғурташудагонро барои пардохти минбаъдаи он (масалан, захираи суғуртапулӣ оид ба суғуртаи ҳаёт, нафақаи иловагӣ ва ғ.) пешбинӣ менамоянд.
Суғуртакунанда метавонад аз ҳисоби пардохтҳои суғуртавӣ чорабиниҳоро оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои нохуш бо маблағ таъмин намояд.
Пешгирӣ — шакли мустақилонаи муборизаи одам бо ҳодисаи номусоид буда, дар фаъолияти хоҷагӣ ҳамзамон баробари суғурта истифода бурда мешавад. Аммо бинобар он, ки пешгирӣ кардани ҳодисаҳои номусоид, назар ба ҷуброни зарари расондаи он, аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳамеша фоиданоктар аст, ширкатҳои бонуфузи суғуртавӣ одатан дар маблағтаъминкунии чорабиниҳои пешгирикунӣ ширкат меварзанд. Манбаи маблағтаъминкунӣ — сарборӣ ба меъёри холис мебошад.
Доир ба намудҳои ҳатмии суғуртаи давлатӣ феҳристи чорабиноҳоеро, ки барои маблағгузории пешгирикунӣ равона гардидаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Яке аз шаклҳои пешгирӣ — ба ном пешгирии ҳуқуқӣ (меъёрӣ) мебошад. Дар чунин ҳолат суғурташуда, бо роҳи муқаррар намудани масъулияти молиявии суғурташаванда вобаста аз
гуноҳи ӯ, бо усулҳои даъвоҳои регрессивӣ, франшиза ва бидуни ташкили фонди махсуси пулӣ, ба кам кардани воҳиди пардохти ҷуброни суғуртавӣ ноил мешавад.
Унсури муҳими хароҷоти суғуртакунанда — хароҷот барои бурдани корҳо мебошад.
Мувофиқи таснифи дар мамлакати мо қабулшуда, вай хароҷоти музди меҳнат, хоҷагӣ ва канселярӣ ва баъзе дигар хароҷотро дар бар мегирад. Манбаъҳои маблағгузории хороҷоти бурдани кор дар ташаккули арзиши аслии амалиёти суғуртавӣ нақши муҳим мебозад.
Дар айни ҳол вазни хоси бештаринро дар хароҷоти пешбурди кор музди меҳнати кормандони суғурта доро мебошад. Минбаъд, вобаста ба инкишофи бозор, афзоиши босуръати хароҷотро барои маркетинг, махсусан қисми қиммати он ‟ реклама, чашмдор шудан мумкин аст.
Натиҷаи молиявии фаъолияти суғуртавӣ — баҳодиҳӣ ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии ширкати суғурта мебошад. Вай оид ба ҳар кадом намуди суғурта, ҳар кадом фонди мустақили суғуртавӣ (дар ҳолате, ки агар онҳо ҷудо карда шаванд) ва оид ба амалиётҳои суғуртавӣ, дар маҷмӯъ, муайян карда мешавад. Ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии мақоми суғурта — натиҷаи молиявӣ барои як сол, ҳангоми баҳодиҳӣ ба ҳамарзишии муносибатҳои суғуртакунанда ва суғурташуда бошад — барои ҳамон давраи дар ҳисоб ба сифати заминавӣ қабул шуда, муайян карда мешавад.
Натиҷаи молиявии фаъолияти суғуртавӣ бо роҳи муқоисаи даромаду хароҷоти ширкати суғурта муайян карда мешавад. Агар даромад аз хароҷот зиёд бошад, ташкилот салдои (бақияи) мусбӣ дорад. Дар акси ҳол каср (норасоигӣ) ба амал меояд, ки он аз ҳисоби фондҳои эҳтиётии пештар барпошуда пӯшонида мешавад. Натиҷаи мусбии молиявӣ ду унсурро дар бар гирифта метавонад: фоидаи суғуртакунанда ва афзоиши фондҳои захиравӣ (захираи ҳаққи суғурта), ки таъиноти қатъии мақсаднок дошта, дар тӯли дар ҳисоби ширкати суғурта нигоҳ доштанаш, мумкин аст, ба сифати захираҳои кредитӣ истифода шавад.
Фоидаи фаъолияти суғуртавӣ фарқияти байни нархи хизмати расондашуда ва арзиши аслии он мебошад. Фоида, ҳам оид ба фаъолияти суғуртавӣ ва ҳам оид ба фаъолияти ҳар кадом намуди суғурта муайян карда мешавад. Нисбати маблағи солонаи фоида бар маблағи солонаи пардохтҳо, ки бо фоиз ифода карда мешавад, даромаднокии амалиётҳои суғуртавӣ номида мешавад. Нишондиҳандаи даромаднокӣ барои ҳар кадом намуди суғурта ва дар маҷмӯъ, барои амалиётҳои суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.
Фаъолияти тиҷоратӣ ба хусусияти эҳтимолии гардиши маблағ дар раванди фаъолияти суғуртавӣ асос меёбад, зеро аз вақти ба ҳисоби суғуртакунанда ворид шудани пардохтҳои
суғурташудагон то пардохти онҳо ба сифати ҷуброни суғуртавӣ вақти муайян мегузарад.
Давомнокии давраи нигоҳдории маблағи суғурташудагон дар ҳисобҳои суғуртакунанда, пеш аз ҳама, аз мӯҳлати амали шартномаи суғурта вобаста аст, ки он метавонад хеле зиёд бошад (масалан, дар суғуртаи шахсӣ — шартномаҳои якумра, дар суғуртаи амволӣ — шартномаҳои бемӯҳлат дида мешаванд).
Ғайр аз ин, суғуртакунанда фондҳои эҳтиётӣ ва захиравӣ ташкил медиҳад, ки маблағи онҳо даҳҳо сол барои пардохтҳо истифода шуда метавонад. Ҳамаи ин барои иштироки
суғуртакунанда дар ташаккули маблағ ва самтҳои дигари фаъолияти тиҷоратӣ шароити объективӣ фароҳам меоварад. Фоидаи аз ин бадастомада, ҳам барои ҷуброни зарари
фаъолияти суғуртавии вобвста ба инкишофи кори суғурта, ва ҳам бо мақсади фаъолияти
тиҷоратӣ ё истеъмолот истифода шуда метавонад. Ҳангоми муайян намудани соҳаи фаъолияти тиҷоратӣ суғуртакунанда, дар навбати аввал, ду омилро — зудҳаракатии маблағҳои доштааш ва вазъи бозорро бояд ба назар гирад.
Зудҳаракатии маблағ асосан бо намудҳои суғурта муайян карда мешавад. Масалан, суғуртакунандае, ки ба суғуртаи ҳаёт машғул асту чунин суғурта бештар дарозмӯҳлат мебошад, барои фаъолияти тиҷоратии дарозмӯҳлат маблағ дорад: додани қарзҳои дарозмӯҳлат,
сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ва қарзи ипотекӣ. Дар суғуртаи амвол, суғуртаи
масъулият, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш бештар шартномаҳои кӯтоҳмуддат баста мешаванд.
Фондҳои эҳтиётӣ оид ба ин намудҳои суғурта дар суръати инкишофи аз нав суғуртакунӣ начандон зиёданд: пардохти ҷубронҳои суғуртавӣ дар солҳои номусоид (вақте, ки офатҳои
табиӣ, сӯхторҳои калон, садамаи қатораҳо ва ғ. рӯй медиҳанд) мумкин ҳаҷми калонро ташкил диҳанд. Вобаста ба ин, маблағи суғуртакунандагоне, ки намудҳои кӯтоҳмуддати суғуртаро
мегузаронанд, бояд тавре нигоҳ дошта шавад, ки ҳангоми ногаҳон пайдо шудани талабот ба
пардохт онро сафарбар кардан осон бошад. Ин қабил суғуртакунандагон маблағро асосан ба қоғазҳои қиматнок мегузоранд, ки онҳоро озодона фурӯхтан мумкин мебошад.
Ҳангоми омӯзиши ваъзи бозор, бо мақсади гузоштани маблағ суғуртакунанда бояд ба нигаҳдории маблағ ва ба даст овардани фоидаи зиёдтар такя намояд. Азбаски суғуртакунанда маблағеро ба кор мебарад, ки онро барвақт ё дер бояд ба суғурташудагон баргардонад,
масъалаи кафолати нигоҳдории маблағ аҳамияти калон падо мекунад. Суғуртакунанда одатан
вазъи молиявии ҳамон ширкатеро, ки маблағ мегузорад, бо диққат меомӯзад, бинобар ин дар бозорҳои Ғарб иштироки ширкати суғуртавӣ дар кори ин ё он ширкат нишондиҳандаи устувории вазъи молиявии он мебошад.
Маблағи суғуртакунанда ба ҳар гуна соҳа ва бо ҳар шакл метавонад гузошта шавад: қарзҳо, маблағгузории бевосита, қоғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул, асарҳои санъат, антиқа ва ғ. Дар байни қоғазҳои қиматнок дар бозори Ғарб қоғазҳои қиматноки дорои
даромади устувор, инчунин саҳмияҳои ширкатҳои саноатӣ, нақлиётӣ, ки имкон медиҳанд
фоидаи калон ба даст оварда шавад, бо маъмулияти бештаре истифода бурда мешаванд. Аммо
қонуни меъёри миёнаи фоида дар шароити рақобат боиси он мегардад, ки маҷмӯи фоидаи суғуртакунанда (оид ба фаъолияти суғуртавӣ ва тиҷоратӣ) аз дигар соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ кам фарқ намояд.
11.3. Нишондиҳандаҳои устувории молиявии фаъолияти суғуртавӣ
Таҳти мафҳуми устувории молиявии амалиётҳои суғуртавӣ афзоиши доимии мутавозин ё нисбат ба хароҷот бештар афзудани даромад аз рӯи фонди пулии суғуртавӣ, ки аз ҳаққи
суғуртавии суғурташудагон ташаккул меёбад, фаҳмида мешавад. Масъалаи (қазияи) таъмини
устувории молиявиро ду хел метавон баррасӣ намуд: чун муайянкунии системаи эҳтимолияти касрӣ (норасогии) маблағ дар ягон сол ва чун нисбати даромад бар хароҷот дар давраи тарифии гузашта.
Дараҷаи нокифоягии маблағи суғуртакунанда (шарти аввал) аз бисёр ҷиҳат аз бузургии бастаи (портфели) суғуртавӣ (маҷмӯи ҳаққи суғуртавӣ) вобаста аст.
Барои муайян кардани эҳтимолияти нокифоягии маблағ коэффисенти профессор Ф. В.
Коншин (К) истифода бурда мешавад:
ки дар ин ҷо Т ‟ меъёри миёнаи тарифӣ аз рӯи бастаи (портфели) суғуртавӣ; N ‟ шумораи объектҳои суғурташуда мебошад.
Коэффисенти К ҳар қадар камтар бошад, устувории молиявии суғуртакунанда ҳамон қадар баландтар мегардад. Ба бузургии нишондиҳандаи К, чунон ки аз формула дида мешавад,
ҳаҷми маблағи суғуртавии объектҳои суғурташуда таъсир намерасонад. Вай пурра бо ҳаҷми меъёри тарифӣ ва шумораи объектҳои суғурташуда, яъне бузургии бастаи (портфели) суғуртавӣ муайян карда мешавад.
Аммо коэффисенти К вақте натиҷаи аниқ медиҳад, ки бастаи (портфели) суғуртавии суғуртакунанда аз объектҳои дорои арзиши хатарашон якхела иборат бошад, яъне бидуни садама, заминларза, нобудшавии объектҳои пурқимати суғурташуда.
Аз ин рӯ, яке аз шартҳои таъмини устувории молиявии фаъолияти суғуртавӣ — ин вазифаи баробар кардани ҳаҷми маблағҳои суғуртавӣ мебошад, ки ба он объектҳои гуногун суғурта
шудаанд. Ин масъала дар соҳаи суғурта асосан аз ҳисоби ба суғуртакунандаи дигар барои аз нав суғуртакунӣ додани як қисми намудҳои суғурта ё арзиши онҳо ҳал карда мешавад.
Барои баҳо додан ба устувории молиявӣ, чун нисбати даромад ба хароҷот дар давраи тарифӣ, коэффисенти устувории молиявии фонди суғуравиро (КФС) истифода бурдан мумкин аст. ки дар ин ҷо ∑Д ‟ маблағи даромад дар давраи тарифӣ, сомонӣ;
∑фэ ‟ маблағи фондҳои эҳтиётӣ, сомонӣ;
∑р ‟ маблағи хароҷот дар давраи тарифӣ, сомонӣ.
Ҳар қадар, ки коэффисенти устувории фонди суғуртавӣ зиёд бошад, ҳамон қадар устувории молиявии амалиётҳои суғуртавӣ баланд мегардад (шарти дуюм).
Омили муҳими (шарти сеюм) нишондиҳандаи устувории молиявии суғуртакунанда, ба ғайр аз ҳаҷми назаррасӣ сармояи оинномавӣ ва фондҳои зиёди захиравӣ, дароманокии суғуртакунанда (Д) мебошад, ки он ба нисбати фоидаи умумӣ бар қисми даромад баробар мебошад.

Аммо, бинобар хусусияти ғайриистеҳсолӣ доштани фаъолияти суғуртавӣ, дар онҳо даромад ба вуҷуд оварда намешавад, фоида бошад, аз ҳисоби аз нав тақсим кардани маблағи суғурташудагон ташаккул меёбад, яъне аз ҳисоби маҳсулоти зарурӣ ва фоидаовар, ки дар дигар соҳаҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Бинобар ин, даромаднокии фаъолияти суғуртавиро ҳамчун нишондиҳандаи дараҷаи даромаднокӣ, маҳз чун нисбати маблағи умумии фоида дар давраи муайян бар маҷмӯи маблағи пардохтҳо дар ин давра муайян кардан дурусттар мебошад.
ки дар ин ҷо Д -‟даромаднокӣ;
ФБ ‟ маблағи фоидаи тавозунӣ дар як сол, сомонӣ; МҲ ‟ маблағи умумии ҳаққи суғурта дар як сол, сомонӣ.
Устувории молиявии фаъолияти суғуртавиро — ҳангоми интихоби суғуртакунандаи эътимоднок, нишондиҳандаҳои онҳоро бо устувории К, Ксф ва Д муқоиса намуда, ҳисоб мекунанд.
11.4. Фаъолияти сармоягузории ширкати суғурта
Ширкатҳои суғурта дар ихтиёри худ маблағҳои зиёде доранд. Ин натиҷаи он аст, ки дар байни пардохти ҳаққи суғурта ва пардохт аз рӯи даъвоҳо фосилаи вақт ба миён меояд. Ҳаққи суғурта мумкин аст дар моҳи январ супорида шавад, аммо даъвоҳо, агар умуман ворид шаванд ҳам, метавонанд то декабр ворид нашаванд,. Суғуртакунанда ин маблағҳоро дар ин мӯҳлат метавонад сармоягузорӣ кунад. Дар ҳақиқат, ширкати суғуртавӣ дар ихтиёри худ ҳаққи суғуртаи ҳамаи суғурташудагонро, ки дар давраи тӯлонӣ ҷамъ кардааст, дорад. Ин маблағҳо «маблағҳои муваққатан озод» номида мешаванд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» (моддаи 23) тартиби сармоягузорӣ намудани ин маблағҳо ифода карда шудааст.
Фоида аз он вобаста аст, ки пул ба куҷо сармоягузорӣ шудааст. Ширкатҳои суғурта шаклҳои гуногуни сармоягузориро истифода мебаранд.
Дар шароити рақобати шадиди байни ширкатҳои суғурта дивидентҳои аз фаъолияти сармоягузорӣ бадастомада метавонанд ҳаҷми ҳаққи суғуртаро (тарифҳоро) ба андозае арзон карда, хизмати суғуртавиро ба табақаи васеи аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дастрас гардонанд.
Ба ғайр аз ин, соҳаи суғурта самтҳои васеи сармоягузориро фаро гирифта, ба рушти иқтисодиёти мамлакати худ, саноат ва савдо ёрӣ мерасонад. Ширкатҳои суғурта қарзҳоро дар шаклҳои гуногун пешниҳод карда, саҳмияҳоро дар бозори кушод озод харида, як қисми, ба истилоҳ, сармоягузори дохилиро ташкил медиҳанд. Маблағ инчунин ба амвол гузошта мешавад: дар мамлакатҳои мутараққӣ гоҳо дар эълонтахтаҳои назди биноҳои нави сохташаванда хондан мумкин аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати суғурта таъмин карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки ин маблағҳо дар натиҷаи пардохти ҳаққи суғуртаи ҳазорон одамони гуногун ва корхонаҳо, ташкилотҳо ҷамъ мешаванд. Ба маъние, мавҷудияти бозори суғурта ба пайдоиши амонатҳои маҷбурӣ мусоидат мекунад. Одаме, ки хонаи худро суғурта мекунад, шояд маблағи кофии озод надорад, то ки саҳмияҳо, моликият харад ё пулро ба қарз диҳад. Аммо вақте, ки ҳаққи суғуртаи ӯ ба ҳаққи суғуртаи якчанд ҳазор одамони дигар илова мешавад, маблағи зиёд ҷамъ мешавад, ки онро барои маблағгузорӣ истифода бурдан мумкин аст.
Ҳаққи суғурта, ки суғурташавандагон месупоранд, фондро зиёд мекунад. Хароҷоти соҳибкорӣ ва ё худ «пеш бурдани кор», пардохтҳо оид ба даъвоҳо ва андозҳо ҳаҷми фондро кам мекунанд. Барои он, ки фонд дар муддати тӯлонӣ бомуваффақият фаъолият намояд, онро сол аз сол пурзӯр гардонидан лозим аст. Гарчанде чунин фарзия имкон дорад, ки суғуртакунандагон маблағҳои муваққатан озодро дар депозити бонк (аз он фоиз гирифта) нигоҳ медоранд, маълум аст, ки онҳо даромади калон гирифта метавонанд, агар маблағи фондро ба дороиҳои (активҳои) гуногун гузоранд, ба он ҷое, ки бонк метавонад маблағи ба депозит супоридаро гузорад. Бонк фоизро ба амонатгузор пардохта метавонад, фақат агар худаш ба он касе қарз диҳад, ки вай ба бонк маблағи барои пардохти фоизи соҳиби пул ва пӯшонидани хароҷоти бонк кифояро диҳад. Суғуртакунандагон низ метавонанд бевосита маблағро ба қарз диҳанд. Азбаски суғуртакунандагон бонк нестанд, одатан ин корро тавассути хариди саҳмияҳо анҷом медиҳанд.
Тарзи дигаре, ки суғуртакунандагон маблағи фондро сармоягузорӣ менамоянд ва барои он масъуланд, масалан, сохтмони объектҳо барои ба иҷора супоридан (ё барои фурӯш), инчунин истифодаи воситаҳои гуногуни молиявӣ мебошад.
Барои устувории гузаронидани амалиётҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии аз нав таъсисёфта дар як вақт суғуртаи умумӣ ва суғуртаи ҳаётро намегузаронанд. Ширкатҳои серсоҳаи мавҷуда ин ду намуди фаъолиятро дар алоҳидагӣ анҷом медиҳанд. Чунин амал дуруст аст, зеро моҳиятан табиати ин фондҳои суғуртавӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Маблағи суғуртаи ҳаёт ба вақти тӯлонӣ ҷамъ мешавад: агар суғуртакунандагон фондро мунтазам ва дуруст идора кунанд, ҳар сол танҳо ҳиссаи хурди фонд барои пардохтҳо сарф мешавад.
Ҳамин тариқ, идораи фонди суғуртаи ҳаёт хусусияти дарозмӯҳлат дорад, аз ин рӯ, маблағи онро, масалан, барои саҳмияҳо, амволи ғайриманқул ё дигар соҳаҳо сармоягузорӣ кардан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик самараи калон намебахшад (аммо афзоиши сармоя ва фоидаи хубро дар давоми панҷ-бист сол таъмин мекунад). Агар чунин маблағгузорӣ ба воситаи сармоягузории бозоргир мутавозин гардонда шуда бошад, феҳристи умумии маблағгузорӣ (портфел) сиёсати маблағгузории суғуртакунандаро оид ба суғуртаи ҳаёт беҳтар менамояд. Ба суғуртакунандагон пул барои ҳисоб дар бонк ё дороиҳои (активҳои) бозоргир лозим аст, ки барои пардохти таъҷилии даъвоҳо кифоя бошад, захираҳои боқимондаро онҳо бо ихтиёри худ истифода бурда метавонанд.
Чорабиноҳои дар боло зикрёфта оид ба сармоягузории маблағҳои муваққатан озоди суғуртакунандагон дар мамлакатҳои иқтисодиёти мутараққӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар вақти ҳозира, яъне дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ, дар қонунгузории суғуртавии мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии захираҳои суғуртавӣ бояд аз ҷониби суғуртакунандагон бо шартҳои эътимоднокӣ, баргардондагӣ, фоиданокӣ, бозоргирӣ ва диверсификатсионӣ ба амал бароварда шавад, гарчанде, ки принсипҳои мазкур дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз тарафи умум эътироф шудаанд.
Инкишофи бозори суғуртавӣ ва афзоиши муомилоти ширкатҳои суғуртаи ҷумҳурӣ шавқи чунин муассисаҳои молиявӣ, ба монанди бонкҳо, фондҳои нафақа ва дигар фондҳоро ногузир баланд менамоянд. Масалан, дар ИМА бинобар баланд будани обрӯи ширкатҳои суғурта, ба онҳо идоракунии маблағҳои бисёрмиллиардаи фондҳои гуногуни нафақа дода шудаанд. Дар ин маврид ба вазифаи ширкатҳои суғурта на фақат маҳфуздории ин маблағҳо, инчунин бо роҳи сиёсати самарабахши маблағгузорӣ афзун гардонидани маблағҳои боварикардашуда низ дохил мешавад. Барои идоракунии ин маблағҳо ширкатҳои суғуртавӣ ҳаққи комиссионӣ меситонанд. Ҳатто меъёри муътадил ‟ 01 фоизи маблағи барои идоракунӣ қабулшуда, даромади зиёд меорад.
Бояд қайд кард, ки аз 10 ҳазор ширкатҳои суғурта дар ШМА ягонтои онҳо давлатӣ намебошанд. Захираҳои калони маблағгузорӣ ширкатҳои суғуртаро ба яке аз марказҳои бонуфузи назорати молиявӣ нисбат ба он ташкилотҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки иқтисодиёти мамлакатро ташкил медиҳанд, табдил додаанд. Манфиати асосӣ ин аст, ки худи давлат барои амалӣ гардонидани чунин назорат аз буҷети худ ягон маблағи чашмрасе сарф намекунад.
Бо мақсади таъмини қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанда мӯҳлати ҷойгиркунии захираҳои суғуртавӣ ба мӯҳлати ӯҳдадории суғуртакунанда оид ба шартномаи суғурта бояд наздик карда шавад.
Онҳоро аз нуқтаи назари саҳмашон дар таъмини устувории молиявии суғуртакунандагон дар пайдарҳамӣ баррасӣ менамоем.
Эътимоднокӣ ва баргардандагӣ чунин маънӣ дорад, ки маблағгузорӣ ба ширкатҳои ба таври эътимоднок идорашаванда ё ба коркардҳо сурат мегирад, ки он бо эҳтимолияти зиёд бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт. Суғуртакунандагон вақте аз ҳад зиёд бемасъулиятона муносибат мекунанд, ки агар онҳо ба корхонаҳои ҳаннот ё хафнок маблағгузорӣ намоянд, ҳатто агар онҳо фоидаи калонро ваъда диҳанд (дар мавриди мавҷуд будани хатар, ки ин маблағгузориҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани вазъи иқтисодӣ, омилҳои иҷтимоӣ ё сиёсӣ барабас мераванд).
Принсипи мазкур ҷойгиркунии боэътимоди активҳоро, ки он дар ҳаҷми пурра баргаштани онҳоро таъмин менамояд, дар назар дорад.
Фоиданикӣ барои он зарур аст, ки пардохти ҷории маблағро ба фонди суғуртавӣ таъмин намояд. Баъзан ба суғуртакунандагон даромади хеле зиёдро ваъда медиҳанд, аммо дар сурати маблағгузориҳои хатарнок, ки ширкати суғурта бояд аз ин худдорӣ намояд.
Азбаски суғуртакунандагон ҳамеша барои гирифтани даромади калон манфиатдор мебошанд, ҳамаи маблағгузориҳои дар назар дошташуда бояд аз ҷиҳати эътимоднокӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд. Хулоса, дар маблағгузории фондҳои суғуртаи ҳаёт омилҳои асосии зеринро номбар кардан мумкин аст:
- робитаҳо бояд дарозмӯҳлат бошанд: хатогиҳо ба суғурташудагон зарар меоранд. Бинобар ин мадохилоти ҳаққи суғурта бояд устувор ва доимӣ бошад;
- хароҷот ҳам нисбати ҳаҷм ва ҳам нисбати дар вақташ тақсим кардани он асоснок ва бодиққат арзёбӣ карда шавад: он набояд хусусияти муроҷиати ногаҳонӣ ба фондҳоро дошта бошад;
- эҳтимолияти хатари фалокатовар бояд калон набошад;
- ҳаққи суғурта фоидаро, ки дар давраи амали шартнома ба даст омадааст, ба ҳисоб мегирад. Фонди суғуртаи ҳаёт қобилияти пардохткуниро бо даромади маблағгузориҳо, ҳамчунин бо мадохилоти ҳаққи суғурта таъмин мекунад. Бинобар ин маблағи фурӯш бояд ақаллан ба ҳаққи ҳангоми ҳисобу китоб пешбинишудаи суғурта баробар бошад;
- сиёсати маблағгузорӣ ба андозаи фаъолият оид ба андеррайтинг муҳим аст, захираҳои калони ширкатҳо оид ба суғуртаи ҳаёт, ки ба манфиати суғурташудагон идора карда мешаванд, аз ҳаҷми захираҳои ширкатҳои суғуртаи умумӣ хеле зиёд аст;
- бо назардошти он, ки қарордодҳо хусусияти дарозмӯҳлат доранд, ҳангоми ҳисоби пардохтҳои суғуртавӣ ба ҳисоб гирифтани таъсири равандҳои таваррум лозим меояд;
- шартномаҳои суғуртавии даромаднок бо хариди кафолатноки маблағ ва имконияти пардохт бо пули нақд муносибати то як андоза дигарро ба маблағгузориҳо, масалан, ба маблағгузориҳои серхаридор, тақозо менамоянд.
- ин хусусиятҳо баъзе оқибатҳоро дар соҳаи маблағгузорӣ муайян менамоянд;
- бинобар дарозмуддат будани шартномаҳои суғурта (давомнокиашон 5 сол ва зиёда аз ин), захираҳои суғуртавиро оиди суғуртаи ҳаёт одатан ба қоғазҳои қиматноки дарозмӯҳлат мегузоранд;
- азбаски даромади ширкатҳо оид ба суғуртаи ҳаёт одатан аз хароҷоташон зиёд аст ва ҳамаи ҷубронҳои суғуртавӣ, хароҷот ва ғайраҳоро аз ҳисоби даромад аз ҳаққи суғурта ва маблағгузориҳо пардохт кардан мумкин аст, ба қоғазҳои қиматноки кӯтоҳмуддат гузоштани фондҳои суғуртаи ҳаёт ягон зарурат надорад;
- таҷрибаи актуарҳо нишон медиҳад, ки сиёсати қобили қабул барои ширкатҳо оид ба суғуртаи ҳаёт — бо ҳам мувофиқа кардани мӯҳлати итмоми амали масъулият аз рӯи шартномаҳо бо мӯҳлати тамомшавии амали муомилот дар бастаи (портфели) маблағгузорӣ мебошад;
- аз назария чунин бармеояд, ки ба иштибоҳ роҳ додан дар муомилоти дарозмӯҳлат нисбат ба муомилоти кӯтоҳмуддат сабуктар аст. Аксарияти маблағгузориҳои фондҳои суғуртаи ҳаёт ба мӯҳлати миёна ва дароз анҷом дода мешаванд, маблағгузориҳои фондҳои нафақа бошад, ба мӯҳлати дароз сурат мегирад.
Серхаридии амонатҳо чунин маъноро дорад: сохтори умумии маблағгузорӣ тавре бояд бошад, ки ҳар вақт маблағҳои серхаридор ё маблағгузориҳои асосӣ мавҷуд бошанд, ки бе душворӣ ба мабалағҳои серхаридор баргардонида шаванд, ба ибораи дигар, ширкати суғурта ҳар лаҳза бояд маблағи нақд дошта бошад, то ки пардохти маблағи дар шартнома пешбинишударо ба суғурташудагон дар мӯҳлати муқарраргардида таъмин намояд.
Диверсификатсияи амонатҳо ё «принсипи ивазкунӣ ва парокандакунӣ» — ин гуногунии гузоштани маблағ (маблағгузорӣ) бо мақсади ба вуҷуд овардани пакети саҳмияҳои нисбат ба калавишҳои бозор устувор мебошад. Мувофиқи баҳои мутахассисони Ғарб бастаи (портфели) устувори саҳмияҳо аз қоғазҳои қиматноки камаш 12 ширкати гуногун ташкил меёбад, ки сеяки онҳо-калон, сеякашон-миёна ва сеякашон-ширкатҳои хурди зудинкишофёбанда мебошанд. Эътимоднокии портфел аз рӯи ҷамъбасти сол дар асоси «қоидаи даст» (панҷ ангушт) муайян карда мешавад: аз онҳо, аз панҷ саҳмияи чунин баста — яктоаш ба проблемаҳои ғайри чашмдошт дучор мегардад, сетои дигар — ба мақсадҳои гузошташуда то дараҷае ва яктоаш — аз чашмдошт зиёдтар ноил мегарданд.
Ташкилоти сугурта наметавонад, ки яку якбора хамаи маблагхои худро сармоягузори кунад. Аз ин саба хачми маблагхои сармоягури карда мешудаги аз тарафи сохторхои давлати муайян карда мешаванд.