НАМОЯНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Намояндаҳои (агентҳои) иқтисодӣ–иштироккунандагони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ, соҳибони баъзе меъёрҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки тасмими иқтисодӣ гирифта, ба ягон қарори муайян меоянд.

Намояндаҳои иқтисодӣ субъектҳои муносибатҳои иқтисодианд, дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, мубодила, истеъмоли неъматҳои иқтисодӣ иштирок мекунанд.

Неъмати иқтисодӣ – маҳсули меҳнат аст дорои арзиши муайяни моддӣ барои истеъмолкунанда, ки чун робита байни агентҳои иқтисодӣ хизмат мекунад.

Намояндаҳои асосии иқтисодиро ба ин тартиб ҷудо мекунанд:

1. Афрод (индивидҳо) (хоҷагидории хонагӣ).

Хоҷагидории хонагӣ – субъекти асосии фаъолияти иқтисодист, ки объектҳои иқтисодӣ ва ҷараёнҳои рўйдиҳандаро дар ҷое, ки доиман инсон зиндагӣ мекунад, дар бар мегирад.

Хоҷагидории хонагиро сардори хоҷагӣ роҳбарӣ мекунад.

2. Ширкатҳо.

Ширкат – шахсияти ҳуқуқист дорои маҷмўи қарордодҳо. Мутобиқи онҳо ҳуқуқ, ўҳдадорӣ, масъулияти гурўҳи муайни ашхос таъин мегардад.

Ширкатҳо ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. муассисаҳои инфиродии коргузор;
  2. шарикон;
  3. корпоратсияҳо.

3. Давлат ва муассисаҳои он

Давлат – ташкилоти асосии сиёсии ҷамъият аст, ки ҳифзи сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онро дар ҳудуди муайни давлатӣ ба ўҳда дорад.

Ҳадафи фаъолияти намояндаҳо ба ҳадди аксар расонидани натиҷаҳо бо хароҷоти додашуда ва ё ба ҳадди ақал расонидани хароҷот мувофиқи натиҷаи таъингардида мебошад.

Назарияи иқтисоди муосир бар принсипҳои амали оқилонаи намояндаҳо асос ёфтааст.

Амали оқилонаи намояндаҳо ба талаботи зер бояд мувофиқат бикунад:

1) афрод барои ба ҳадди ниҳоӣ расонидани қонеъгардонии истеъмолкунандагон бо назардошти ҳамаи хароҷот кўшиш менамоянд;

2) давлат барои пешрафти боз ҳам афзунтар кардани некўаҳволии мардум ба воситаи буҷет кўшиш менамояд;

3) иттифоқҳои касаба барои афзудани музди меҳнат, беҳсозии шароити зиндагии аъзоёни худ мекўшанд. Барои расидан ба ин мақсадҳо ҳаракат менамоянд, ки бо маъмурияти корхонаҳо шартнома баста, манфиати кормандонро ҳимоя кунанд.

Намояндаҳои иқтисодиро ба ду гурўҳ  ҷудо менамоянд:

1) намояндаҳои ғайрибозорӣ (воқеӣ);

2) намояндаҳои бозорӣ (ғайривоқеӣ).

Намояндаҳои ғайрибозории иқтисодӣ афрод (хоҷагидории хонагӣ) мебошанд.

Намояндаҳои иқтисодии бозаргонӣ инҳоянд:

1) ширкатҳо, яъне ашхоси ҳуқуқӣ;

2) давлат, яъне агент оид ба махсусгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти хусусӣ.

Назарияи микроиқтисодии намояндаҳо ба ду қисм ҷудо мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:

1) назарияи амалиёти фард;

2) назарияи ширкат.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.