НЕЪМАТҲОИ ИҚТИСОДӢ
Неъматҳои иқтисодӣ – воситаҳои қонеъкунандаи талаботанд, ки ба миқдори маҳдуд вуҷуд доранд.
Неъматҳои иқтисодӣ ба ду категория тақсим мешаванд:
1) молҳо;
2) хизматрасонӣ.
Таснифи неъматҳои иқтисодӣ аз рўи аломатҳои гуногунашон сурат мегирад.
Навъҳои асосии неъматҳои иқтисодӣ инҳоянд:
1) дарозмўҳлат (молҳое, ки ба таври тўлонӣ аз онҳо метавон истифода кард);
2) кўтоҳмўҳлат (пас аз як дафъа истифода бурдан нест мешаванд);
3) молҳои ҳамдигарро ивазкунанда (субститутҳо);
4) молҳои ҳамдигарро пурракунанда (комплементарӣ);
5) моддӣ (ашё);
6) ғайримоддӣ (асоси ашёӣ надошта);
7) мустақимӣ (истеъмолӣ);
8) ғайримустақимӣ (истеҳсолӣ)
Хусусиятҳои асосии неъматҳои иқтисодӣ чунинанд:
1) арзиши неъмат;
2) қимати истеъмолӣ;
3) арзиши мубодилавӣ.
Ду тарзи муносибати таъини арзиши неъматҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад:
1) муносибати марксистӣ, ки ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:
а) арзиши неъмати иқтисодӣ аз рўи меҳнати ба он сарфшуда муайян карда мешавад;
б) меҳнате, ки дар шароити мўътадили иҷтимоии меҳнат ва шиддатнокии миёна барои ҷамъият зарурӣ дониста мешавад;
2) муносибати неоклассикӣ, ки ба назариёти зерин асос ёфтааст:
а) арзиши неъмати иқтисодӣ аз камчинии он, пеш аз ҳама аз шиддатнокии талаботаш ва миқдораш, қобилияти қонеъ гардонидани ин талабот вобаста аст;
б) ҳар як навъ талабот метавонад бо якчанд неъмат қонеъ гардонида шавад, ҳар як неъмати иқтисодӣ барои қонеъ гардонидани талаботи гуногун мавриди истифода қарор гирифта метавонад.
Арзишҳои истеъмолӣ ва мубодилавӣ дар ҳолати алоқамандӣ ва вобастагии байниҳамдигарӣ қарор доранд ва ин вазъ ба ин тариқ сурат мегирад:
1) хосияти неъматҳо аксаран ба тавре тағийр меёбад, ки арзиши мубодилавии онҳо нисбат ба арзиши талаботашон пасттар меравад;
2) афзоиши миқдори неъмат, ки дар ихтиёри шахс қарор дорад, доимо, бо вуҷуди шароити ягона ва баробар арзиши талаботи қисме аз онро барои соҳибаш паст мекунад; дар ин ҳолат арзиши мубодилавии он аҳамияти бештар пайдо мекунад;
3) коҳиш ёфтани миқдори неъмати дар ихтиёри субъекти хоҷагидор қарордошта аксаран боиси баланд шудани нархи талаботи он барои соҳибаш мегардад ва ба ҳамин тариқ, ҷузъҳои мушаххаси неъмат, ки дар акси ҳол барои фурўш таъин гардида буданд, афзалият пайдо мекунанд.