Бозори суғурта дар мамлакатҳои дорои сатҳи баланди инкишофи фаъолияти суғуртавӣ

16.1. Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Дар ИМА зиёда аз 10 ҳазор ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият мекунанд: бештар аз 8 ҳазор – бо суғуртаи амвол ва бештар аз 2 ҳазор –   бо суғуртаи шахсӣ машғуланд, ҳол он ки шумораи якҷояи ширкатҳои суғуртавӣ дар мамлакатҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо (ИИА) ҳамагӣ то 4200 ададро ташкил медиҳад. Дар аввали солҳои 90-ум шаҳрвандони ИМА  қариб 90 млн. шартномаи суғуртавро, ки маблғи умумии 4,5 млрд. долларро ташкил мекард, дар даст  доштанд.

Монополияҳои суғуртавии ИМА тахминан 50 фоизи тамоми бозори суғуртаи мамлакатҳои мутараққии индустрии ҷаҳонро назорат менамоянд. Дороиҳои ҳамаи ширкатҳои суғуртавии ИМА тақрибан 1трлн. долларро ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна дороиҳои  як ширкат 950 млн. долларро ташкил менамоянд, ба 12 ширкати калонтарин бошад  45 млрд. доллар рост меояд.

Индустрияи суғуртавӣ дар ИМА ягона буда, зери таъсири қонунгузории зиддиинҳисории мамлакат қарор намегирад. Дар ИМА ду навъи ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият мекунанд –  ҷамъияти саҳомӣ ва ҷамъияти суғуртаи  байниҳамдигарӣ. Ширкатҳои давлатии суғуртавӣ вуҷуд надоранд. Саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомиро ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ харида  метавонанд. Ширкатҳои суғуртавӣ се навъи суғуртаркуниро анҷом медиҳанд:

  • бекифитҳо (суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ, тиббӣ, нафақа, амонатӣ ва ғ.);
  • тиҷоратӣ (доираи васеъ);
  • амволӣ (суғуртаи биноҳо, автомобилҳо ва дигар амволи шаҳрвандон).

Дар ИМА суғуртаи шахсӣ бештар инкишоф ёфтааст. Вай ба суғуртаи ҳаёт, суғурта аз бемориҳо ва фалокатҳо тақсим мешавад. Суғуртаи ҳаёт дар навбати худ ба суғурта дар мавриди фавтидан ва суғуртаи пасандоз тақсим мешавад.  Суғуртаи дар мавриди фавтиданро ба мӯҳлати муайян ё якумрӣ бастан мумкин аст. Ба ҳиссаи ин намуди суғурта дар ИМА ¾   қисми ҳамаи шартномаҳои суғурта рост меояд. Суғуртаи пасандоз ба мӯҳлати муйаян баста шуда, мабалғи суғурта ҳангоми ба синни муайян расидани шахси суғурташуда, ки онро шартнома муқаррар кардааст, пардохт карда мешавад. Аксар  вақт ин намуди суғурта якҷоя бо суғуртаи ҳодисаи фавт гузаронда мешавад. Ҷамъоварии солонаи пули суғуртаи ҳаёт қариб 9 млрд. долларо ташкил медиҳад.

Суғуртаи соҳаи қарзию-молиявӣ аз ҷиҳати аҳамиятнокии намудҳои суғурта дар ҷои дуюм меистад, ки ин  дар мамлакат дар соҳаи  савдо ва хизматрасонӣ васеъ паҳн шудани принсипҳои ҳисобҳои қарзиро мефаҳмонад. Суғуртаи амвол ва масъулияти фирмаҳои калонтарини  тиҷоратӣ ва саноатии ИМА  ба даст овардани ҳаҷми суғуртапулиро ба маблағи 8 млрд. доллар таъмин менамояд.

Ҳамаи ҷамъиятҳои суғуртавии ИМА аз рӯи принсипи ташкилӣ ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: ширкатҳои саҳҳомӣ (онҳо аксариятанд) ва «мёючуэлс» – як навъи ҷамъияти суғуртаи байниҳамдигарӣ.

Соҳибони ширкати суғуртавии саҳҳомӣ саҳмиядорон буда, дар шакли дивиденд фоида мегиранд. Моликони «мёючуэлс»  танҳо онҳое мебошанд, ки дар ҳамин ширкат суғурта шудаанд. Тамоми сармоя аз ҳисоби ҳаққи суғурта ва ҳиссаҷудокунӣ аз фоида ташкил меёбад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ширкатҳои калонтарини суғуртавии ИМА оид ба суғуртаи ҳаёт чунин  аст, ки бинобар баланд будани нуфузи ширкатҳои суғуртавӣ, ба ихтиёри  онҳо маблағҳои бисёрмиллиарда, ки ба фондҳои гуногуни нафақа таалуқ доранд, дода мешаванд. Дар ин маврид вазифаи  ҷамъиятҳои суғуртавӣ аз он иборат аст, ки бо роҳи истифода аз сиёсати самараноки  сармоягузорӣ нафақат ниҳадории мабалағ, инчунин афзоиши он низ таъмин карда шавад. Барои идоракунии ин маблағҳо ширкатҳои суғуртавӣ подоши комиссионӣ меситонанд. Ҳатто андозаи муътадили он – 01 фоиз аз  мабалғи барои идоракунӣ гирифташуда, миллионҳо доллар  даромад меорад.

Захираҳои калони сармоягузорӣ ширкатҳои суғуртавиро ба яке аз марказҳои бонуфузу таъсиррасони назорати молиявӣ нисбат ба корпоратсияҳои саноатӣ табдил медиҳанд. 

Хусусияти хоси системаи суғуртаи ИМА иштирок дар суғуртаи миёнаравҳои гуногун мебошад-шартномаи суғурта на бевосита, балки тавассути агенти суғурта ё брокер қабул карда мешавад. Шумораи умумии брокерҳо ва агентҳо дар мамлакат ба 0,5 млн. нафар мерасад. Ба фаъолияти брокерӣ, ҳам шахсони алоҳида, ва  ҳам фирмаҳои калони махсус, машғуланд.

Бисёр ширкатҳои суғуртавии ИМА дар аксар  мамлакатҳои ҷаҳон ширкатҳои фаръӣ доранд. Масалан, АИГ-ширкати холдингӣ дар 130 мамлакати ҷаҳон, 44 ширкати фаръиро назорат мекуанад. Басти (ҳайати)  хизматчиён қариб 28 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Корчалони хориҷии инҳисорияҳои Амрико ва фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ дар ИМА ва дигар мамолик ба даст овардани ҳаҷми пули суғуртаро ба маблағи қариб 2 млрд. доллар таъмин меномоянд.

Фаъолияти ҳамаи ширкатҳои суғуртавии ИМА-ро се ширкати консалтингӣ таҳлил менамоянд, ки  дар семоҳа каталоги кори онҳоро омӯхта,  рейтинги расмии ширкатҳои суғуртавиро нашр намуда, доир ба эътимоднокии онҳо барои муштарӣ ва ҳолати пардохтпазириашон маълумот медиҳанд. Омилҳои асосие, ки аз рӯи онҳо таҳлил гузаронда мешавад, вазъи молиявӣ, пардохти даъвоҳо ва сатҳи хизматрасонӣ, амният ва пешгирии талафот, чандирии кори  ширкати арзиши хизмат мебошанд.

Сатҳи талафот, даромад ва коэффисиенти самаранокӣ оид ба сармоягузорӣ ва дараҷаи қарзи дебиторӣ маҳакҳои асосии самаранокии кори ширкати суғурта шуморида мешавад.

16.2. Бозори суғуртаи Британияи Кабир

Бозори суғуртаи Британияи Кабир дар ҷаҳон калонтарин намебошад, аммо он аз ҳама кӯҳнатарин ва таҷрибаноктарин буда, нуфузи калони арзанда дорад. Дар давоми бисёр даҳсолаҳо ва то замони ҳозира бозори суғуртаи Англия қоида ва шартҳои суғуртаро илқо  мекард. Қоидаҳои суғуртаи Англия асоси шартҳои суғуртаи миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳо то ҳанӯз дар ҷаҳон бозоре баробари бозори суғуртаи Англия дида намешавад. Чунончӣ, дар ҳолати ҳаҷми  нисбатан начандон калони  бозори соф дохилии суғурта (5,3%) ҳиссаи он дар амалиёти дорои хусусияти байналмиллалӣ қариб 20% тамоми бизнеси ҷаҳонии суғуртавиро ташкил медиҳад. Ҷамъиятҳои суғуртавии Британия дар 43 мамлакат амалиёт мегузаронанд. Қариб аз даҳ як ҳиссаи  ҳамаи ҳаққи  суғурта дар ҷаҳон ба ҳисоби ҷамъиятҳои суғуртавии Британия ворид мегардад. Дар бозори суғуртаи Британияи Кабир дар аввали солҳои 90-ум 838 ширкати миллӣ ва хориҷии суғуртавӣ, 376 синдикати корпоратсияи «Ллойд» амал мекарданд.

Синдикати «Ллойд» – дар ҷаҳон машҳуртарин муассисаи суғурта- бештар аз 23,5 ҳазор муассисаи инфиродии суғуртавиро муттаҳид менамояд, ки бо амволи худ ба хавфу хатар  ҷавобгӯ мебошанд. Ба он, инчунин 2181 иштирокчии хориҷӣ дохил мешаванд, ки аз онҳо  1370тоашон аз ИМА мебошанд. «Ллойд» дар 5 бозори асосии мустақил-баҳрӣ, умумии амволӣ, ҳавопаймоӣ, автомобилӣ ва суғуртаи кӯтоҳмуддати ҳаёт амалиёт мегузаронад. Ба ҳиссаи суғуртаи баҳрӣ 40%-и ҳамаи маблағҳои суғуртаи корпоратсия мегирифта рост меоянд, ки  қисми зиёди онҳо аз амалиёти байналмиллалӣ ворид мегарданд.

Ҳар сол ширкатҳои суғуртавии Британияи Кабир бештар аз 55 млрд. фунт-стерлинг маблағи суғурта ҷамъ меоранд.

 Қонунгузории суғуртавӣ дар Британияи Кабир асосан бо талаботи дастурҳои суғуртавӣ ба танзим дароварда шудааст. Сохтори институтсионалии бозори суғуртаи Британияи Кабир аз ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои суғуртаи байниҳамдигарӣ, шӯъбаҳо ва намояндагиҳои  ширкатҳои хориҷии суғурта иборат мебошад. Мувофиқи дастурҳои ИАИ ширкатҳои суғуртавӣ ҳақ надоранд, ба ғайр аз суғурта боз ягон хели дигари фаъолияти тиҷоратӣ машғул шаванд.

Суғуртаи шахсӣ дар Британияи Кабир дар ширкатҳои махсуси  суғурта, фондҳои нафақа, инчунин ширкатҳои сармоягузорӣ (ҷамъиятҳои бинокорӣ), ки ба аҳолӣ амволи ғайриманқул мефурӯшанд, ғун карда шудааст. Дар даҳ соли охир афзоиши устувори ҷамъоварии пардохтҳои суғуртавӣ ба мушоҳида мерасад. Афзоиши калони пардохтҳои суғуртавӣ дар солҳои охир бинобар тағйир ёфтани қонунгузории нафақа дар Британияи Кабир ба қайд расид, ки он барои шартномаи шахсии суғуртаи нафақаро харидани аҳолии қобили меҳнат ҳавасмандии иқтисодӣ фароҳам овард. 

Суғуртаи амвол дар байни аҳолӣ якчанд намудҳои анънавӣ дорад, ки  дар байни онҳо суғуртаи автомобилҳои сабукрав, амволи хона, масъулияти шаҳрвандӣ ва ғ. ҳастанд. Ба суғуртаи амвол, инчунин суръати устувори инкишоф хос аст. Шартномаҳои  суғуртавиро дар Британия Кабир бевосита аз тарафи ширкатҳои суғуртавӣ, инчунин бо миёнаравии намояндагони андерайтингӣ ва миёнаравҳои суғуртавӣ (агентҳо  ва брокерҳо) баста мешаванд.

Дар Британияи Кабир суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари ба  шахси сеюм расонидаи  соҳибони овтомобил, ҳавопаймоҳои боркаш, ҳайвоноти хонагӣ, амал мекунад. Суғуртаи ҳатмии масъулияти касбӣ барои адвокатҳо, муҳосибон, брокерҳои суғурта, инчунин операторони дастгоҳҳои нерӯи атомӣ пешбинӣ шудааст.

Сохтори махсуси бозори суғуртаи Англия – ин идоракунии ҳимояи суғуртакунандагон, инчунин фонди дахлдори суғурта мебошад, ки он аз ҳисоби ширкатҳои суғуртавӣ ташаккул меёбад. Дараҷаи ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҷуброн ба базургии вазни хоси ҳаққи суғурта,  ки ширкати суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта ҷамъ меоварад, асос ёфтааст. Дар сурати муфлис шудани ширкати суғуртавӣ,  маблағи фонди ҷуброн барои пурра ё қисман ҷуброн кардани талафи онҳо тибқи шартномаи суғуртаи ҳатмӣ истифода бурда мешавад.

Вазифаи мақоми назорати давлатии суғуртаро дар Британияи Кабир Шӯъбаи суғуртаи Департаменти савдо ва саноат иҷро менамояд. 

Ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ ӯҳдадоранд ҳисоботи солонаи молиявӣ тартиб диҳанд. Ҳисоботи молиявӣ ба тариқи ҳатмӣ аз санҷиши аудити берунӣ мегузарад. Ширкатҳои суғуртавӣ аз фоидаи фаъолияти суғуртавӣ ва инчунин аз амвол  андозҳо месупоранд.

16.3. Бозори суғуртаи Олмон

  Бозори суғуртаи Олмон як қатор хусусиятҳо дорад, 51%-и  бозори суғуртаи миллиро – суғуртаи амвол, суғуртаи шахсӣ – 37%,  тиббӣ –  қариб 12% ҳаҷми умумии муомилотро ташкил медиҳад. Суғуртаи тиббӣ дар Олмон назар ба дигар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ камтар маъмул аст.

Бозори суғурта дар Олмон, ки босуръат рушд дорад, байни системаи таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва бахши хусусии хизмати суғуртавӣ тақсим шудааст. Суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳамаи кормандони меҳнати кироя ҳатмист, агар онҳо бо бахши хизмати хусусии суғуртавӣ фаро гирифта нашуда бошанд – суғуртаи айёми пирӣ, ҳолати бекорӣ, муввақатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ дар назар дошта мешавад.

Дар аввали солҳои 90-ӯм дар Олмон 115 ҷамъияти суғуртавӣ, ки ба бахши шахсии суғурта хизмат мерасонанд, 230 фонди ғайридавлатии нафақа, 56 ҷамъияти суғуртаи тиббӣ, 35 ширкати махсуси азнавсуғуртакунӣ, 330 ширкатҳои  дигари суғуртавӣ мавҷуд буданд. Хусусияти бозори суғуртаи Олмонро 2200 ширкати суғуртаи маҳаллии минтақавӣ, ки қариб 5% ҳаҷми умумии маблағи суғуртаро ҷамъ меоваранд, ташкил медоданд. Ба ширкатҳои суғуртаи хориҷӣ дар Олмон 13%-и бозори суғурта тааллуқ дорад, ки аз байни онҳо ширкатҳои суғуртавии Швейтсария  бо 9%-и  бозори суғуртаи дар ихтиёр доштаашон,  чун анъана,  мавқеъи пешсафиро ишғол менамоянд.

Бахши хусусии хизмати суғуртавӣ дар Олмон аз ҷамъиятҳои саҳомии суғуртавӣ, ки моликияти саҳмгузарони он мебошанд, ҷамъиятҳои суғуртавии байниҳамдигарӣ ва корпоратсияҳои давлатии суғуртавӣ иборат аст.

Ширкатҳои суғуртавӣ дар Олмон ҳуқуқ надоранд, ғайр аз суғурта, боз бо ягон фаъолияти дигар машғул шаванд. 

Суғуртаи ҳатмӣ дар Олмон нисбатан хусусияти маҳдудӣ дорад. Қонунгузорӣ суғуртаи ҳатмии корфарморо  барои зарари бо маҷрӯҳии истеҳсолӣ ё бо шароити номусоиди меҳнат ба кормандон расондашуда,  суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони нақлиёти автомобилӣ, ҳавопаймоҳои боркаш, муҳосибон, ширкорчиён ва ғайраро муқаррар менамояд. Дар баъзе заминҳои федералӣ суғуртаи ҳатмӣ аз оташ муқаррар гардидааст.

Кори суғуртаро дар Олмон Қонун дар бораи назорати давлатии суғурта танзим мекунад, ки дар он меъёрҳои асосии ҳуқуқии суғурта ифода ёфтаанд. Ширкатҳои миллӣ ва хориҷии суғуртавиро, ки дар Олмон амал мекунанд, аз ҷониби идораи федералии назорати фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ ҳатман назорат карда мешаванд. Мақсади асосии фаъолияти мақоми федералии назорати давлатии суғурта ҳимояи манфиатҳои суғуртакунандагон мебошад.

Олмон дар кори азнавсуғуртакунӣ таҷрибаи калон дорад. Ҷамъияти азнавсуғуртакунии Кёлн калонтарин ширкати азнавсуғуртакунӣ мебошад, ки дар он ҷамъоварии маблағи суғурта қариб 2 млрд. маркаро ташкил медиҳад ва ҷамъияти азнавсуғуртакунии Мюнхен-калонтарин ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ дар ҷаҳон мебошад, ки ба қарибӣ дар Москва намондагии худро кушодааст. Вай ҳимояи азнавсуғуртакунӣ, инчунин кӯмаки ихтисоснокро дар масъалаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ пешниҳод мекунад. 

Бозори суғурта Олмон ба 39 гурӯҳи суғурта тақсим шудааст, ки аз инҳо 10 гурӯҳ 51%-и  маблағи умумии суғуртаро ҷамъ меорад. Гурӯҳи суғуртаи «Алянс» аз рақибони худ хеле ақибтар ҷой гирифтааст. Ҳиссаи он дар бозор аз 20% зиёд аст. Ширкати «Алёянс» ба қатори даҳ ширкати калонтарини ҷаҳон дохил мешавад. Дар қатори ширкатҳои калонтарини суғуртавӣ ҷамъияти суғуртавии «Колония», консерни «Герлинг» -ро номбар кардан мумкин аст. Гурӯҳи «Фолкофюзорте»  қариб 5%-и  бозорро назорат мекунад. Сатҳи тамаркуз дар ширкатҳое, ки бо азнавсуғуртакунӣ машғуланд, боз ҳам баландтар аст. Дар ин ҷо 5 ширкат қариб 75%-и  ҷамъоварии маблағи суғуртаро дар ихтиёри худ доранд.       

Мустаҳкамии мавқеъҳое, ки инҳисорияҳои суғуртаи мамлакат нигоҳ медоранд, ба ғуншавии захираҳои пулӣ дар онҳо асос меёбад. Ба ҳисоби миёна танҳо 13% маблағи дар ихтиёри ширкатҳои суғуртавӣ бударо, дорандагони шартномаи суғурта пардохт менамоянд, қисми асосии онҳо бошад дар намуди маблағгузорҳои асосӣ  ҷойгир карда мешавад. Маблағгузориҳои асосии  ширкатҳои суғуртавӣ 25% тамоми сармоягузориро ба иқтисодиёт таъмин менамояд, даромад аз онҳо бошад, бештар аз 15 даромади умумии ширкатҳои суғартавиро ташкил медиҳад. 

Хусусияти хоси солҳои – охир  интернатсионалӣ гардидани фаъолияти ширкатҳои суғуртавии Олмон мебошад. Ба бозори хориҷӣ воридшавии ширкатҳои суғуртавӣ дар солҳои 50-ӯми асри XX оғоз ёфт ва ҳамон вақт ҳам ҷамъиятҳои азнавсуғуртакунӣ нисбат ба фирмаҳои суғуртакунии ибтидоӣ бештар фаъолият зоҳир мекарданд. Амалиёти суғуртаро дар хориҷа шӯъбаҳо ва ширкатҳои хориҷии назоратшаванда анҷом медиҳанд.

Қисми зиёди шӯъбаҳои хориҷӣ дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ҷойгир мебошанд, дар дигар минтақаҳо иштирок дар сармояи  ҷамъиятҳои маҳалии суғурта бештар аст. Ҷамъиятҳои суғуртавии Олмон  бо ин ё он шакл  ҳамагӣ дар бозори 17 мамлакат вуҷуд доранд.

Даромад аз фаъолияти суғуртавӣ мавқеи андозбандӣ қарор  мегирад. Умуман меъёри 50%аи андозбандии фоидаи фаъолияти суғуртавӣ истифода бурда мешавад. Мабалғи суғурта оид ба ҳамаи шартномаи суғурта, ба ғайр аз шартномаи суғуртаи ҳаёт, 80% андозбандӣ мешавад.

Андоз аз  арзиши иловашуда нисбати ҳаққи суғурта татбиқ карда намешавад.

16.4. Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

 Бозори суғуртаи Шветсария бо сатҳи баланди рушди кори суғурта фарқ мекунад. Дар охири солҳои 90-ӯм дар мамлакат 117 ширкати суғуртавӣ, аз ҷумла – 23 ширкати суғуртавии шахсӣ, 82 ширкати суғуртавии умумӣ ва 12 ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ мавҷуд буданд. 

Барои бозори суғуртаи Шветсария пайвастшавии зичи сармояи миллӣ ва хориҷӣ хос аст. Ширкатҳои суғуртавӣ аксар вақт корпоратсияҳои дорои  манфиатҳои зиёди трансмиллӣ мебошанд.

«Сюрих ферзихс-рунгсгезелышафт»  калонтарин ширкати суғуратвии умумӣ ба шумор меравад. Ширкат ба гурӯҳи муқтадири суғуртавӣ сарварӣ менамояд, ки дар навбати худ ба он 34 ширкати фаръии дохили мамлакат ва хориҷӣ дохил мешаванд. Ба гурӯҳи «Сюрих» «Вита»- сеюмин ширкати калонтарини Шветсария оид ба суғуртаи шахсӣ, ду ширкати суғуртаи умумӣ –  «Албина» ва «Турегум» ва дигарон таалуқ доранд.

Консерн дар ИМА манфиатҳои зиёде дошта, дар он ҷо 6 ширкати фаръӣ амал мекунад ва тамоми соҳаҳои суғуртаро дар бар мегирад. Дар байни онҳо «Сюрих америкоӣ» мебошад, ки аз ҷиҳати маблағи суғурта ба қатори 40 ширкати калонтарини суғуртаи ИМА дохил мешавад. Дар Олмон манфиати «Сюрих»-ро 7 ширкати фаръии суғуртавӣ ифода менамоянд, ба ғайр аз ин, ширкатҳои фаръӣ дар Канада, Британияи Кабир, Франсия, Италия ва дигар мамлактҳо мавҷуданд.

Ширкатҳои Шветсария дар бозори ҷаҳонии суғурта дар соҳаи аз нав суғуртакунӣ мавқеъи мустаҳкамро ишғол мекунанд. Ба зиммаи он бештар аз нисфи ҳамаи маблағҳои хориҷ аз кишвар воридшавандаи суғурта рост меояд. Дар дохили мамлакат аз ним бештари ҳаҷми умумии мабалғи суғуртаро суғуртаи шахсӣ ташкил медиҳад. 

Дар Шветсария ба сатҳи нишондиҳандаи баландтарини ҷамъоварии маблағи суғурта ба ҳар сари аҳолӣ ноил гардидаанд. Дар Шветсария шартномаҳои суғурта то 15%-и буҷети миёнаи оиларо фаро мегиранд ва моддаи аз ҳама калони хароҷот мебошанд. Оилаи миёнаи Шветсария барои суғурта назар ба хӯрокворӣ  бештар маблағ сарф мекунад. 

Суғуртаи соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ низ инкишоф ёфтааст. Ҳамаи корхонаҳои саноатӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар корхонаҳои мамлакат муштариён мебошанд.

Яке аз шартҳои  фаъолияти бомуваффақияти ширкатҳои суғуртавии Шветсария фаъолияти сармоягузории онҳо дар бозори сармоя мебошад. Бештар аз нисфи ҳамаи дороиҳои ширкатҳои суғуртавӣ дар шакли қарз ва сармоягузорӣ ба облигатсияҳо ҷойгир карда шудааст.

Бозори суғуртаи Италия дар иқтисодиёти мамлакат мисли дигар мамлакатҳо чандон нақши муҳим намебозад. Аломатҳои суғуртаи замони ҳозира дар Италия консерватизми системаи суғурта, суст ҷорӣ шудани навигариҳо, набудани диверсификатсияи фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ дар соҳаи муҷовири системаи милиявию кредитӣ, танзими қатъиии давлатии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ мебошад.

Дар аввали солҳои 90-ӯм дар Италия 211 ҷамъияти суғуртавӣ амал мекарданд. Аз онҳо 6 адад пурра бо амалиёти азнавсуғуртакунӣ, 25 –  танҳо бо суғуртаи ҳаёт, 27 – бо суғуртаи ҳаёт ва амвол, боқимонда 135 адад – танҳо бо суғуртаи амвол машғул буданд. Аз шумораи умумии ҷамъиятҳо 48-тои онҳо ба сармояи  хориҷӣ таалуқ доранд. 

Қариб 58%-и  ҷамъоварии умумии  пули суғурта ба суғуртаи хавфу хатарҳое рост меояд, ки бо соҳибони автомобил алоқаманданд. Аксарияти ширкатҳои суғуртавӣ ҷамъиятҳои хусусии саҳомӣ мебошанд.

Ширкати калонтарини суғуртаи Италия «Ассикуратсиони ҷенерали» мебошад. Вай ба қатори даҳ ҷамъияти пешбари суғуртавии ҷаҳон дохил мешавад. Сармояи он тақрибан ба 52 ҳазор обуначиёни хусусӣ таалуқ дорад. Ширкати суғуртавӣ ба тамоми намудҳои суғурта, аз ҷумла суғуртаи амвол, ҳаёт азнавсуғуртакунӣ машғул буда,  на камтар аз 12%-и  бозори суғуртаи ҳаёт ва на камтар аз 8%-и  бозори суғуртаи амволро дар Италия  назорат мекунад. Шабакаи васеи шӯъбаҳои хориҷиро дорост. 

Бозори суғуртаи Франсия бо рушди фавқулода босуръат  дар давраи баъдиҷангӣ маълум аст. Аз мобайни солҳои 50-ӯ то аввали солҳои 80 ‟ӯм гардиши он 25 баробар афзуд, ҳол он ки маҳсулоти умумии дохилии мамлакат 15 баробар афзуд. 

Намудҳои асосии суғурта дар Франсия – суғуртаи автомобил ва суғуртаи ҳаёт мебошанд. Дар солҳои 1983-1984, бинобар парвози доимии спутникҳои маснӯъи замин ба коинот бо ёрии ракетаои «Ариан», соҳаи нави суғурта-суғуртаи хавфу хатарҳои коинотӣ ба миён омад. Барои афзоиши имконияти бозор дар соли 1983 пули суғуртаи хавфу хатарҳои коинотӣ таъсис ёфт. Бозори  азнавсуғуртакунии Франсия дар ҷаҳон ҷои 5-ӯмро ишғол менамояд.

Дар Франсия,  масалан, назар ба Британия Кабир гурӯҳҳои саноатӣ дар ширкатҳои суғуртавӣ амалан иштирок намекунанд. Саҳмиядорони ширкатҳои суғуртавӣ гурӯҳҳои маҳаллӣ ва хориҷии бонкӣ ва молиявӣ, шахсони алоҳида ва давлат мебошанд. Дар навбати худ ширкатҳои суғуртавӣ ба пайвастшавии бизнеси суғурта ва бонк мусоидат намуда, дар сармояи гурӯҳҳои бонкӣ иштирок мекунанд. 

Фаъолияти хориҷӣ барои ҷамъиятҳои суғуртавии Франсия нисбатан самти нави фаъолият мебошад. Франсия аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон, баъди Британияи Кабир ва Шветсария, ҷои 3-ӯмро ишғол менамояд. Ширкатҳои калонтарини суғуртавии Франсия дар зиёда аз 60 мамлакати ҷаҳон бахшу шӯъбаҳо дорад. Ширкатҳои суғуртавии Франсия дар бозорҳои Шарқи миёна ва дур бо муваффақият амал мекунанд.

Бозори суғуртаи Ҷопон як қатор хусусиятҳои хос дорад. Яке аз онҳо дар кори суғурта афзалият доштани ширкатҳои суғуртавии ҳаёт мебошад. Ширкатҳои суғуртаивии ҳаёт соҳибони калонтарини саҳмияҳо ва облигатсияҳои ширкатҳои хусусӣ, инчунин корпоратсияҳои давлатӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар масъалаҳои қарздиҳӣ нақши мӯҳим мебозанд. Дар солҳои охир онҳо ба бозори суғуртаи ИМА, Канада ва дигар мамлакатҳо фаъолона ворид мегарданд. Шумораи онҳо 23 ададро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо онҳо аз ширкатҳои суғуртавии умумӣ пеш гузаштаанд.

Маблағе, ки онҳо аз пули суғурта мегиранд, аз маблағи мегирифтаи ширкатҳои суғуртавии умумӣ бештар аз 2 баробар зиёд аст. Сабаби бартарӣ доштани ширкатҳои суғуртавии ҳаёт аз он иборат, ки муддати тӯлонӣ системаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти он дар Ҷопон вуҷуд надошт, бинобар ин, аксари аҳолӣ маҷбур буд аз хизмати ширкатҳои суғуртавӣ истифода барад.

Ширкатҳое, ки суғуртаи умумиро анҷом медиҳанд, инчунин, ҳам дар иқтисодиёти мамлакат ва ҳам дар робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷопон,  нақши мӯҳим мебозанд. Бисёрии онҳо ба гурӯҳҳои дахлдори инҳисорӣ дохил шуда, вазифаи ширкатҳоро оид ба суғуртаи ҳаёт пурра мегардонанд. Онҳо хавфу хатарҳои гуногунро суғурта мекунанд, ки бо фаъолияти байналхалқии ширкатҳои байналмиллии Ҷопон алоқаманд мебошанд. Калонтарини ин ширкатҳои суғуртавӣ ба сифати сармоягузорон ва қарздиҳандагони байналмиллалӣ фаъолият менамоянд.

Давлат фаъолияти ширкатҳои суғуртавиро қатъиян танзим мекунад. Бидуни розигии вазорати молия меъёри ҳаққи суғуртаро тағйир додан мумкин нест. Рақобат байни ширкатҳои суғуртавӣ ба туфайли набудани брокерҳои суғурта маҳдуд аст. Системаи суғурта аз шумораи зиёди шӯъбаҳо ва намояндагии онҳо, ки дар ширкатҳои калонтарин даҳҳо ҳазор мебошад, иборат аст. 

Таҳлили кӯтоҳи бозори суғуртаи мамлакатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки системаи суғурати ҳар кадоми онҳо қисми таркибии бозори байналхалқии суғурта мебошад.

Дар баробари ин, аз 8 то 12%-и маҷмӯи маҳсулоти миллиро аз нав тақсим карда, вай чун бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ амал мекунад.  Маблағҳои ғункардаи ширкатҳои суғуртавӣ чун манбаи сармоягузориҳои калон хизмат мекунанд. Танзими давлатии фаъолияти суғуратвӣ дар хориҷа асосан ба  назорат аз болои  фаъолияти молиявии ширкатҳои суғуртавӣ равона гардидааст. 

Ба ширкатҳои суғуртавии Тоҷикистон зарур аст, ки дар асоси таҷрибаи ширкатҳои хориҷии суғуртавӣ барои барпо кардани бозори суғурта дар ҷумҳурӣ кӯшиш намоянд, зеро он то ҳол  пурра барпо нашудааст ва фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ комилан бо манфиатҳои идоравии онҳо маҳдуд мебошад. 

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.