Фанни Иқтисоди миллӣ

МЕТОДҲО ВА ВАЗИФАҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Назарияи иқтисод чун дигар илмҳо аз методҳои зерин истифода мебарад: методи таърихӣ; методи мантиқӣ; методи таҳлили муқоисавӣ; методи тасвирҳои графикӣ.

Методи таърихӣ: методи  илмии маърифат аст, ки таҳқиқи ҳодисаҳову ҷараёнҳои иқтисодиро дар пайдарҳамии ба худ хоси рушди таърихӣ дар назар дорад.

Методи мантиқӣ: тарзи маърифати илмиест, ки таҳқиқоташ бар омўзиши амиқу ҳарҷонибаи робитаҳои сабабу натиҷаҳое, ки байни ҳодисаҳои омўхташаванда қарор доранд, асос ёфтааст.

Методи таҳлили муқоисавӣ: тарзи маърифати илмист, ки бар муқоисаи ҳодисаҳои омўхташаванда бо ҳодисаҳои пештар омўхташуда бо мақсади ошкор сохтани хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаашон асос ёфтааст.

Методи тасвирҳои графикӣ: тарзи маърифати илмист, ки ба сохтани ҷадвалҳо, яъне тасвири тарҳу нақшаи омилҳо ва нишондиҳандаҳои ҳодисаҳои омўхташаванда бо ёрии аломатҳои геометрӣ ва ё расму нақшаҳои ороишӣ асос ёфтааст.

Шаклҳои асосии графикаҳо инҳоянд:

  1. диаграммаҳо, ки ҳангоми омўзиши муносибати байни ҳодисаҳову ҷараёнҳои гуногун мавриди истифода қарор мегиранд;
  2. графикаҳои нақшавӣ, ки ҳангоми омўзиши робитаи байниҳамдигарии ҷараёнҳои омўхташаванда ба кор бурда мешаванд.

Бо ёрии усулҳои методӣ назарияи иқтисод вазифаҳои худро иҷро менамояд.

Вазифаҳои асосии назарияи иқтисод маърифатӣ; пешбинӣ ва амалӣ мебошанд.

Вазифаи маърифатии назарияи иқтисод чунин аст:

  1. таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаҳову ҷараёнҳои иқтисодӣ ва инчунин моҳияти онҳо;
  2. ошкор сохтани қонуниятҳои умумикунандаи рушди иқтисоди миллӣ ва байналмилалӣ.
  3. аз назар гузаронидани фактҳои оммавии иқтисодӣ, ки истифодакунандаи амалиёти субектҳои хоҷагидорӣ мебошанд;
  4. ҷамъоварӣ ва умумикунонии маълумот оид ба рафти ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ.

Вазифаи пешбинии назарияи иқтисод инҳоро дар назар дорад:

  1. коркарди методҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашудаи  пешбинии воқеияти иқтисодӣ дар оянда;
  2. ташаккули тарзҳои пешбинии рушди ҳодисаҳои хусусияти илмӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта барои ояндаи наздик;
  3. таҳияи нишондиҳандаҳои ояндаи иқтисодӣ;
  4. матлуб кардани қарорҳо оид ба идоракунӣ, ки барои ояндаи дур қабул карда мешаванд.

Вазифаҳои амалии назарияи иқтисод аз бандҳои зерин иборат аст:

  1. ташаккули ҳалли илмӣ ва асоснок намудани сиёсати иҷтимоӣ- иқтисодии давлат;
  2. ошкор сохтани усулҳо ва методҳои милликунонии ҷараёнҳои иқтисодӣ;
  3. таҳияи стратегияи иқтисодӣ дар самтҳои микро ва макроиқисодӣ;
  4. таъини асосҳои илмии рушди давлат.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *