ТАВАККУЛҲОИ ИҚТИСОДӢ

Таваккул (риск) – эҳтимолияти рўйдоди ягон ҳодиса мебошад.

Навъҳои асосии таваккули иқтисодӣ инҳоянд:

1) фискалӣ -монетарӣ – таваккулест вобаста ба танзими иқтисодиёт аз ҷониби давлат;

2) иҷтимоӣ-сиёсӣ–таваккуле, ки ба тағйироти вазъи сиёсӣ, қонунгузории амалкунанда ва ғайра вобаста аст;

3) саноатӣ (соҳавӣ) – таваккулест, ки ба тағйироту дигаргуниҳо дар вазъи иқтисодии соҳа ва инфиродӣ, инчунин дар ҳамбастагӣ ба соҳаҳои дигар, қобилияти амал кардан ва рушд кардани он вобаста аст;

4) соҳибкорӣ – таваккулест вобаста ба хоҷагидории ширкати алоҳида;

5) истеҳсолӣ – таваккулест, ки ба истеҳсоли маҳсулот, молҳо ва хизматрасонӣ, ба роҳ мондани ҳар як навъи фаъолияти истеҳсолӣ вобаста аст;

6) молиявӣ – таваккулест, ки ҳангоми пеш гирифтани соҳибкории молиявӣ ва ё муомилоти молиявӣ сурат мегирад. Дар ин навъ таваккул асъор, коғазҳои арзишдор, маблағҳои пул чун мол хидмат мекунанд.

Таваккули молиявӣ аз се қисм иборат аст:

1. Таваккули бозорӣ – имкони тағйироти номатлуби (манфии) арзиши дороӣ дар натиҷаи каму зиёд шудани ҳаҷми фоида (фоиз), қурби асъор, нархи саҳмияҳо, вомбаргҳо ва молҳо.

2. Таваккули қарзӣ (кредитӣ) – эҳтимолияти тағйироти номатлуби арзиши дороӣ дар натиҷаи ғайриқобил будани вомдорон барои иҷрои ўҳдадориҳои худ, аз он ҷумла, доир ба пардохти фоида (фоиз) ва маблағи асосии қарз мутобиқи шарномаи қарз.

3. Таваккули инвеститсионӣ – эҳтимолияти беқурб шудани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ.

Таваккулҳои инвеститсионӣ чунинанд:

1) капиталӣ – таваккули умумӣ ба ҳама маблағгузориҳо, таваккул оид ба он ки маблағгузор (инвестор) бе хисора маблағҳои инвеститсиониашро озод карда наметавонад;

2) интихобӣ (селективӣ) – таваккули интихоби нодурусти объект барои маблағгузорӣ (инвеститсия кардан) дар муқоиса бо вариантҳои дигар ва ё таваккули маблағгузорӣ дар замони (вақти) намусоид;

3) суғуртавӣ – таваккули зарар дидан ба сабаби маблағгузорӣ кардан ба корхонаҳое, ки дар кишварҳои вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодиашон ноустувор аст, ҷой гирифтаанд.

4) таваррумӣ – таваккули он ки дар натиҷаи баланд шудани сатҳи таваррум даромадҳои аз маблағҳои инвеститсияшаванда нисбат ба афзоишашон тезтар (аз нуқтаи назари қобилияти харидориашон) беқурб хоҳанд шуд.

Тавакул ба сабаби номуайянӣ рўй медиҳад.

Номуайянӣ – амали соҳибкорист, ки аз ҷониби инвесторҳо – соҳибони сармоя ба назар гирифта намешавад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.