ПРИНСИПҲО ВА ҚОНУНҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Назарияи иқтисод илмест дорои принсипҳои бунёдӣ.

Принсипҳои асосии назарияи иқтисод инҳоянд:

  1. принсипи робитаи байниҳамдигарии назария ва амалия;
    1. принсипи ягонагии макро ва микротаҳлил;
    1. принсипи воқеияти таърихӣ

Мутобиқи принсипҳои номбаршуда қонунҳои асосии назарияи иқтисод (қонунҳои иқтисодӣ) сурат гирифтаанд.

Қонунҳои иқтисодӣ – робитаҳои сабабиву натиҷавианд, ки бар асари робитаҳову вобастагиҳои байниҳамдигарии ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ ба миён меоянд.

Чор навъи асосии қонунҳои иқтисодӣмавҷуданд:

  1. умумӣ – қонунҳои ҳаёти иқтисодии ҷомеа, ки хоси ҳамаи тарзҳои истеҳсолотанд ва ифодагари робитаҳои сабабию натиҷавии хоси тарзҳои гуногуни технологии истеҳсолот мебошанд;
  2. махсус – қонунҳои форматсияҳои иҷтимоӣ-иқтисодии алоҳида, ифодакунандаи робитаҳои сабабӣ-натиҷавии хоси тарзҳои гуногуни истеҳсолот дар алоқамандиашон бо унсурҳое, ки аз ҷиҳати мундариҷаи дохилиашон барои ҳамаи шаклҳои ҷамъиятӣ ягонаанд.
  3. мушаххас – қонунҳои тарзи истеҳсолоти ҷамъиятии ҷудогона;
  4. истисноӣ – қонунҳои як давраи алоҳидаи мушаххаси тарзи истеҳсолоти ҷамъиятӣ.

Илова бар ин, дар дохили ҳар як навъи қонунҳои иқтисодӣ намудҳои дигар мавҷуданд:

  1. қонунҳои иқтисодии объективӣ;
  2. қонунҳои иқтисодии субъективӣ.

Қонунҳои объективӣ – қонунҳоеянд, ки ба ҳама ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагӣ, новобаста аз майлу хоҳиши одамон таъсир доранд;

Қонунҳои субъективӣ – қонунҳоеанд, ки таъсирашон ба ҷараёни иқтисодӣ то андозае ба майлу хоҳиши одамон вобаста аст.

Дар якҷоягӣ қонунҳои объективӣ ва субъективӣ низоми ягонаи қонунҳои иқтисодиро ташкил медиҳанд.

   Системаи қонунҳои иқтисодӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

  1. қонунҳои зарур;
  2. қонунҳои тасодуфӣ;
  3. қонунҳои моҳияти ҳодисаҳо;
  4. қонунҳои бемоҳият;
  5. қонунҳои оммавӣ;
  6. қонунҳои ҷудогона;
  7. қонунҳои доиман такрорёбанда;
  8. қонунҳои такрорнашаванда;
  9. қонунҳои амалашон мутлақ;

10) қонунҳои ноустувор.

Қонунҳои иқтисодӣ хосияти дар амалия дақиқан ташакулёфта доранд, аз ин рў мувофиқи принсипи ягонагии назария ва амалия инҳоро дар робита бо категорияҳои иқтисодӣ аз назар гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст.

Категорияҳои иқтисодӣ ифодаи назариявии робитаҳои сабабӣ – натиҷавии байни ҳодисаҳову ҷараёнҳои иқтисодӣ мебошанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.