НИЗОМИ ИҚТИСОДӢ
Низоми иқтисодӣ – маҷмўи унсурҳо ва ҷараёнҳои хоҷагидории иқтисоди муайян мебошанд.
Низоми иқтисодӣ унсурҳои зарурии зеринро дар бар мегирад:
1) навъҳо ва шаклҳои моликият;
2) принсипҳои тақсим ва табодули неъматҳои иқтисодӣ;
3) механизми нархгузорӣ.
Низоми иқтисодӣ марказӣ ва бозорӣ шуда метавонад.
Низоми иқтисодии марказӣ ба инҳисороти (монополизатсияи) давлатӣ асос ёфтааст; давлат дар иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ҳукмронӣ мекунад.
Низоми иқтисодии марказӣ чунин хусусиятҳо дорад:
1) воситаҳои истеҳсолот моли давлатанд;
2) иқтисодиёт аз рўи нақшаҳои давлатӣ амал мекунад;
3) методҳои идораи иқтисодиёт маъмуриянд;
4) ҳавасмандӣ барои кори самаранок вуҷуд надорад.
Афзалиятҳои низоми марказии иқтисодӣ ба ин қароранд: устувории иқтисодиёт; ба бўҳрон гирифтор нашудан; оид ба таъмин бо ҷойҳои кор мушкилот пайдо намешаванд; нобаробариҳо дар ҷомеа вуҷуд надоранд; ҳадди ақалли рўзгузаронӣ кафолат дода мешавад; ба оянда боварӣ вуҷуд дорад.
Камбудиҳои асосии хоҷагидории марказӣ инҳоянд:
1) бесамарии иқтисодиёт;
2) арза нисбат ба тақозо зиёд аст;
3) камёфт (дефитсит) будани мол;
4) ангезаҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат вуҷуд надоранд;
5) паст будани сатҳи зиндагии аҳолӣ.
Низоми иқтисоди бозаргонӣ ба робитаи мустақими байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон тавассути хариду фурўши озоди мол асос ёфтааст.
Низоми иқтисоди бозаргонӣ дорои хусусиятҳои зерин аст:
1) воситаҳои истеҳсолот моликияти хусусианд;
2) соҳибкорӣ озод аст;
3) интихоби озоди контрагентҳои иқтисодӣ;
4) барои иштирок дар ҷараёни иқтисодӣ шавқмандӣ мавҷуд аст;
5) мувофиқи меъёрҳои бозор танзим кардани иқтисодиёт аз ҷониби соҳибкор;
6) дахолати давлат ба иқтисодиёт маҳдуд аст.
Афзалиятҳои иқтисоди бозаргонӣ ба ин қароранд:
1) сатҳи баланди шавқмандӣ ба соҳибкорӣ ва самаранокии хоҷагидорӣ;
2) барҳам хўрдани субъектҳои иқтисодии ба рақобат тобовар набуда;
3) бартарияти тақозо бар арза, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон.
Камбудиҳои асосии хоҷагидории бозаргонӣ инҳоянд:
1) вобастагии аз ҳад зиёди ҳодисаҳо, ҷараёнҳои ҳамаи соҳаҳо аз конюнктураи умумии бозор;
2) нобаробариҳои ба назар намоёни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа;
3) бартарият доштани манфиатҳои шахсӣ бар манфиатҳои табиат ва ҷамъият.