Азнавсуғуртакунӣ
12.1. Таъиноти азнавсуғуртакунӣ
Азнавсуғуртакунӣ – ин системаи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки дар раванди онҳо суғуртакунанда хатарро ба суғурта қабул намуда, як қисми масъулияти онро бо назардошти имкониятҳои молиявияш аз рӯи шартҳои мувофиқашуда барои мақсадҳои барпо намудани бастаи (портфели) мутавозини суғуртавӣ, таъмини устувории молиявӣ ва даромаднокии амалиёти суғуртавӣ, ба суғуртакунандагони дигар месупорад. Дар як вақт ҳиссаи дахлдори ҳаққи суғурта низ супорида мешавад.
Ватани азнавсуғуртакунӣ Олмон ҳисобида мешавад. Нахустин ҷамъияти
азнавсуғуртакунӣ дар Кёлн соли 1846 таъсис ёфтааст, минбаъд ҷамъияти азнавсуғуртакунии Мюнхен пайдо шуд.
Дар айни ҳол ҷамъияти азнавсуғуртакунии Кёлн калонтарин ҷамъияти касбии Олмон мебошад. Ҷамъоварии ҳаққи суғуртаи он бештар аз 2 млрд. маркаро ташикил медиҳад. Дар 18 мамлакати дунё намояндагӣ дорад. Ин Ҷамъияти азнавсуғуртакунии Мюнхен соли 1880 махсус барои гузаронидани амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ таъсис дода шуда буд. Дар айни замон вай аз ҷиҳати ҷамъоварии ҳаҷми ҳаққи суғурта ‟ 12 млрд. марка – дар ҷаҳон устуворан ҷои якӯмро ишғол мекунад. Захираҳои техникӣ ‟ бештар аз 25 млрд. марка якҷоя бо 1,4 млрд.маркаи фондҳои кафолатнок ‟ ба ҷамъият имкон медиҳанд ҳиссаи хеле калони хатарро барои азнавсуғуртакунӣ қабул намояд. Ширкатҳои азнавсуғуртакунӣ дар дигар системаҳои суғуртавии ҷаҳон низ вуҷуд доранд.
Ҳанӯз соли 1915 профессори Донишгоҳи Киев Воблий дар китоби «Асосҳои суғуртаи иқтисодӣ» масъалаҳои азнавсуғуртакуниро ошкор карда буд: амалияи суғуртакунӣ бояд бо азнавсуғуртакунӣ вобаста карда шавад, ки ин қимати хатарҳоро афзоиш медиҳад; ҳар як ҷамъияти суғуртавӣ барои маблағи суғурта, ки онро ба ивази хатараш мегирад, барои худ ҳаҷми олии хатарҳоро муайян менамояд; хатарҳои дигарро бояд ташкилотҳои дигар гиранд; тақсими ибтидоии хатар ‟ суғуртаи муштарак, азнавсуғуртакунӣ ‟ тақсими дуюми хатар ва ин раванд секарата ва аз ин ҳам зиёдтар, ки ба истилоҳ ретросессия ном дорад, давом карда метавонад.
Дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ ду тараф иштирок менамоянд: ширкати суғуртавӣ, ки хатарро месупорад ва дигар ширкати суғуртавӣ, ки масъулияти хатарро ба худ қабул мекунад.
Суғуртакунандае, ки бо азнавсуғуртакунанда дар бораи азнавсуғуртакунӣ шартнома бастааст, мутобиқи шартномаи суғурта дар назди суғурташуда дар ҳаҷми пурра чун шахси масъул боқӣ мемонад.
Ҳангоми рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ, азнавсуғуртакунанда дар ҳаҷми пурраи ӯҳдадории қабулкардааш оид ба азнавсуғуртакунӣ масъулият дорад.
Муносибатҳои суғуртакунандагон оид ба азнавсуғуртакунӣ бо шартномаи байни онҳо танзим карда мешавад.
Вазифаи асосии азнавсуғуртакунӣ тақсими дубораи хатар мебошад.
Дар натиҷаи азнавсуғуртакунӣ ва ретросессия ба ҳиссаҳо ҷудо кардани хатарҳо, тақсими масъулият дар байни шумораи калони ҷамъиятҳои суғуртавӣ, чӣ дар бозори дохилии суғуртавӣ ва чӣ дар байни бозори хориҷии суғуртавӣ, ба даст оварда мешавад.
Азнавсуғуртакунии хатарҳо дар байни ширкатҳои суғуртавии давлатҳои гуногун моҳиятан намуди дигари савдо мебошад. Объекти фурӯш кафолатҳои суғуртавӣ (хизматгузорӣ оид ба суғутакунӣ) ба ҳисоб меравад.
Да бозори суғурта азнавсуғуртакунии фаъолона ва ғайрифаъолона мавҷуд мебошад. Азнавсуғуртакунии фаъолона аз қабули хатарҳои хориҷӣ барои пардохт ё фурӯши кафолатҳои суғуртавӣ иборат аст. Азнавсуғуртакунии ғайрифаъолона маънои ба азнавсуғуртакунандагони хориҷӣ додани хатарҳои худӣ ё хариди кафолатҳои суғуртавиро дорад.
Азнавсуғуртакунӣ ба таъмини устувории молиявии суғуртакунанда таъсири ҳалкунанда мерасонад.
Якӯм, дар ҳар кадом намуди алоҳидаи суғурта шумораи зиёди хатарҳои калон ё махсусан калон ба таври ногузир мавҷуд аст, ки онҳоро як ширкати суғурта пурра ба зиммаи худ гирифта наметавонад. Дар мавриди хатарҳои махсусан калон ширкат метавонад қабули онҳоро бо назардошти имкониятҳои молиявии худ ё маҳдуд намуда, бо роҳи суғуртаи муштарак бо дигар ширкатҳои суғуртавӣ, ки дар ҳамон бозор ё бозорҳои гуногун фаъолият менамоянд, амалӣ кунад, ё бо назардошти супоридани як қисми он ба ширкати дигари суғурта ё ширкате, ки машғули азнавсуғуртакунӣ мебошад, ҳиссаи калони хатарро қабул намояд. Маҳз бо кадом роҳ амал намудани ширкати суғурта аз намуди интихобшудаи суғурта вобаста аст. Муҳим он аст, ки ширкати суғуртавӣ дар ҳолати фаро расидани хатарҳои махсусан калон дараҷаи масъулияташро нисбат ба ӯҳдадориҳои қабулкардааш кам карда, худро беҳтар ҳимоя мекунад. Ба ибораи дигар, «хатарҳои калон» дар портфели ширкат ба дараҷае расонида мешаванд, ки ба ширкати суғурта имконият медиҳанд онҳоро бидуни хатар ба худ қабул намояд.
Дуюм, бо ёрии азнавсуғуртакунӣ калавиши натиҷаҳои фаъолияти ширкати суғуртавиро дар давоми якчанд сол баробар кардан мумкин аст. Дар азнавсуғуртакунӣ ҳамон принсипҳои тақсимоти хатар, ки дар суғуртакунӣ ҷой доранд, амал менамоянд. Ба натиҷаҳои фаъолияти ширкати суғурта дар давоми як сол талафи ҷиддӣ аз шумораи зиёди пардохти суғуртавӣ, ки сабабаш рӯй додани як ҳодисаи суғуртавӣ мебошад, ё натиҷаҳои хеле бади тамоми бастаи (портфели) суғуртавӣ дар давоми сол, таъсири номусоид расонида метавонанд. Ин калавишҳоро азнавсуғуртакунӣ ба мувозинат медарорад. Бо ҳамин восита устувории натиҷаҳои фаъолияти ширкати суғуртавӣ дар давоми солҳои тӯлонӣ ба даст оварда мешавад ва ин барои таъмини устувории молиявии суғуртакунанда хеле муҳим аст.
Ин мулоҳизаҳоро ҷамъбаст карда гуфтан мумкин аст, ки ширкати суғурта ба азнавсуғуртакунӣ эҳтиёҷ дорад, то ки барои пӯшонидани талаф аз хатарҳои ягона ва калон, талаф дар натиҷаи ҳодисаҳои фалокатовар ё талафи хатарҳо дар мавриди рӯй додани ҳодисаҳои сершумори суғуртавӣ, имконият дошта башад. Вай ин корҳоро дар натиҷаи суғурта кардани хатарҳо қисман аз ҳисоби азнавсуғурташудагон анҷом медиҳад. Ба ибораи дигар азнавсуғуртакунанда ба ширкати суғуртавӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад, то ки вай фаъолияташро васеъ карда тавонад. Ин ҳолат ба суғуртакунанда, ки барои ворид шудан ба бозор ва васеъ кардани имкониятҳои ширкати суғуртавӣ манфиатдор аст, хеле муҳим мебошад. Вай ин амалро карда наметавонад, агар бе таҳдид ба устувории молиявии худ танҳо қисми ками хатарҳои калонро қабул намояд.
Ба туфайли азнавсуғуртакунӣ суғуртакунанда имкон дорад шумораи нисбат ба азнавсуғуртакунӣ бештари хатарҳоро барои суғурта қабул намояд. Ин ба ширкати суғуртавӣ имкон медиҳад қонуни «рақамҳои калон» ва принсипи асосии суғуртаро татбиқ намояд, ки мувофиқи он аксарият бояд зарари якчанд нафарро пӯшонанд. Ширкати суғуртавӣ ҳар қадаре, ки бештар шартнома бандад, ҳамон қадар бастаи (портфели) суғуртавии он бештар мутавозин мегардад ва дар даъвоҳои ба он пешниҳодшуда калавиш оид ба пардохтҳои суғуртавӣ камтар мешавад. Азнавсуғуртакунӣ ба суғуртакунанда имкон медиҳад феҳристи хатарҳоеро, ки барои суғурта қабул карда мешаванд, васеъ намуда, шумораи зиёдтари намудҳои суғуртаро фаро гирад. Ин ба суғуртакунанда имкон медиҳад активҳои ширкатро дар ҳолати ногаҳон ба амал омадани натиҷаҳои номусоид дар яке аз намудҳои мушаххаси суғурта ҳимоя кунад.
Ҳамин тариқ азнавсуғуртакунӣ, новобаста аз ҳаҷми сармояи худӣ ва захираҳои суғуртавӣ, шарти зарурии таъмини устувории молиявӣ ва фаъолияти мӯътадили ҳар гуна суғуртакунанда мебошад. Мувофиқи қонуни «рақамҳои калон», ки суғурта ба он асос меёбад, маҷмӯи амали рақами калони омилҳои тасодуфӣ дар баъзе шароитҳои умумӣ ба натиҷае оварда мерасонад, ки аз ҳодисаи алоҳида қариб вобаста намебошад. Объектҳои суғуртаи арзишашон тахминан баробар ва дорои эҳтимолияти рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ чӣ қадар бештар аз ҷониби ширкати суғурта қабул шуда бошад, бастаи (портфели) суғуртавӣ (маҷмӯи объектҳои суғурташуда) ҳамон қадар устувортар гардида, натиҷаи амалиётҳои суғуртавӣ пешакӣ ба қадри кофӣ аниқ ҳисоб карда мешавад.
Тавассути азнавсуғуртакунӣ на фақат ҳимояи портфели суғуртавӣ аз таъсири сислсилаи ҳодисаҳои калони суғуртавӣ ё ҳатто як ҳодисаи фалокатнок ба даст оварда мешавад, инчунин пардохти маблағи ҷуброни суғуртавӣ оид ба ҳамин гуна ҳодисаҳо, ки ба дӯши як ширкати суғуртавӣ бори гарон аст, коллективона аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни азнавсуғуртакунии объекти дахлдор, анҷом дода мешавад.
Дар шароити ҳозира консентратсияи азими сарватҳои моддӣ ва, вобаста ба ин, афзоиши мабалғҳои суғуртавӣ оид ба шумораи калони объектҳои суғурта ба амал меояд: иқтидори борбардории ҳамаи намудҳои нақлиёт, ҳамчун натиҷаи он – арзиши худи воситаи нақлиёт ва борҳои бо он кашондашаванда, меафзояд, заводҳои азим сохта мешаванд, суғуртаи қимати кайҳонӣ, суғуртаи техникаи электронии ҳисоббарорӣ ва ғ. пайдо мешавад.
Ягон ширкати суғурта бидуни таъминоти устувори азнавсуғуртакунӣ, ки аз маблағи таҳти масъулияташ қарордошта зиёд мебошад, чунин хатарҳоро барои суғурта қабул карда наметавонад. Дар бисёр ҳолатҳо арзишҳои суғуртавии мансуб ба суғуртаи хатар чунон бузург ва хафноканд, ки барои пурра суғурта кардани онҳо нерӯи баъзе бозорҳои суғурта кифоя намекунад. Дар ин гуна мавридҳо хатар ба воситаи азнавсуғуртакунӣ ба дигар хатарҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ба мамлакатҳои хориҷӣ бо мақсади ноил шудан ба азнавтақсимкунии зарари имконпазир аз ҷониби суғуртакунандагони бисёр, гузаронда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» (моддаи 22) асоси устувории молиявии суғуртакунандагонро, дар баробари фонди оинномавии пардохтшуда ва мавҷудияти захираҳои суғуртавӣ, инчунин дар ҳатман мавҷуд будани системаи азнавсуғуртакунӣ, муқаррар менамояд. Ба ғайр аз ин, дар моддаи 24-и Қонуни мазкур гуфта шудааст, ки «барои таъмини қобилияти пардохтпазирии худ суғуртакунандагон вазифадоранд таносубҳои меъёрии байни дороиҳо ва ӯҳдадориҳои суғуртавии қабулкардаашонро риоя намоянд. Методикаи ҳисоби ин таносубҳо ва ҳаҷми меъёрии онҳоро идораи Назорати давлатии суғуртавии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад».
Мутобиқи методикаи Назорати давлатии суғуртавии мазкур суғуртакунандагон дар сурати риоя нашудани шартҳои зерин бояд як қисми ӯҳдадориҳои дар назди суғурташудагон доштаи худро барои азнавсуғуртакунӣ супоранд:
S = (А-Yk) ·5% , 100% = 0,05 (А-Yk),
Дар ин ҷо S – маблағест, ки суғуртакунанда ҳуқуқ дорад ба он оид ба намуди мазкури суғурта шартнома бандад; А ‟ ҳаҷми дороиҳои суғуртакунанда; Yk ‟ ҳаҷми сармояи оинномавии пардохтшуда; 5 фоиз – нисбати меъёрии фоизи ҳаққи суғуртаи воридшуда бар сармояи пардохтшудаи намуди мазкури суғурта.
Мутобиқи шартҳои иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ масъулияти ҳадди аксар оид ба хатари алоҳидаи суғуртаи ҳаёт, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо, суғуртаи тиббӣ ва суғуртаи масъулияти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 10 фоизи воситаҳои худии суғуртакунанда зиёд буда наметавонад. Дар намудҳои алоҳидаи суғурта масъулияти ҳадди аксар оид ба панҷ хатари калонтарини бастаи (портфели) суғуртавӣ аз ҳаҷми дукаратаи воситаҳои худӣ зиёд буда наметавонад.
Аз ҷониби суғуртакунанда риоя намудани чунин шартҳои фаъолияташ, ҳангоми барои азнавсуғуртакунӣ фурӯхтани масъулияти суғуртавӣ оид ба объектҳои суғурташуда, қобилияти пардохтпазирии суғуртакунандаро дар ҳолати ба амал омадани зарарҳои (талафи) фавқулодда кафолат медиҳад.
Вобаста ба ғайриинҳисорӣ шудани соҳаи суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 бисёр ширкатҳои суғуртавии дорои шаклҳои гуногуни моликият пайдо шуданд. Аммо ягон ширкати суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ хатари худро дар ташкилотҳои дигари азнавсуғуртакунанда аз нав суғурта намекунад, чунки то ҳол дар кишвари мо ширкатҳои азнавсуғуртакунӣ вуҷуд надоранд. Таҷрибаи ба ширкатҳои хориҷии азнавсуғуртакунӣ баромадан ҳам мушоҳида намешавад.
Раванди ғайриинҳисоркунонии соҳаи суғурта баъди пошхӯрии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ таъсис ёфтан ва фаъолият кардани ширкатҳои бисёри суғуртавии дорои шаклҳои гуногуни моликият зарурати азнавсуғуртакуниро масъалаи рӯзмарра гардонид.
12.2. Истилоҳоти асосии азнавсуғуртакунӣ
Азнавсуғуртакунӣ соҳаи то он дараҷа махсуси муносибатҳои суғуртавие мебошад, ки гузаронидани он бо истилоҳоти ин соҳа алоқаманд аст. Дар поён истилоҳҳои асосии бештар маъмули азнавсуғуртакунӣ оварда мешавад.
Азнавсуғуртакунонанда (седент) ‟ суғуртакунандае, ки барои суғурта хатарро қабул намудааст ва як қисми арзиши онро барои азнавсуғуртакунӣ ба суғуртакунандаи дигар супоридааст.
Азнавсуғуртакунанда (сессионарий) ‟ якӯм, суғуртакунандае, ки хатарро барои азнавсуғуртакунӣ қабул кардааст; дуюм, ширкати суқуртавие, ки танҳо барои азнавсуғуртакунӣ махсус гардонда мешавад.
Бордеро ‟ феҳристи барои суғурта қабулшудаи хатарҳо, ки аз нав суғурта карда мешаванд ва дар он маблағи суғуртавӣ, мӯҳлат ва ҳаққи пардохтшавандаи суғурта нишон дода шудааст, аз ҷониби азнавсуғуртакунонанда ба азнавсуғуртакунанда дар мӯҳлати дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ нишон додашуда фиристода мешавад.
Бордерои зарарҳо ‟ феҳристи зарарҳои арзшуда ва пардохткардаи суғуртакунанда (бо нишон додани сана ва ҳаҷми онҳо), ки бояд аз ҷониби азнавсуғуртакунанда ҷуброн карда шавад.
Тантема ‟ азнавсуғуртакунонанда хатарро барои азнавсуғурта кардан супорида, ба тантема, яъне барои гирифтани подош (комиссия) аз фоидае, ки азнавсуғуртакунанда мувофиқи натиҷаҳои гузориши шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба даст оварда метавонад, ҳуқуқ дорад. Тантема ҳар сол аз маблағи фоидаи софе, ки ширкати азнавсуғуртакунӣ ба даст овардааст, пардохт карда мешавад ва шакли ҳавасмандгардонии азнавсуғуртакунонандагон аз ҷониби азнавсуғуртакунанда дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ ва эҳтиёткорона бурдани корҳо мебошад.
Ретротседент ‟ ширкати суғуртавӣ ё азнавсуғуртакунӣ, ки хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ қабулшударо ба ретротсессия месупорад.
Ретротсессия ‟ раванди минбаъда супоридани хатарҳои барои азнавсуғуртакунии пештар қабулшуда. Бо ёрии ретротсессия ҷудошавӣ ва тақсимоти минбаъдаи масъулият дар байни шумораи калони суғуртакунандагон ба даст оварда мешавад, аксар вақт дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ эзоҳоти «бидуни ҳуқуқи ретротсессия» дохил карда мешавад.
Депои ҳаққи суғурта ‟ захираҳои (як қисми ҳаққи суғурта) аз ҷониби суғуртакунанда нигоҳдошташуда ҳангоми азнавсуғуртакунӣ чун кафолати аз ҷониби азнавсуғуртакунанда иҷро намудани ӯҳдадориҳояш оид ба хатари тседиронии (супоридашудаи) истифодашаванда. Баъди итмоми шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба азнавсуғуртакунанда аз тарафи тседент пурра пардохта мешавад.
Хатари супоридашаванда – хатари азнавсуғурташаванда номида мешавад. Раванде, ки бо супоридани хатар алоқаманд аст, тседиронии хатар ё тсессияи азнавсуғуртакунӣ номида машавад.
12.3. Усули факултативии азнавсуғуртакунӣ
Амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ бо усули супоридани хатар барои азнавсуғуртакунӣ ба усулҳои факултативӣ ва шартномавӣ (облигаторӣ) тақсим мешаванд.
Усули факултативии азнавсуғуртакунӣ аз он иборат аст, ки ба азнавсуғуртакунонанда (тседент) ва азнавсуғуртакунанда (тсессионария) имконияти баҳодиҳӣ ба хатарҳое, ки қисман ё пурра барои азнавсуғуртакунӣ супорида шудаанд, дода мешавад. Шартномаи азнавсуғуртакунии факултативӣ – ин муомилоти фардӣ буда, асосан ба як хатар дахл дорад. Он ба иштирокчиёни шартнома озодии пурра муҳайё мекунад: азнавсуғуртакунонанда ҳуқуқ дорад ягон намуди масъулиятро пешниҳод намояд, азнавсуғуртакунанда бошад, пешниҳоди азнавсуғуртакунонандаро қабул ё рад кунад ва шартҳои мутақобили шартномаро пешбарӣ намояд. Дар ин имконияти баҳодиҳии фардӣ ба хатар хусусияти фарқкунандаи усули азнавсуғуртакунии факултативӣ баён меёбад. Масъалаи ҳар кадом хатар алоҳида баррасӣ ва ҳал карда мешавад. Азнавсуғуртакунанда хатарро барои азнавсуғуртакунӣ супорида, ҳуқуқ дорад ба фоидаи худ маблағи комиссиониро нигоҳ дорад, ки он вобаста ба хатар то 40 фоизи брутто-ҳаққи суғуртаро ташкил дода метавонад. Маблағҳои комиссионии бадастомада таъиноти пӯшонидани хароҷоти аквизатсияи суғурта ва ба расмият даровардани онро доранд. Аквизатсияи (ноил мегардам, ба даст меоварам) суғурта – ин фаъолият оид ба ҷалб кардани шартномаҳои нави суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.
Камбудии асосии азнавсуғуртакунии факултативӣ аз ин иборат аст: азбаски азнавсуғуртакунанда дар ҳалли масъалаи қабули хатари пешниҳодшаванда барои азнавсуғуртакунӣ ва рад кардани он озодии пурра дорад, дар вақти рух додани ҳодисаи суғуртавии хатар метавонад, ё дар ҳолати азнавсуғурташавӣ, ё қисман азнавсуғурташуда қарор дошта бошад. Ин ба азнавсуғуртакунанда имкон намедиҳад, ки талафро берун аз имкониятҳои неруии молиявиаш пурра ҷуброн кунад.
12.4. Шакли азнавсуғуртакунии облигаторӣ
Азнавсуғуртакунии облигаторӣ шакли ҳатмии азнавсуғуртакунӣ мебошад, ки ҳангоми татбиқи он ҳамаи суғуртакунандагони дар ҳамон мамлакат амалкунанда аз рӯи қонун ӯҳдадоранд бо ҳиссаи нишондодашуда ба азнавсуғуртакунандаи муайян (одатан, давлатӣ) ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабул мекардаашро супорад. Ба шартномаи азнавсуғуртакунӣ талабот зиёд аст; шартҳои он бояд аниқ ифода карда шавад.
Мувофиқи шартҳои шартномаи азнавсуғуртакунӣ седент ӯҳдадор аст ҳамаи хатарҳоеро, ки дар шартнома муфассал навишта шудаанд (масалан, ҳамаи шартномаҳои оид ба намудҳои хавфноки суғурта в.ғ.), супорад. Ин чунин маъно дорад, ки азнавсуғуртакунанада ӯҳдадор аст ҳамаи хатарҳоро қабул намояд: аз ӯ дар ҳар ҳолати алоҳида пурсида намешавад, ки чӣ фикр дорад ва ба хатар чӣ хел баҳо медиҳад. Зиёда аз ин, бо мулоҳизаҳои иқтисодӣ седент бояд ҳуқуқи интихоби хатарро бо салоҳдиди худ дошта бошад, дар мавриди мушаххас ҳаққи суғуртаро муқаррар намояд, нисбати шартномҳои азнавсуғурташуда чораҳои зарурии маъмурӣ андешад ва ҳаҷми зарарро, ҳамон тавре, ки ба манфиатҳои умумӣ бо азнавсуғуртакунанда зарур аст, муайян кунад.
Дар таҷрибаи мамолики хориҷӣ шакли азнавсуғуртакунии облигаторӣ бештар дучор мешавад. Асбаски ҳанӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои суғуртавии азнавсуғуртакунӣ мавҷуд нестанд, ин намуди суғурта татбиқ карда намешавад.
Дар замони Шӯравӣ кори суғурта дар инҳисорияти давлат буд ва методикаи (унсурони) азнавсуғуртакунии облигаторӣ оид ба намудҳои хавфноки суғурта дар тамоми қаламрави собиқ Иттифоқ татбиқ карда мешуд. Аммо он – «азнавсуғуртакунии облигаторӣ» не, балки «фонди мутамаркази эҳтиётӣ» номида мешуд. Ин чунин маъно дошт, ки ҳар ташкилоти суғурта (суғуртаи давлатии ҷумҳурии иттифоқӣ) қисми муайяни ҳаққи суғурта (пардохтҳо) ‟ ро оид ба намудҳои хатарноки суғурта ба таври ҳатмӣ ба суғуртаи давлатии Иттифоқ барои барпо кардани фондҳои мутамаркази эҳтиётӣ мефиристод. Дар ҳолати пайдо шудани ҳодисаҳои суғуртавии фалокатнок ва нокифоя будани маблағи фондҳои Суғуртаи давлатии Иттифоқӣ, норасоии ҷуброни суғуртавӣ маҳз аз ҳамин фондҳои мутамаркази эҳтиётӣ пардохт мешуданд.
Масалан, суғуртаи давлатии Тоҷикистон аз фонди мутамаркази мазкур маблағи калони ҷуброни суғуртавиро дар соли 1984 барои заминларзаи ноҳияи Ҷиргатол, дар соли 1985 – барои заминларзаи Қайроққум гирифта буд.
Аз Фонди мутамаркази эҳтиётии суғуртаи давлатии Иттифоқ маблағи дахлдоро Арманистон барои заминларзаи Степанокерт гирифта буд в.ғ.
12.5. Азнавсуғуртакунии мутаносиб ва номутаносиб
Намуд ва шаклҳои гуногуни ҳимояи азнавсуғуртакунӣ мавҷуд аст, ки он хусусияти шартномаҳои азнавсуғуртакуниро муайян менамояд. Шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: шартномаҳои мутаносиб ва номутаносиб. Ба гурӯҳи якӯм шартномаҳои квотӣ ва эксседентӣ ё шартномаҳои экседенти маблағ, ба гурӯҳи дуюм ‟ шартномаҳои экседенти зарар ва шартномаҳои экседенти зарарнокӣ (сурати 3) дохил мешаванд.
Шартномаҳои номбаршуда асосӣ ё заминавӣ (базавӣ) мебошанд. Дар амалия бисёр намудҳои дигари шартномаҳо вомехӯранд, ки маъмулан шаклҳои намуди худро дигаркарда ва комбинатсияшудаи шартномаҳои асосӣ мебошанд. (Нигаред ба нақшаи 12.1)

Азнавсуғуртакунии мутаносиб чунин намуди суғуртаест, ки ҳангоми он седент хатар ва ҳаққи суғуртаи барои суғуртакунӣ бо қабулшударо ҳиссаи бо суғуртакунанда мувофиқашуда (квота) барои азнавсуғуртакунӣ месупорад, суғуртакунанда бошад ба седент бо ҳамон ҳисса зарари пардохткардаи ӯро ҷуброн мекунад.
Шартномаи квотӣ шакли оддии шартномаи азнавсуғуртакунӣ мебошад.
Мувофиқи шартҳои ин шартнома ширкати суғурта бо ҳиссаи бо азнавсуғуртакунанда мувофиқашуда хатари оид ба намуди муайяни суғурта ё гурӯҳи суғуртаҳои бо ҳам наздикро, ки барои суғурта қабул шудааст, бе ягон истисно барои аз нав суғуртакунӣ месупорад. Бо ҳамон ҳисса ба азнавсуғуртакунанда ҳаққи суғуртаи ба ӯ дахлдошта супорида мешавад ва ӯ ба азнавсуғуртакунонанда бо ҳамон ҳисса ҳамаи зарари мутобиқи шартҳои суғурта пардохтшударо ҷуброн мекунад.
Аммо бо назардошти он, ки маблағи суғурта оид ба баъзе хатарҳои барои суғурта қабулшуда метавонад бисёр бошад, иштироки азнавсуғуртакунанда одатан бо меъёри (лимити) муайяни масъулият оид ба як хатар маҳдуд карда мешавад, яъне ба иштироки ҳатмии азнавсуғуртакунанда дар ҳиссаи муқаррашудаи ҳар кадом хатар нигоҳ накарда, вай масъулияти зиёда аз ин меъёрро ба зимма гирифта наметавонад.
Масалан, ҳиссаи азнавсуғуртакунанда оид ба ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабулшуда дар ҳаҷми 10 фоиз муқаррар карда мешавад, аммо масъулияти ӯ оид ба ҳар кадоми онҳо набояд аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд башад.
Азнавсуғуртакунанда хатарҳоро барои азнавсуғуртакунӣ супорида, барои комиссия ба фоидаи худ, ки он вобаста ба намудҳои суғурта аз 20 то 40 фоизи брутто-ҳаққи суғуртаро ташкил дода метавонад, инчунин барои иштироки муайян дар фоидаи имконпазири азнавсуғуртакунанда, ки аз рӯи хатарҳои барои суғурта қабулкардааш ба даст овардааст, ҳақ дорад.
Камбудии асосии шартномаи квотӣ дар он аст, ки гоҳо зарурати бо ҳиссаи калон азнавсуғурта кардани хатари начандон калон ва хавфи ҷиддӣ надошта, ки дар ҳолати дигар ширкати суғуртавӣ онро таҳти масъулияти худ метавонист нигоҳ дорад ва маблағи калони ҳаққи суғуртаро ҳифз намояд, пайдо мешавад.
Шартномаи зкседентӣ. Омили асосӣ дар механизми азнавсуғуртакунӣ оид ба шартномаи экседентӣ ба ном «нигоҳдории худи ширкати суғуртавӣ» мебошад, ки дар аксар ҳолатҳо дараҷаи аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки маблағро, ки дар доираи он ширкат қисми муайяни хатарҳои суғурташудадаро таҳти масъулияти худ нигоҳ дошта, бахши аз онҳо барзиёдро барои азнавсуғуртакунӣ месупорад, ифода мекунад.
Ширкати супоранда, чун қоида, меъёри (лимити) масъулияти худӣ ё нигоҳдории худиро ба маблағи муайян, ки ба ҳамаи хатарҳои суғуртавӣ оид ба як намуди суғурта нисбат дорад, муқаррар менамояд. Масалан, агар нигоҳдории худии ширкат ба 100 ҳазор сомонӣ мувофиқ бошад, ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабулшуда дар доираи ин мабалағ таҳти масъулияти ширкат боқӣ монда, аз он зиёдааш барои азнавсуғуртакунӣ супорида мешавад.
Мутобиқи шартҳои шартномаи экседентӣ ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабулшуда, ки маблағи суғуртавии онҳо аз нигоҳдории худи ширкат зиёд аст, барои азнавсуғуртакунӣ дар доираи меъёри муайян ё экседен, яъне маблағи нигоҳдории худии ширкат, ки ба шумораи карати муайяншуда зарб зада шудааст, супорида мешавад.
Чунончӣ, маблағи экседен мумкин аст аз 10 ҳиссаи баробар иборат бошад, ки ҳар кадоми онҳо ба маблағи нигоҳдории худӣ баробар аст, аз ин рӯ маблағи умумии ҳаҷми шартнома, аз ҷумла нигоҳдории худӣ – 11 ҳиссаро ташкил медиҳад. Агар азнавсуғуртакунанда барои азнавсуғуртакунӣ ду ҳиссаро қабул кунад, он гоҳ масъулияти ӯ 2/10 ё 1/5 ҳиссаи маблағи экседентро ташкил мекунад. Масалан, агар барои суғурта хатар бо маблағи суғуртавии 200 ҳазор сомонӣ қабул шуда, нигоҳдории худӣ ба 50 ҳазор сомонӣ баробар бошад, он гоҳ 150 ҳазор сомонӣ маблағи экседенро, ки ба азнавсуғуртакунанда рост меояд, ташкил дода, маблағи масъулияти ҳар кадоми онҳо ба ҳаҷми иштирок дар шартнома мутаносиб мегардад: ҳангоми ду ҳисси иштирок (1/5 ҳисса аз маблағи экседент) масъулияти азнавсуғуртакунанда 30 ҳазор сомониро (1/5 ҳиссаи 150 ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад.
Мутаносибан ба маблағи нигаҳдории худӣ ва ҳиссаи иштироки азнавсуғуртакунандагон дар шартнома тақсими ҳаққи суғурта ва зарарҳои пардохтшуда сурат мегирад.
Барои азнавсуғуртакунии хатарҳое, ки маблағи суғуртавии онҳо аз ғунҷоиши шартномаи экседенти якум зиёд аст (дар мисоли мо – 500 ҳазор сомонӣ), ширкати супоранда метавонад шартномаи экседенди дуюмро дошта бошад, масалан, ҳадди аксари масъулиятро ба мабалғи 2 млн. сомонии зиёда аз 550 ҳазор сомонӣ, ки бо шартномаи экседенти якум пӯшонида мешавад. Дар мавриди зарурӣ ширкат метавонад шартномаҳои экседентҳои сеюм ва чорӯм дошта бошад.
Унсури мураккабтарини шартномаи экседентӣ – муқаррар намудани нигоҳдории айниятдор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки худии ширкати супоранда мебошад. Дар ҳақиқат, агар меъёри (лимити) нигаҳдории худӣ ба дараҷаи паст муқаррар шуда бошад, ширкати суғуртавӣ маҷбур мешавад барои азнавсуғуртакунӣ қисми зиёдатии ҳаққи суғуртаро супорад, ки онро дар сурати дуруст муайян кардани нигоҳдории худӣ нигоҳ дошта метавонист. Аммо агар меъёри (лимити) нигоҳдории худӣ аз ҳад баланд бошад, дар доираи чунин меъёр ширкати супоранда маҷбур мешавад, ки миқдори калони зарарҳоро пардохт намояд, ки ин дар натиҷаҳои ҷараёни корҳо оид ба нигоҳдории худӣ метавонад ба таври номусоид инъикос ёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки варианти нисбатан мувофиқи меъёри нигаҳдории худиро дар асоси маълумотҳои омории оид ба 5-10 сола ва дар шароити устувории нисбии таркиби портфели суғуртавии ширкати супоранда метавон муқаррар кард.
Як қатор омилиҳое мавҷуданд, ки дар сурати дуруст пайвастанашон чун асоси муайян намудани варианти мувофиқи меъёрҳои нигаҳдории худӣ хизмат карда метавонанд:
- ҳаҷми ҳаққи суғурта, ҳангоми фарқияти, андаке аз шумораи умумии хатарҳо ҳар қадар зиёд бошад, меъёри нигоҳдории худӣ ҳамон қадар зиёд буда метавонад;
- амалиёти намуди мутобиқи суғурта ҳар қадар фоиданоктар бошад, меъёри маблағбоздории худӣ ҳамон қадар баланд буда метавонад;
- тақсимоти худудии объектҳои суғурташуда ‟ объектҳо дар як минтақа ҳар қадар бештар ҷойгир шаванд, меъёри нигоҳдории худӣ ҳамон қадар камтар муқаррар карда мешавад;
- ҳаҷми хароҷот барои корбарӣ – агар чунин хароҷот аз ҳад зиёд бошад, меъёри нигаҳдории худӣ бояд тавре муқаррар карда шавад, ки як қисми хароҷот ба зиммаи азнавсуғуртакунандагон гузошта шавад ё аз ҳисоби ҳавасмандгардонии комиссионӣ пӯшонда шавад, ки онро ширкати пешниҳодкунанда ба фоидаи худ аз ҳаққи суғуртавии оид ба хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ зиёда аз нигаҳдории худӣ додашаванда, дошта мегирад. Азнавсуғуртакунии номутаносиб
Азнавсуғуртакунии номутаносиб намуди азнавсуғуртакуниест, ки фаро расидани масъулияти азнавсуғуртакунандаро пешбинӣ менамояд, агар ҳаҷми мувофиқашудаи зарар ё зарарнокӣ зиёд карда шуда бошад.
Шартномаи экседенти зарар шакли паҳншудаи азнавсуғуртакунии номутаносиби пӯшондан мебошад ва барои ҳимояи бастаҳои (портфелҳои) суғуртавии ширкатҳо оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта аз зарарҳои бештар калон ва ғайричашмдошт хизмат мекунад. Мувофиқи шартҳои ин шартнома воситаи азнавсуғуртакунӣ танҳо вақте қудрат пайдо мекунад, ки маблағи ниҳоии зарари хатари суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ ё силсилаи ҳодисаҳои суғуртавӣ, ки оқибати ҳамон як рӯйдод мебошад, аз маблағи шартшуда зиёд бошад.
Масъулияти азнавсуғуртакунандагон зиёда аз ин маблағ бо меъёри муайян маҳдуд карда мешавад, масалан 1 млн. сомонии зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ афзалияти ширкати гирифтадиҳанда ба шумор меравад.
Ба ибораи дигар, азнавсуғуртакунандагон бо ҳиссаи ширкаташон дар шартнома зарарҳоро ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ, вале дар доираи 1 млн. сомонӣ оид ба ҳар кадоми онҳо пардохт мекунанд. Масалан, агар зарар 150 ҳазор сомонӣ бошад, ҳиссаи азнавсуғуртакунандагон дар он 50 ҳазор сомонӣ, агар 1,5 млн. сомонӣ бошад, ҳиссаи азнавсуғуртакунандагон маблағи ҳадди аксари масъулияти онҳоро ташкил мекунад.
Аз паси эксенденти якӯми зарар экседенти дуюм мумкин аст ба амал ояд, ки онро талаботи ширкат муайян менамояд.
Ҳаққи суғуртае, ки ба азнавсуғуртакунандагон ‟ иштирокчиёни шартномаҳои экседенти зарар ҳисоб карда мешавад, одатан бо фоизҳои муайян нисбат ба брутто-ҳаққи суғурта оид ба бастаи (портфели) суғуртавии ҳимоякунанда муқаррар карда мешавад. Аммо азбаски дар аввали амали шартнома мумкин аст танҳо маблағи баҳогӣ ё интизории ҳаққи суғурта маълум бошад, аввал маблағи муайяни пешпардохти ҳаққи суғурта ‟ ба ном «депозити ҳаққи суғурта» ё ҳаққи суғуртаи депозитӣ бо азнавҳисобкунии минбаъдаи маблағи охирини ҳаққи суғурта дар асоси маблағи воқеии бадастомадаи брутто-ҳаққи суғурта дар давраи дахлдор меафзояд.
Шартномаи экседенти зарарнокӣ ё шартномаи «стоп-лосс». Мувофиқи шартномаи зкседенти зарарнокӣ ширкати суғуртавӣ оид ба намуди муайяни суғурта натиҷаҳои умумии гузаришро дар ҳолате ҳимоя мекунад, ки агар зарарнокӣ аз фоиз ё ҳаҷми дар шартнома шартшуда зиёд бошад. Андозаи зарарнокӣ, ки зиёда аз он шартнома амал мекунад, одатан тавре муқаррар карда мешавад, ки ширкати супоранда барои ситондани ягон фоидаи молиявӣ оид ба масъулияти ба зимааш вогузошта имконият надошта бошад, яъне шартнома мақсад дорад, ки фоидаро ба ширкати супоранда кафолат надиҳад, балки онро аз талафи иловагӣ ё фавқулодда ҳимоя кунад. Меъёри масъулияти азнавсуғуртакунандагон оид ба шартномаи экседенти зарарнокӣ дар доираи фоизи муайяни зарарнокӣ, масалан, дар ҳудуди зарарнокии аз 100 то 150 фоиз дар як сол ё маблағи мутлақ муқаррар карда мешавад.
Бо вуҷуди он, ки шартномаҳои экседенти зарарнокӣ солҳои охир васеъ паҳн шудаанд, тадбиқи онҳо танҳо дар ҳолатҳое мувофиқи мақсад аст, ки дар намудҳои муайяни суғурта натиҷаҳои ҷараёни корҳо қатъиян калавиш доранд ё як ва ё якчанд ҳодисаҳои суғуртавӣ метавонанд ба натиҷаҳои ниҳоии соли дахлдор таъсири зиёд расонанд. Шартномаҳои экседенти зарарнокӣ инчунин ҷадвали муқаррарии ҳимояи портфели суғуртавиро пурра карда метавонанд, яъне, масалан, барои пурра кардани пӯшониши азнавсуғуртакунӣ дар асоси шартҳои мутаносиб метавонанд амал кунанд.
12.6. Суғуртаи муштарак
Суғуртаи муштарак яке аз усулҳои тақсими хатарҳои калони амволӣ мебошад, вале он ҳангоми суғуртаи масъулият кам истифода бурда мешавад. Тарзи амалӣ гардонидани ин усул оддӣ буда, барои бисёр ҳолатҳо мувофиқ аст, ҳарчанд қазияҳо низ мавҷуданд. Якӯм, дар ҳолати мавҷудияти зарарҳои калон ҳамаи суғуртакунандагон чекҳои алоҳида мефиристонанд. Ин шояд хеле гарон бошад, агар дар суғуртаи муштарак шумораи зиёди суғуртакунандагон иштирок намоянд.
Дуюм, миёнарав дар мавриди ҷойгиркунии хатари калон бояд бо шумораи зиёди суғуртакунандагони гуногун алоқа намояд, ки ҳар кадоми онҳо тайёранд пӯшонишро танҳо ба қисми хатар мувофиқи ғунҷоиши худ пешниҳод кунад.
Масалан, заводҳои калони нефтукимиё ба маблағи 300 млн. сомонӣ баҳогузорӣ мешаванд. Фарз кардем, ки касе аз суғуртакунандагон аз 1 млн. сомонӣ зиёдтар истифода намебарад (барои баъзе ширкатҳо ин бузургӣ шояд андеке камтар ҳам бошад). Мураккабии муъҷизаноки вазифаеро, ки бо он миёнарави ҷойгиронандаи чунин хатар дучор меояд, фаҳмидан душвор нест. Бидуни азнавсуғуртакунӣ ин қазияро ҳал кардан ғайриимкон мебошад.
12.7. Иттиҳоди (пулҳои) суғуртавӣ
Иттиҳоди (пул) суғуртавӣ ‟ ин иттиҳоди ширкатҳои суғуртавӣ барои якҷоя суғурта кардани хатарҳои муайян мебошад. Фаъолияти ширкатҳо дар асоси принсипи суғуртаи муштарак ба роҳ монда мешавад. Ҳар як ширкати суғуртавӣ ҳатарҳои суғурташударо ба иттиход супорида, ҳиссаи муайяни ҳаққи суғуртавии ҷамъкардаи иттиҳодро мегирад ва ба ҳамон ҳисса оид ба ҷуброни зарар масъулиятро ба зимма мегирад.
Квотаи аъзогии иттиҳоди суғуртавӣ мутаносибан ба ҳаҷми ҳаққи суғуртаи ба деги умумӣ супоридааш муайян карда мешавад ё дар созишномаи шартномавӣ муқаррар карда мешавад. Иттиҳоди суғуртавӣ азнавсуғуртакунии хатарҳои калонтаринро ташкил карда метавонад. Иттиҳодҳои суғуртавӣ дар хориҷа дар суғуртаи хатарҳои авиатсионӣ, атомӣ, ҳарбӣ, масъулият ва ғ. инкишоф ёфтаанд. Мақомоти роҳбарии иттиҳодҳои суғуртавӣ аз маҷлиси умумии аъзоён, садорат (кумита), мақоми марказии маъмурӣ, ки роҳбарии оперативии фаъолияти иттиҳоди суғуртавиро ба ҷо меоварад, иборат аст.
Камбудии иттиҳоди суғуртавӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми рух додани ҳодисаҳои фалокатноки суғуртавӣ зарарро бояд пурра ё дар доираи нигоҳдории бозор ширкатҳои суғуртаи як мамлакат пардохт намоянд.
Ҷойгиркунии суғурта ‟ ин усули тавассути брокерҳо суғурта кардани хатарҳои калони на як, балки суғуртакунандагони сершумор мебошад. Мувофиқи ин усул брокер ба ҳуҷҷати махсус, ки слип номида мешавад, маълумотро дар бораи хатар ва шартҳои суғуртаи он дохил мекунад ва аввал ба суғуртакунандае, ки он ба ном сарвар ба ҳисоб рафта, мутахассиси соҳаи хатари суғурташуда мебошад, муроҷиат мекунад ва ба ӯ «иштирокро дар суғуртаи он» пешниҳод менамояд. Сарвар шартҳои суғуртаро маъқул дониста, ҳиссаи муайяни хатарро таҳти масъулияти худ қабул менамояд, ки он ба слип қайд карда мешавад. Сипас брокер то ба даст овардани пӯшонидани суғуртаи хатар ба маҷмӯи пурраи маблағи суғуртавӣ ба дигар суғуртакунандагон бо ҳамин таклифҳо мунтазам муроҷиат мекунад ва баъд хатар ҷобаҷошуда ҳисобида мешавад.
Иттиҳоди азнавсуғуртакунӣ ‟ ин иттиҳоди суғуртакунандагон барои ташкили ҳимояи азнавсуғуртакунӣ мебошад. Ҳар як ширкати суғурта суғуртакуниро мустақилона мегузаронад (назар ба иттиҳоди суғуртавӣ) ва ба иттиҳод фақат қисми масъулияти қабулшударо дар асоси имконияти молиявии ҷуброни зарари эҳтимолӣ месупорад. Иттиҳоди азнавсуғуртакунӣ хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ додашавандаро дар байни аъзои худ тақсим намуда, чун миёнарав (брокер) амал мекунад. Бисёр иттиҳодҳо фаъолияти суғуртакунӣ ва азнавсуғуртакунро бо ҳам мепайванданд.
Дар амалияи азнавсуғуртакунии даҳсолаҳои охир, махсусан дар мамлакатҳои тарақикунанда, пулҳо (фондҳои умумӣ) паҳн шудаанд. Оид ба ин намуди азнавсуғуртакунӣ иштирокчиёни иттиҳод, ки одатан ҳамаи ширкатҳои суғуртавии бозор мебошанд, аз рӯи созишномаи ихтиёрии байни худ ё мутобиқи талаботи қонунгузорӣ, ҳамаи хатарҳои мансуби азнавсуғуртакунии аз маблағи нигоҳдории худӣ барзиёдро аз рӯи тамоми бастаи (портфели) суғурта, ё оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта, ё ҳатто оид ба хатарҳои муайяни махсуси калон, ба иттиҳод месупоранд.
Дар асоси хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ қабулшуда шартномаи азнавсуғуртакунӣ барпо карда мешавад, ки дар он ба аъзои иттиҳод барои иштирок мутаносибан ба маблағи ҳаққи суғуртаи ба иттиҳод супоридаашон дар доираи меъёрҳои мувофиқашудаи масъулият имконият дода мешавад.
Ҳамин тариқ бо ин намуди азнавсуғуртакунӣ истифодаи пурраи имкониятҳои молиявии ширкатҳои суғуртаи бозор оид ба қабули хатарҳо барои азнавсуғуртакунӣ ба даст оварда мешавад, ё чунон ки мегӯянд, ғунҷоиши бозори суғуртаи мазкур пурра истифода бурда мешавад.