Пайдоиши пул. Пул ва вазифаҳои он
Таърихи пайдоиши пул ба таърихи пайдоиши мубодила вобаста аст.
Мубодила дар таъсири меъёрҳои муайяне рушд менамояд:
1. Гузариш аз хоҷагии натуралӣ ба истеҳсоли мол боиси ба миён омадани ҳолатҳои зерин гардид:
1) пешрафти нерўҳои истеҳсолӣ;
2) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат.
2. Таҳаввули шаклҳои арзиш; дар ҷараёни рушди таърих арзиш чаҳор шакл – оддӣ, пурра, умумӣ ва пулиро аз сар гузаронид.
Шакли оддии арзиш ба принсипи «як гўсфанд ба як халта гандум» асос ёфта буд.
Шакли таносубии арзишро гўсфанд ифода мекард, шакли эквиваленти халтаи гандум буд.
Шакли пурраи арзиш ба принсипи «як гўсфанд ё як халта гандум ё ду табар ё се аршин карбос» асос ёфта буд.
Дар ин ҳолат шакли таносубии арзиш гўсфанд, шакли эквивалентӣ халтаи гандум, табар ва карбос буданд.
Шакли умумии арзиш ба принсипи «як гўсфанд ва ё як халта гандум ва ё ду табар ва ё се аршин карбос ва як унсия нуқра» асос ёфта буд.
Дар ин ҳолат шакли эквивалентӣ гўсфанд буд, шакли таносубӣ гандум, табар ва ғайра буданд.
Одатан, ба ҳайси эквивалент дар ин ё он минтақа ҳамон моле буд, ки дар муомилоти молӣ бештар маъмул буд.
Мубодила хусусияти умумӣ гирифта буд.
Шакли пулии арзиш ба принсипи «як халта гандум ва ё ду табар ва ё се аршин карбос баробаранд ба унсияи нуқра» асос ёфта буд.
Дар ин ҳолат гандум, табар ва карбос ифодаи шакли таносубии арзиш, нуқра шакли эквивалентӣ аст. Пул ба эквиваленти умумӣ табдил меёфт.
Пул – моли махсусест, ки чун эквиваленти умумӣ, яъне барои андозагирии арзиши молҳои дигар дар ҳолати риояи таносуби муайян, хизмат мекунад.
Моҳияти пул дар вазифаҳои асосии он зоҳир мегардад:
1. Ченаки арзиш – ин вазифаро пул чун андозаи арзиши молҳои дигар иҷро менамояд. Ифодаи пулии арзиш нарх аст.
2. Воситаи муомилот – ин вазифаро пул чун хидматкунанда барои гардиш – ин вазифаро пул чун хизматкунанда барои гардиши моли чакана ба иҷро мерасонад.
3. Воситаи андўхт – дар ду ҳолат пул ин вазифаро иҷро мекунад:
1) ҳангоми аз ҷониби муассисаҳо андўхта шудани маблағҳо барои дар оянда густариш додани фаъолияти инвеститсионӣ;
2) ҳангоми аз ҷониби аҳолӣ ғун карда шудани пул барои хариди ашёи хидматашон тўлонӣ.
4. Воситаи пардохт – ин вазифаро пул ҳангоми ба қарз ба мўҳлати таъингардида фурўхтани мол иҷро мекунад.
5. Пули ҷаҳонӣ – ин вазифаро пул ҳангоми ба ҷо овардани хидмати робитаи байналмиллалӣ иҷро мекунад.