Фанни Иқтисоди миллӣ

САҲМИ ФИЗИОКРАТҲО ДАР ПЕШРАФТИ АФКОРИ ИҚТИСОДӢ.

Мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ – ҷараёни афкори иқтисодии охири асри XVII – ибтидои асри XIX мебошад.

Заминаи пайдоиши мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ роҳ ёфтани сармоя ба соҳаи истеҳсолот буд.

Принсипҳои бунёдии мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ бад-ин қароранд:

1) ҷараёни истеҳсол сарчашмаи ягона ва воқеии дороии ҷамъиятӣ мебошад;

2) ҷараёни истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли дороиро қонунҳои объективии иқтисодӣ муайян мекунанд.

Қонунҳои объективии иқтисодӣ – робитаҳои сабабӣ-натиҷавии байни ҳодисаҳову ҷараёнҳои иқтисодии ба таври устувор такроршаванда, новобаста аз мавқеъ ва майлу хоҳиши иштироккунанда дар онҳо мебошад.

3) дахолати давлат ба ҳаёти иқтисодии ҷомеа бояд маҳдуд бошад;

4) ҷараёни зиёд ворид гардидани пул ба кишвар сабаби баланд шуданд нархҳои дохилӣ мешавад ва дар ин замина ҷараёни таваррум афзоиш меёбад;

5) фаъолияти иқтисодии ҷомеа аз системаи унсурҳои ба ҳамдигар робитадошта ва ба ҳамдигар вобаста, аз қабили истеҳсол, тақсим, табодул, истеъмол иборат аст.

Дар мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ ду равия – мактаби франсавӣ ва мактаби англисӣ вуҷуд доштанд.

Намояндагони маъруфи физиократҳо Ф.Кенэ, А.Р.Ж. Тюрго, П. Буагилбер мебошанд.

Намояндагони мактаби физиократҳо чун далелҳои раднашаванда матлабҳои зеринро иброз медоштанд:

1) соҳаи ягонае, ки дар он маҳсулоти изофагӣ истеҳсол карда мешавад, хоҷагии қишлоқ мебошад;

2) хоҷагии қишлоқ саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд, барои савдо мол меорад;

3) савдо ва соҳаи саноат фоидаи гирифтаашонро ба хоҷагии қишлоқ бармегардонанд ва он дар навбати худ маҳсулоти нав истеҳсол мекунад, ҳарсола хароҷоту истеъмол менамояд.

Дастоварди асосии физиократҳо кўшиши онҳо дар таҳлил кардани такрористеҳсоли ҷамъиятӣ мебошад.

Намояндагони маъруфи мактаби классикии афкори иқтисодии англис У.Петти, А.Смит, Д. Рикардо мебошанд.

Намояндагони мактаби англисӣ чун далелҳои раднашаванда матлабҳои зеринро иброз медоштанд:

1) сарчашмаи дороии миллӣ истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад;

2) меҳнат манбаи асосии дороии ҷамъиятист;

3) дар иқтисодиёт моликияти хусусӣ, рақобати озод, савдои озод мавқеи аввалиндараҷа доранд;

4) шакли умумии дороӣ арзиш мебошад;

5) арзиш тавассути меҳнати коргарон – истеҳсолкунандагони мол офарида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *