Фанни Иқтисоди миллӣ

ҶАРАЁНИ НЕОКЛАССИКИИ ПЕШРАФТИ АФКОРИ ИҚТИСОДӢ

Назарияи иқтисоди неоклассикӣ – ҷараёни афкори иқтисодии охири асри XIX ибтидои асри XX мебошад.

Далелу бурҳонҳои мактаби иқтисодии неоклассикӣ инҳоянд:

1) тағйироти ғайричашмдошти сатҳи нархҳо, ки қодиранд танҳо дар муддати кўтоҳ носуботии макроиқтисодиро ба миён биоваранд;

2) дар муддати тўлонӣ иқтисодиёт дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, ки ба кор машғул будани ҳамаи неруҳоро ба шарофати чандирии нархҳо ва музди меҳнат таъмин менамояд, суботнокиашро ҳифз менамояд.

Принсипи асосии неокласситсизм – қонунҳои иқтисодӣ барои кадом ҷомеа набошад, барои хоҷагии инфиродӣ, инчунин барои низомҳои мураккаби иқтисодӣ, ягонаанд.

Хусусияти фарқкунандаи назарияи иқтисоди неоклассикӣ муносибати субъективӣ – психологӣ дар шарҳи таълимоти иқтисодии ба психологияи субъектҳои фаъолиятманд дар соҳаи иқтисодиёт мебошад.

Намояндагони маъруфи мактаби неоклассикӣ А. Миршалл; А. Пигу; К. Менгер; Е. Бем-Баверк; Ф. Визер мебошанд.

Неоклассикҳо равияҳои зеринро авло мешуморанд:

1) қонеъ гардонидани талаботи инсон;

2) фоиданокии (арзиши истеъмолии) неъматҳои иқтисодӣ ва тақозои истеъмоли онҳо;

3) таъсири омилҳои гуногун ба некуаҳволии иқтисодии ҷомеа;

4) беҳсозии низоми бозаргонӣ;

5) таҳарруки тақозои босамар;

6) истифода аз инвеститсияҳо.

Асоси методологии назарияи неоклассикӣ маржинализм (мактаби австриягии афкори иқтисодӣ) буд.

Маржинализм – равияи иқтисодиест, ки асоси он бартарияти истеъмол бар истеҳсол мебошад.

Асоси таълимоти маржиналистонро ду консепсия ташкил медиҳад.

1. Назарияи ҳадди аксари муфидӣ бо истеъмоли ҳар як воҳиди иловагии неъмати қонеъкунандаи талаботи муайян алоқаманд аст.

2. Назарияи ҳадди аксари самаранокии меҳнат ва сармоя, ки ба қонуни коҳишёбии ҳадди аксари самаранокӣ асос ёфтааст.

Коҳишёбии ҳадди аксари самаранокӣ ба истифодаи воҳидҳои иловагии ин ё он омили истеҳсолот дар ҳолати тағйир наёфтани бузургиҳои воҳидҳои дигар марбут аст.

Дар навбати худ назарияи ҳадди аксари муфидӣ мавҷудияти ду навъ арзишҳои неъматҳои моддиро дар назар дорад:

1) субъективӣ;

2) объективӣ.

Субъективӣ – арзиши ин ё он неъмати моддӣ барои фарди мушаххас.

Объективӣ – нархи бозории мол.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *