Фанни Иқтисоди миллӣ

Пул чун шакли пешрафти муносибатҳои молию пулӣ

Муносибатҳои молию пулӣ – муносибатҳои иқтисодианд, ки бо гузариши неъматҳои иқтисодӣ аз шакли мол ба шакли пулӣ, алоқаманданд. Вобаста ба пешрафти муносибатҳои молию пулӣ шаклҳои амалиёти маблағҳои пул пешрафт мекарданд.

Давраи муосири пешрафти муносибатҳои молию пулӣ мавҷудияти пулро дар шаклҳои зерин пешбинӣ менамояд:

1) пули нақд;

2) депозитҳо то талаб кардан;

3) депозитҳои чекӣ;

4) депозитҳои мўҳлатнок;

5) саҳме, ки аз захираҳои бозори пул гирифта мешавад;

6) опсионҳо ва фючерсҳо;

7) долларҳои европоӣ.

Пули нақд – тангаҳо ва пулҳои коғазӣ, ки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Депозит – муносибатҳои иқтисодӣ доир ба супурдани маблағҳои пул аз ҷониби аҳолӣ (муштариён) ба бонк барои истифодаи муваққатӣ.

Суратҳисобҳои депозитӣ гуногун буда метавонанд, вале асоси онҳоро унсурҳои зерини манбаъҳои пулҳои супурда ташкил медиҳанд: ҳадаф аз пасандоз, дараҷаи фоидаоварӣ.

Ду гурўҳи калони депозитҳо мавҷуданд:

1) депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ;

2) депозитҳои шахсони воқеӣ.

Депозитҳои чекӣ – депозитҳое, ки тавассути чек гирифта мешаванд.

Чекҳо – ҳуҷҷатҳои шакли муайян дошта, ки фармоиши хаттии соҳиби чекро ба бонк оид ба пардохти маблағи дар он нишон додашударо дар бар мегиранд.

Чек коғази қиматдор аст ва хусусиятҳои алоҳида дорад:

1) чек танҳо воситаи ҳисобу китоб аст, ба ҳайси ашёи мустақил дар муомилот иштирок намекунад;

2) ба ҳайси пардохткунандагон аз рўи чекҳо бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарздиҳанда, ки барои иҷрои ин гуна амалиёт иҷозатнома доранд, мебошанд;

3) чек аксептати (хати ризоияти пардохт) пардохткунандаро талаб намекунад, чунки дар назар дорад, ки шахси чекро медодагӣ маблағи дода мешудагиро дар муассисаи пардохткунанда нигоҳ доштааст.

Депозитҳои мўҳлатдор – пасандозҳоеанд, ки мувофиқи шартномаи байни муштарӣ ва бонк нигоҳ дошта мешаванд; бонкҳо шаклҳои шартномаи депозитро мустақилона таҳия мекунанд ва дар шакли омодашуда ба муштарӣ пешниҳод мешаванд.

Саҳмҳои захираҳои бозори пул – ҳуқуқи молӣ ба воситаҳои мутааллиқ ба захираҳо.

Опсионҳо ва фючерсҳо – коғазҳои арзишдор – шартномаҳои молиявӣ оид ба иҷрои муомилот бо коғазҳои арзишдор дар мўҳлатҳои таъингардида.

Опсион – шартномаи ба таври муайян расмӣ кардашуда, ки барои харид ва ё фурўши миқдори муайяни коғазҳои арзишдор ҳуқуқ медиҳад. Харидори опсион ба фурўшандаи он инъом (ҳақ) медиҳад.

Фючерсҳо – шартномаи ба таври муайян расмӣ кардашуда барои харидани миқдори маълуми коғазҳои қиматдор дар давраи муқаррар кардашуда. Нархи онҳо бунёдӣ (базисӣ) аст ва ҳангоми бастани шартнома қайд мешавад.

Долларҳои европоӣ – депозитҳо ба доллари ИМА берун аз Тоҷикистон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *