СТРАТЕГИЯИ ИҚТИСОДӢ
Статегияи иқтисодӣ самти асосии амалиёт дар соҳаи истеҳсол, тақсим, табодул, истеъмол, ҷамъоварӣ, содирот ва воридоти неъматҳои ҷамъият аст, ки иҷрояшон ба давраҳои оянда вогузор гардидааст ва онҳо барои дар оянда расидан ба мақсаду вазифаҳои дар пеш гузошташуда амалӣ карда мешаванд.
Стратегияи иқтисодӣ бо ёрии васоили сиёсати иқтисодӣ амалӣ карда мешавад.
Сиёсати иқтисодӣ – як силсила чорабиниҳо дар соҳаи идораи иқтисодиёт, ба як самти муайян равона сохтани ҷараёнҳои иқтисодӣ мутобиқи стратегияи иқтисодии таъиншуда мебошанд.
Унсурҳои таркибии сиёсати иқтисодӣ инҳоянд:
1) сиёсати сохторӣ–маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ бо мақсади беҳсозии сохтори иқтисоди миллӣ гузаронида мешаванд;
2) сиёсати инвеститсионӣ – маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки барои ба танзим даровардани ҳама ҷанбаҳои ҷараёни инвеститсионӣ нигаронида шудаанд;
3) сиёсати қарзиву молиявӣ – маҷмўи чорабиниҳоеанд дар соҳаи гардиши пул ва қарз, ки барои дастгирии ҷоннок кардан ва афзоиши миқёси истеҳсолот, инвеститсияҳо равона карда шудаанд;
4) сиёсати хориҷии иқтисодӣ – маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки ҳукумати кишвар дар соҳаи экспорт ва импорт, боҷҳои гумрукӣ, тарифҳо, маҳдудиятҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ба хориҷа баровардани вомҳои хориҷӣ, расонидани кўмаки иқтисодӣ ба кишварҳои дигар, амалисозии барномаҳои муштараки иқтисодӣ мегузаронад;
5) сиёсати макроиқтисодӣ – маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки ба танзими куллии иқтисодиёт бо мақсади таъмини амали боэтимоди он нигаронида шудаанд;
6) сиёсати илмиву техникӣ – маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ мегузаронанд ва барои дастгирии дастовардҳо дар пешрафти сатҳи илму техника нигаронида шудаанд. Пешрафти илму техника – ҷараёни давомдори кашфи донишҳои нав ва истифода аз онҳо дар истеҳсолоти ҷамъиятист, ки имконият медиҳанд захираҳои мавҷуда бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо хараҷоти кам, ба кор андохта шаванд;
7) сиёсати андоз – маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки барои беҳсозии ҷараёни дар марказ ҷамъ овардани маблағҳо ба тавассути сиёсати андоз нигаронида шудаанд. Сиёсати андоз қисми таркибии сиёсати молиявӣ мебошад;
8) сиёсати буҷет – маҷмўи чорабиниҳоеанд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар роҳи тағйири хароҷоти давлат, андозбандӣ ва вазъи буҷети давлат мегузаронанд ва ба самти таъмини пурра бо ҷойҳои кор, истеҳсоли маҳсулоти умумимиллии ғайритаваррумӣ нигаронида шудаанд.