МАСЪАЛАИ ИНТИХОБИ РОҲИ ҲАЛЛИ БЕҲТАРИН
Интихоби роҳи ҳалли беҳтарин – вазифаи идоракунист, ки ба расидан ба мусолиҳа байни миқдори хароҷот ва маблағи фоидаи ба даст меомадагӣ, дар ҳолати таваккул кардан, нигаронида шудааст.
Ҳангоми итихоби роҳи ҳалли беҳтарин ду масъалаи асосӣ ба миён меоянд:
1) ба ҳадди аксар расонидани (максимилизатсияи) даромад;
2) ба ҳадди ақал расонидани таваккул.
Ба ҳадди аксар расонидани даромад – маҷмўи чорабиниҳои ташкиливу техникист, ки барои то ҳадди имкон гирифтани маблағи зиёди даромад нигаронида шудааст.
Дар илми иқтисод навъҳои зерини даромад ба қайд гирифта шудаанд:
1) тавозунӣ – маблағи умумии даромад, ки аз муассиса дар давраи муайян ба даст омадааст;
2) маржиналӣ – маблағи даромаде, ки чун фарқияти байни даромади соф аз фурўш ва хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот ба даст омадааст;
3) андозбандишаванда – маблағи даромаде, ки чун фарқияти байни ҳаҷми даромади тавозунӣ ва маблағи андозбандишаванда, инчунин маблағи имтиёзҳо аз андози даромад ҳосил шудааст (ба даст омадааст);
4) соф (тақсимнашуда) – маблағи даромаде, ки пас аз пардохти ҳамаи андозҳо, пардохтҳои дигари иқтисодӣ дар ихтиёри субъекти хоҷагидор мондааст;
5) сармоягузоришуда – маблағи даромаде, ки дар ихтиёри корхона мондааст ва ба захирасозӣ бо мақсади маблағгузорӣ барои рушди ояндаи корхона нигаронида шудааст.
6) истеъмолӣ – маблағи даромаде, ки барои пардохти дивидендҳои муассисони корхона, кормандон ва ё барои амалӣ кардани барномаҳои иҷтимоӣ харҷ мешавад.
Ба ҳадди ақал расонидани таваккул – маҷмўи чорабиниҳост, ки барои пешбинии ҳодисаҳои иқтисодии дар ояндаи наздик рўй медодагӣ нигаронида шудааст.
Навъҳои зерини таваккул мавҷуданд:
1) фискалӣ — монетарӣ – таваккуле, ки дар иқтисодиёт аз ҷониби мақомоти давлатӣ сурат мегирад;
2) иҷтимоӣ — сиёсӣ – таваккулест вобаста ба тағйироти вазъи сиёсӣ дар кишвар, дигаргун шудани қонунҳои амалкунанда ва ғайра.
3) саноатӣ (соҳавӣ) – таваккулест вобаста ба тағйирот дар соҳаи иқтисод, инчунин ҳамбастагии он бо иқтисодиёти соҳаҳои дигар, қобилияти амал кардан ва рушд ёфтани он.
4) соҳибкорӣ – таваккулест вобаста ба натиҷаҳои хоҷагидории корхонаи мушаххас;
5) истеҳсолӣ – таваккулест вобаста ба ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ;
6) молиявӣ – таваккулест, ки ба сабаби пеш гирифтани соҳибкории молиявӣ ва ё муомилоти молиявӣ ба миён меояд.