ПАЙДОИШИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Назарияи иқтисод чун илми мустақил дар асрҳои XVII – XVIII дар асоси ду пойдевор пайдо шудааст:

1) назариёти иқтисодии файласуфони қадим ва асримиёнагии Юнон;

2) муҳокимарониҳое, ки ҳадафашон ҳалли масъалаҳои амалии иқтисодӣ буд (меркантилизм).

Меркантилизм – нахустин мактаби назарияи иқтисод буд, ки дар худ сиёсати давраи оғозшавии ҷамъоварии сармояро таҷассум мекард. Ҷамъоварии сармоя дар ин давра ба манфиати савдогарон буд; асоси онро дахолати фаъолонаи давлат ба ҳаёти иқтисодӣ ташкил мекард.

Бартариятҳои асосии сиёсати меркантилистон чунин буданд:

1) ҷалби то ҳадди имкон зиёди пул аз хориҷа;

2) кўшиши ба ҳар роҳи имконпазир дар дохили кишвар нигоҳ доштани пулҳо;

3) ташкили шабакаҳои расмии нуқтаҳои савдо бо мақсади боҷи гумрукӣ гирифтан ва назорати бевоситаи гардиши пул;

4) таҳияи низоми назорати тавозуни пул бо мақсади нигоҳ доштани пул дар дохили кишвар бо ёрии воситаҳои зерин:

а) таъсиси зарробхона;

б) таъсиси саррофони шоҳӣ;

в) таъсиси мансаби нозирони гумрук.

Замони меркантилистонро одатан ба ду давра тақсим менамоянд: меркантилизми ибтидоӣ, меркантилизми пасин.

Меркантилизми ибтидоӣ – низоми тавозуни пул, яъне сиёсати пешгирифтаи давлат бо мақсади таъмини некўаҳволии ҷомеа мебошад.

Принсипи асосии меркантилизми ибтидоӣ – аз хориҷиён кам харид кардан, дар айни замон дар бозорҳои хориҷӣ бисёртар фурўхтан аст.

Хусусияти асосии меркантилизми ибтидоӣ айният додани дороӣ ва пул, ки бо ёрии таъсиррасонии давлат (методҳои маъмурӣ) онҳоро метавон ҷамъоварӣ намуд. Дар натиҷаи тадриҷан ҷамъоварии пул ба ҷойи меркантилизми ибтидоӣ замони меркантилизми пасин фаро расид.

Меркантилизми пасин – низоми тавозуни тиҷоратӣ мебошад.

Принсипҳои асосии меркантилизми пасин инҳоянд:

– дар як кишвар ба нархи арзон харида, дар кишвари дигар ба нархи баланд фурўхтан; ба хориҷ кардани ашёи тайёр ва зебу зевар роҳ надодан.

Хусусияти асосии меркантилизми пасин эътироф кардани пул ба сифати ҷиҳози зерин:

1) воситаи ҷамъоварӣ;

2) воситаи гардиш;

3) манбаи сармоя.

Меркантилизми ибтидоӣ ва пасин ду хусусияти умумӣ ва фарқкунанда доранд.

Фарқи асосии меркантилизми пасин аз ибтидоӣ дастгирӣ ёфтани тавлидоти дохилии мануфактурии истеҳсолот аз ҷониби давлат мебошад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.