НАВЪҲО ВА ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ
Моликият– категорияи иқтисодист, ки муносибати байни субъектҳои муносибатҳои иқтисодиро оид ба захираҳои иқтисодӣ ифода менамояд.
Чун қисми таркибии ягон форматсияи иқтисодӣ моликият вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд:
1) беҳтар ва оқилона истифода намудан аз захираҳои гуногуни иқтисодӣ;
2) ҷоннок кардани ҷараёнии хоҷагидорӣ;
3) баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои иқтисодӣ.
Ду навъи асосии моликият мавҷуданд:
1) моликияти хусусӣ;
2) моликияти давлатӣ.
Моликияти хусусӣ – як навъ моликиятест, ки дар он давлат сармоягузори захираҳои иқтисодӣ намебошад.
Моликияти давлатӣ – як навъ моликиятест, ки дар он давлат ба ҳайси инвестори сармояи захираҳои иқтисодӣ иштирок мекунад. Ба ғайр аз таъини ҳудуди муносибати моликият аз рўи аломати давлатикунонӣ, таснифоти моликияти эътирофгардида аз рўи шаклҳои тазоҳуроти он мебошад.
Шаклҳои асосии моликият инҳоянд: инфиродӣ, дастҷамъӣ (коллективӣ), давлатӣ.
Ба ғайр аз ин ҳар яке аз гурўҳҳои номбаршуда ба навъҳо тақсим мешаванд.
Навъҳои моликияти инфиродӣ инҳоянд:
1) соҳибият ба ашёи истеъмолӣ ва молҳои хоҷагидорӣ;
2) хоҷагии шахсӣ;
3) муассисаи инфиродӣ.
Муассисаи инфиродӣ – моликияти мутааллиқ ба шахси воқеии мушаххас, ки бо меҳнати худаш ва аъзои оилааш бунёд гардидааст.
Моликияти дастҷамъӣ ба навъҳои зерин тақсим мешавад:
1) муассисаҳои кооперативӣ;
2) муассисаҳои дастҷамъӣ.
Муассисаҳои дастҷамъӣ – муассисаҳоеанд, ки моликияташон ба гурўҳи муайяни ашхос тааллуқ дорад; ҳуқуқи кормандони кироя гиранда дошта; ширкатҳои хоҷагӣ, ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода ва пўшида.
Моликияти давлатӣ дорои навъҳои зерин мебошад:
1) моликияти умумидавлатӣ;
2) моликияти мунитсипалӣ (моликияти мақомоти маҳаллии худидоракунанда).
Таснифоти дар боло овардашуда таснифоти соф иқтисодӣ мебошад. Дар айни замон мутобиқи ҳуҷҷатгузории меъёрию ҳуқуқӣ навъҳои зерини моликият мавҷуданд:
1) моликияти хусусӣ:
а) моликияти шаҳрвандон;
б) моликияти шахсони ҳуқуқӣ;
2) моликияти давлатӣ:
а) моликияти давлатӣ;
б) моликияти мақомоти маҳаллӣ;
3) шакли моликияти муштарак.