Андозбандии даромади фаъолияти суғуртавӣ

15.1. Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати  суғуртавӣ.

Мақсади асосии ҳар ширкати суғуртавӣ, ки бо иҷозатнома кор мекунад, чун ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ –  ба даст овардани фоида мебошад. Бинобар ин  табиист, ки бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат даромади ширкатҳои суғуртавӣвӣ низ андозбандӣ карда мешавад.

Андозбандии даромад аз фаъолияти суғуртавӣ, чун худи фаъолияти суғуртавӣ, хусусияти хоси худро дорад, бинобар ҳамин хусусияташ андозбандии фаъолияти суғуртавӣ назар ба фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ ва сохторҳои тиҷоратӣ нисбатан мураккаб ва ғайриоддӣ аст.

Манбаъҳои асосии даромади ширкати суғуртавӣ ‟ ин  даромад аз амалиёти суғуртавӣ ва фаъолияти инвеститсионӣ мебошанд. Манбаъҳои дигари дараҷаи дуюми низ ҳастанд.

Даромади амалиёти суғуртавӣ дар асоси пардохтҳои суғурта (пули суғурта) ташаккул меёбад. Пардохти суғурта нархи фурӯши хизмати суғурта аст, ки онро бояд аз нархи колкулятсионӣ фарқ кард. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нархи колкулятсионӣ ва нархи фурӯш метавонанд мувофиқат накунанд. Ширкати суғуртавӣ тариф-вазни ғайрихолисро ҳисоб карда, арзиши дар интизории хизмати суғуртаро муайян менамояд, нархи фурӯш бошад, дар вақти бастани шартномаи суғурта маълум мешавад. Нархи фурӯши хизмати суғуртавӣ бо таъсири вазъи бозор, созишномаҳои инҳисории ширкатҳои суғуртавӣ, сиёсати  нархии давлат ва дигар омилҳо ташаккул меёбад.

Пардохтҳои суғуртавӣ ин даромади ибтидоии ширкати суғуртавӣ ва асоси гирдгардиши минбаъдаи маблағ, манбаи ба маблағ таъмин намудани фаъолияти инвеститсионӣ мебошад.

Заминаи ҳисоб кардани пардохтҳои суғуртавӣ – тарифи суғуртавӣ аст. Дар ин маврид ҳаҷми пардохтҳо ба бузургии фонди суғурта  ва сохтори меъёри тарифӣ бошад ‟ ба  самтҳои харҷи маблағи ин фонд  боис мегардад. Чунин муаяйнкунии қатъии харҷи мақсадноки пардохтҳои суғуртавӣ имкон медиҳад, ки ба миқдори кофӣ ташкили фондҳои эҳтиётӣ ва захираҳо таъмин гардад.

Фаъолияти инвеститсионӣ бар хусусияти эҳтимолии гирдгардиши воситаҳо асос меёбад, вобаста ба он аз лаҳзаи воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ ба ҳисоби ширкати суғурта то лаҳзаи пардохти он ҳамчун ҷуброн, мӯҳлати муайян, баъзан басо тӯлонӣ (масалан, дар суғуртаи шахсӣ), мегузарад. Ба ғайр аз ин, ширкати суғурта фондҳои эҳтиётӣ ва захиравиро ташаккул медиҳад, ки маблағҳояш аксар вақт солҳои зиёде истифода намешаванд.

Ширкатҳои суғуртавӣ амалҳои азнавсуғуртакуниро иҷро намуда, ҳамчун ширкати нақлкунанда аз пули суғуртаи нав, ки ба азнавсуғуртакунандагон ҳисоб карда мешавад, як қисмашро нигоҳ медоранд ва захираи ҳаққи суғурта ва захираи зарари пешниҳодшударо , вале пардохтнашударо, барои пӯшонидани масъулияти азнавсуғуртакунандагон ба вуҷуд меоваранд. Ҳамаи ин омилҳо дар ниҳояти кор барои ба вуҷуд омадани «маблағҳои озод»-и ширкати суғуртавӣ мусоидат менамоянд, ки онҳо барои фаъолияти ғайрисуғуртавӣ – тиҷоратӣ мумкин аст истифода шаванд. Соҳаи асосии гузоштани ин маблағҳо инвеститсияи онҳо ба саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок, инчунин гузоштани маблағҳо дар ҳисобҳои депозитӣ бо мақсади ба даст овардани фоизҳои мутобиқ мебошад. Ширкатҳои суғуртавӣ саҳмияҳои дигар ширкатҳои суғуртавӣ, бонкҳо, ширкатҳои саноатӣ ва ғайраро харида, дар бисёр мавридҳо барои худ маҷмӯи саҳмияҳои назоратиро таъмин менамоянд. Дар натиҷа системаи мураккаби пайвастшавии робитаҳои молиявии инҳисорияҳои суғуртавӣ бо сармояи бонкӣ ва саноатӣ ба вуҷуд меояд.  

Фаъолияти инвеститсионии ширкатҳои суғуртавӣ дар хориҷа хеле вусъат ёфтааст, ки  бисёр ширкатҳои суғуртавӣ шӯъбаҳои махсуси ба сармоягузории  нав ва идоракунии саҳмияҳои харидашуда машғулро доранд. Ҳамин тариқ фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ аз доираи фаъолияти суғуртавӣ  хеле берунтар мебаромадагӣ шуд.

Дар шароити рақобати шадиди байни ширкатҳои суғуртавӣ даромади фаъолияти ғайрисуғуртавӣ имкон медиҳад, бо мақсади ҷалб намудани муштариён,  меъёри ҳаққи суғуртаро оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта кам кунанд ва натиҷаҳои эҳтимолии манфии онҳоро аз  ҳисоби даромад аз  сармоягузориҳо пӯшонанд.

Ширкати суғуртавӣ ба ғайр аз пардохтҳои суғуртавӣ ва даромад аз фаъолияти сармоягузорӣ метавонад, инчунин аз расонидани ҳар гуна хизмат, ки пеш аз ҳама бо хавфу хатар, менеҷмент, маслиҳатҳо, таълими кадрҳо ва ғайра (даромади дуюмдараҷа) алоқаманд аст, даромад дошта бошад. 

Фоида, тавре маълум аст, барзиёдии  даромад аз фурӯши молҳо ва хизмат нисбат ба хароҷоти истеҳсол ва фурӯши ин молҳо мебошад. Фоида, ҳамчун фарқи байни даромади аз  фурӯши маҳсулот бадастомада ва маблағи хароҷоти омилҳои истеҳсолот дар фаъолияти хоҷагӣ бо ифодаи пулӣ ҳисоб карда мешавад.

Таркиб ва сохтори хароҷот дар раванди фаъолияти суғуртавӣ ду раванди бо ҳам алоқаманди             иқтисодиро    муайян            менамояд       –                       адо      кардани          ӯҳдадорӣ        дар             назди суғуртакунандагон ва бо маблағ таъмин намудани фаъолияти ширкати суғуртавӣ. Бинобар ин, дар кори суғурта таснифи зерини хароҷот қабул шудааст:

  • хароҷоти пардохтҳои суғуртавӣ;
  • ҳиссаҷудокунӣ бо фондҳои эҳтиётӣ ва захираи суғуртавӣ; – ҳиссаҷудокунӣ барои чораҳои пешгирикунанда; – хароҷоти коргузорӣ.

Ин хароҷот дар маҷмӯъ арзиши аслии амалиёти суғуртавиро ташкил медиҳанд. Дар ин маврид арзиши аслӣ дар кори суғурта ба ду маънӣ фаҳмида мешавад:

  1. Ба маънии васеъ-маҷмӯи ҳамаи хароҷоти ширкати суғуртавӣ барои расонидани хизмати ҳам бевосита (пардохти ҷуброни суғуртавӣ ё таъминоти суғуртавӣ), ва ҳам хароҷоти таъмини устувории молиявии амалиёти суғуртавӣ (ташаккули фондҳои эҳтиётӣ ва захиравӣ). 
  2. Ба маънии танг ‟ хароҷоти ширкати суғуртавӣ барои коргузорӣ.

Бояд қайд кард, ки ба арзиши суғуртавии амалиёт танҳо ҳамон қисми хароҷоти музди меҳнат, ки барои пардохти подоши агентҳои суғурта бевосита  равона карда мешавад, дохил мегардад. Тамоми хароҷоти боқимондаи музди меҳнат (кормандони штатӣ) аз ҳисоби даромади андозбандишаванда анҷом дода мешавад. Бо вуҷуди ин, хароҷоти музди меҳнат бо табиати иқтисодии худ унсури арзиши аслӣ мебошанд. 

Ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои эҳтиётӣ ё захираи ҳаққи узвият варианти ба худ хоси хароҷоти давраҳои оянда дар кори суғурта аст. Вай ҳамчун фарқи байни бузургии меъёрӣ ва амалии пардохти маблағҳои суғурта ва ҷуброни суғуртавӣ муайян карда мешавад. Мисли унсурҳои боқимондаи хароҷоти ширкати суғуртавӣ,  ҳисса ҷудокунӣбарои чораҳои пешгирикунанда бо сохтори меъёри тарифӣ муайян карда мешавад. То соли 1991 маблағҳои  барои чораҳои пешгирикунӣ таъиншуда ба буҷет гузаронида мешуданд. Акнун ин маблағҳо дар ихтиёри ширкатҳои суғуртавӣ боқӣ мемонанд.

Хароҷоти коргузорӣ ба сарбории вазни ғайрихолис – меъёр гузошта мешаванд ва унсури  муҳими арзиши аслии амалиёти суғуртавӣ мебошанд. Тибқи таснифи қабулшуда, онҳо хароҷоти музди кори агентҳо, хароҷоти хоҷагӣ ва канселярӣ, хароҷоти сафарҳои хизматӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонии суғурта хароҷоти коргузорӣ ба хароҷоти аквизатсионӣ, инкассавӣ, барҳамдиҳӣ ва идоракунӣ тақсим мешавад, ки маънии онҳоро мухтассар шарҳ медиҳем.

Хароҷоти аквизатсионӣ бо мақсади бастани шартномаҳои нави суғурта анҷом дода мешаванд.

 Хароҷоти инкассавӣ – хароҷоти пардохти музди меҳнати кормандони ширкати суғуртавӣ барои ҷамъоварии пардохтҳои суғурта ва хизматрасонӣ ба суғуртакунандагон мебошанд.

Хароҷоти барҳамдиҳӣ одатан бевосита мебошанд ва баъди рӯй додани ҳолати суғуртавӣ анҷом дода мешаванд. Онҳо ба намуди мушаххаси суғурта дахл доранд. 

Ба таркиби ин хароҷот, инчунин хароҷоти ба ҷои ҳодисаи суғуртавӣ омадани коршиносон (мумайизон), подошпулии онҳо, хароҷоти суд, хароҷоти муросилот ва ғ. дохил мешавад.

Хароҷоти идоракунӣ – хароҷоти маъмурию хоҷагӣ ва дигар хароҷотҳоро дар бар мегиранд. 

Бо роҳи муқоисаи даромаду хароҷоти ширкати суғуртавӣ натиҷаи молиявии амалиёти суғуртавӣ муайян карда мешавад. Таҳти мафҳуми натиҷаи молиявии амалиёти суғуртавӣ – арзёбии арзишии ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии ширкати суғуртавӣ фаҳмида мешавад. Натиҷаи молиявӣ ду унсур, яъне фоидаи (зараре) ширкати суғуртавӣ ва афзоиши (камшавии) захираи ҳаққи узвиятро дар бар мегирад. Афзоиши захираҳои ҳаққи узвият таъиноти мақсаднок дорад, вале дар давраи нигаҳдорӣ дар ҳисоби ширкати суғуртавӣ мумкин аст ба сифати манбаи амалиёти сармоягузорӣ истифода бурда шавад.

Фоидаи амалиёти суғуртавӣ – фарқияти байни нархи хизмати суғуртавии расондашуда ва арзиши аслии он мебошад. Манбаи асосии ташкили фоидаи амалиёти суғуртавӣ «фоидаи тарифҳо» мебошад, ки ҳангоми калкулятсияи сарборӣ ба меъёри тарифӣ, чун унсури мустақили  нархи хизмати суғуртавӣ илова карда мешавад. Фоида, ҳамчун унсури тариф,  дар танзими талабот ва пешниҳодот аз ҷониби ҷамъият оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта нақши мӯҳим мебозад, зеро ҳамаи унсурони боқимондаи тариф асоси объективӣ доранд.

Фоидаи ҳақиқӣ аз амалиёти суғуртавӣ бо таъсири сабабҳои объективӣ метавонад аз ҳисоби ҳар як унсури тариф, аз ҷумла  холис-меъёр ташаккул ёбад. Барои он,  ки имконияти гирифтани фоида аз ҳисоби вазни холис-меъёр истисно карда шуда, ташаккули фондҳои эҳтиётӣ ба миқдори кофӣ таъмин гардад, дар айни замон тартиби тақсими фонди пардохтҳои ҷорӣ истифода бурда мешавад, ки тибқи он оид ба ҳар намуди суғурта ба фонди эҳтиётӣ маблағи фарқияти байни ҳаҷми  маблағҳои  меъёрӣ ва амалии пардохт гузаронда мешавад. Вобаста ба ин, маблағи  фоидаи ҳақиқии амалиёти суғуртавӣ маблағи  фоидаро дар  тарифҳо ва маблағи  аз хароҷоти коргузорӣ сарфшударо – асосан сарфаи хароҷоти идоракуниро дар бар мегирад.

Нишондиҳандаи дараҷаи даромаднокии амалиёти суғуртавӣ – ин нисбати маблағи солонаи фоида бар маблағи солонаи пардохт оид ба ягон намуди суғурта ё маҷмӯи  амалиёти суғуртавӣ, ки бо фоиз ифода карда мешавад, мебошад.

Ба ғайр аз амалиёти суғуртавӣ,  ширкати суғуртавӣ, инчунин, аз фаъолияти сармоягузорӣ низ метавонад фоида ба даст орад. Фоида  аз сармоягузорӣ – ин фоидаи ширкати суғуртавӣ аз пешбурдӣ фаъолияти хоҷагии дорои хусусияти ғайрисуғуртавӣ мебошад. Ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ вазифаи асосии ширкати суғуртавӣ намебошад, вале маҳз дарёфти ҳамин фоида барои васеъ кардани масъулияти суғуртавӣ ва кам намудани тарифҳо оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта, мустаҳкам гардонидани базаи моддию техники ширкати суғуртавӣ ва инкишофи дигар самтҳои кори суғурта имкониятҳои зиёд медиҳад.

15.2 Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ аз амалиёти суғуртавӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ андозбандӣ карда мешавад.

Ба таркиби даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад, дохил мегарданд:

  1. Ҳаққи суғурта (пули суғурта) оид ба шартномаи  аз нав суғуртакунӣ. Ба таркиби воридоти мазкур пардохтҳо оид ба намудҳои суғуртаи ҳатмӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷет сурат мегирад, дохил намешаванд. Ба маблағи фурӯш (даромад) танҳо маблағе, ки мутобиқи тартиби муқарраргардида барои пӯшонидани хароҷоти ширкати суғуртавӣ оид ба  гузаронидани намудҳои нишондодаи суғурта равона шудааст, дохил карда мешавад;
  2. Подоши комиссионӣ ва тантемҳои оид ба шартномаҳо барои азнавсуғуртакунӣ дода шуда;
  3. Маблағи баргаштаи захираҳои суғурта, ки дар давраҳои пеш ҷудо карда шуда буд;
  4. Подоши комисионӣ барои хизмати расонидаи агенти суғурта, брокери суғурта,

сюрвейр ва ғ.;

  • Даромад аз гузоштани маблағҳои муваққатан озод ва дигар маблағҳо;
  • Маблағи ба дастомадаи фоизҳое, ки ба депозити ҳаққи суғурта оид ба хавфу хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ қабулшуда ҳисоб карда шудааст;
  • Маблағи,  бо тартиби амалӣ гардондани ҳуқуқи талаб кардани суғуртакунанда оид ба  суғуртаи амвол нисбат ба шахсе, ки ба зарари расида масъул аст (тибқи даъваҳои регресӣ), бадастомада;
  • Даромади дигар аз амалӣ гардонидани фаъолияти  суғртавӣ;
  • Фоида аз истифодаи фондҳои асосӣ, сарватҳои моддӣ ва дигар  дороиҳо;
  • Даромад аз иҷораи амвол;
  • Маблағи бадастомада аз адои қарзи дебиторӣ, ки дар давраи пеш чун зарар аз ҳисоб бароварда шудааст;
  • Аз ҳисоб баровардани қарзи кредиторӣ;
  • Даромад аз дигар фаъолияти аз тарафи қонунгузорӣ манънашудаи  бо фаъолияти

суғуртавӣ  бевосита алоқаманд набуда.

15.3. Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Ба хароҷоте, ки ба арзиши аслии хизмати расонидаи ширкати суғуртавӣ ворид мегарданд, дигар хароҷоте, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба анзар гирифта мешаванд, инҳо дохил мешаванд:

  1. Маблағи пардохтаи суғурта ва ҷуброни суғурта;
  2. Подоши комиссионӣ, ки ба миёнаравҳои суғуртавӣ пардохта шудааст (ба агентҳои суғурта, брокерҳои суғурта);
  3. Ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои махсуси суғуртавӣ ва захираҳо;
  4. Ҳиссаҷудокуниҳо ба захира оид ба таъмини чораҳои пешгирикунӣ;
  5. Пардохтҳои суғуртавӣ (ҳаққи суғурта), ки барои азнавсуғуртакунӣ дода шудаанд;
  6. Ба азнавсуғуртакунандагон баргардонидани ҳиссаи онҳо аз захираҳои суғуртаи соли гузашта;
  7. Маблағи андози иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;
  8. Маблағе, ки барои пардохт ба буҷаи ҶТ дар намуди андози амволи ширкати суғуртавӣ, андози замин ва андозҳо барои нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ҳисоб карда мешавад;
  9. Ҷубронпулии хароҷоти роҳ, сафарҳои хизматӣ ба агентҳои суғурта дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи бо розигии маъмурият, ҳамчунин ба агентҳои суғурта ҷуброни хароҷоти роҳ дар қитъаи кор;
  10. Пардохт ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ барои хизматрасонии онҳо вобаста ба фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла:
  11. пардохти хизмати шахсони ҳуқуқӣ барои иҷрои супоришҳои хаттии кормандони онҳо оид ба  гузаронидани ҳаққи узвияти суғурта аз музди кор бо роҳи хароҷоти ғайринақдӣ;
  12. пардохти хизмати муассисаҳои тандурустӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ оид ба додани маълумотномаҳо, маълумотҳои оморӣ, хулосаҳо ва ғ;
  13. пардохти хизмати инкассаторӣ;
  14. пардохти хизмати (подоши комиссионии) мутахассисон -мумайизон, сювейрҳо, комиссарони садамаҳо, ҳуқуқшиносҳо, адвакатҳо, кормандони агентиҳои тафтишоти махфӣ, ки барои арзёбии хавфу хатари суғуртавӣ, муайян кардани арзиши суғуртавии амвол ва ҳаҷми пардохти суғуртавӣ, арзёбии оқибатҳои ҳолати суғуртавӣ, ба танзим даровардани пардохтҳои суғуртавӣ ва ғ. ҷалб карда мешаванд;
  15. пардохти хизмати бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредитӣ, ки ба хизматрасонии фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла пардохти маблағи суғуртакунандагон, пешбурди суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, инчунин додан ва қабул кардани пулҳо вобаста мебошад.
  16. Хароҷоти реклама, тайёр ва аз нав тайёр кардани кадрҳо, хароҷоти намояндагӣ дар доираи меъёрҳои амалкунанда, ки бо назардошти хусусиятҳои соҳавӣ ҳисоб карда шудаанд;
  17. Хароҷоти шаҳодатномаҳои суғуртавӣ, бланкаҳои ҳисоботи қатъӣ, квитансияҳо ва

ғ;

  1. Пардохти хизмати маслиҳатӣ ва ахборотӣ, инчунин хизмати аудиторӣ, ки бо мақсади тасдиқ кардани ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ ва мувофиқи дигар талаботи қонунгузорӣ расонда шудааст;
  2. Хароҷот барои  нашри баланси солона ва ҳисоби фоидаю зарарҳо;

– хароҷоти иҷораи фондҳои асосӣ, якҷоя бо қисмҳои алоҳидаи он, ки барои фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла ба нақлиёти автомобилӣ барои кашонидани ҳуҷҷатҳо ва сарватҳои моддӣ истифода мешаванд;

15. Дигар хароҷоти вобаста ба фаъолияти суғуртавӣ, ки ба арзиши аслии хизмати суғуртавӣ (ғайр аз хароҷоти пардохти музди меҳнат) дохил гардидаанд.

 Ҳангоми андозбандии ширкати суғуртавӣ қонунгузории амалкунандаи андоз (Кодекси андози ҶТ) ва Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизмат) дар корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 12-майи с. 1999, № 210 тасдиқ шудааст,  ҳамчун дастурамал истифода карда мешавад. 

Даромади ширкати суғуртавӣ бо меъёри 30% андозбандӣ карда мешавад. Баъди пардохти андозҳо фоидаи соф ба вуҷуд меояд, ки он дар ихтиёри ширкати суғуртавӣ боқӣ монда, барои ташаккул додани фондҳои махсус (тарақии истеҳсолот, истеъмолот, ҳавасмандгардонии моддӣ, рушди иҷтимоӣ ва ғ.), инчунин мукофотонидани кормандон, хароҷоти намояндагӣ ва ғ. истифода бурда мешавад.

Илова бар ин,  қайд кардан зарур аст, ки кормандон ва агентҳои ширкати суғуртавӣ аз маоши худ низ дар шакли  андоз аз даромади шахсони воқеӣ – андоз месупоранд. Объекти андозбандӣ мачмӯи даромаде мебошад, ки корманд дар соли ҷории тақвимӣ гирифтааст.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.