Мол чун категорияи иқтисод

 Мол – объекти хариду фурўш, шакли ҷамъиятии маҳсули меҳнат аст.

Навъҳои асосии мол инҳоянд:

1) молҳои истифодаашон дарозмуддат (дар муддати тўлонӣ мавриди истифода қарор мегиранд);

2) молҳое, ки барои истифодаи якдафъаина таъин гардидаанд (пас аз як бор истифода бурдан нест мешаванд);

3) молҳои ҳамдигарро ивазкунанда (субститутҳо);

4) молҳои иловагӣ (комплементарӣ).

Мол дорои ду хусусияти асосист;

1) арзиш;

2) арзиши истеъмолӣ.

Арзиш – меҳнати ҷамъиятист, ки дар мол сурати ашёӣ гирифтааст; ҳаҷми (андозаи) он аз рўи миқдори вақти кори зарурии ҷамъиятӣ таъин карда мешавад.

Ду равия оид ба муайян кардани арзиши неъматҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад:

1) равияи марксистӣ, ки ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

а) арзиши неъмати иқтисодӣ аз рўи харҷи меҳнати зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад;

б) меҳнати зарурии ҷамъиятӣ ҳамон меҳнате дониста мешавад, ки дар шароити миёнаи мўътадили истеҳсолот ва шиддатнокии миёнаи меҳнат иҷро мешавад;

2) равияи неоклассикӣ, ки ба матлабҳои зерин асос ёфтааст:

а) арзиши неъматҳои моддӣ аз камчинии онҳо, пеш аз ҳама, аз серталаб ва миқдори онҳо, ки қобилияти қонеъ гардонидани талаботро дошта бошанд, вобаста аст;

б) ҳар як талабот метавонад бо чандин неъмат қонеъ гардонида шавад, аз ҳар неъмати иқтисодӣ метавон барои қонеъ гардонидани талаботи гуногун истифода кард.

Арзиши истеъмолӣ – фоидаоварии мол, қобилияти қонеъ гардонидани талаботи шахс.

Мафҳуми «арзиши истеъмолӣ» бо мафҳум «арзиши мубодилавӣ» робитаи ҷудонашаванда дорад.

Арзиши мубодилавӣ, қобилияти мол ва ё хизматрасонӣ барои иваз шудан ба молҳои дигар ва ё хизматрасонӣ, арзиши ҷории ҳуқуқҳо барои даромадҳо дар оянда.

Робитаи арзишҳои истеъмолӣ ва мубодилавӣ дар нуктаҳои зерин зоҳир мешавад:

1) хосиятҳои мол тез-тез тағйир меёбанд. Арзиши мубодилавии онҳо барои субъекти хоҷагидор нисбат ба арзиши истеъмолиашон паст мефарояд;

2) зиёд шудани миқдори мол, ки шахс дар ихтиёр дорад ҳамеша, бо вуҷуди шарту шароити баробар, арзиши қисми мушаххаси онро кам мекунад ва дар ин ҳолат арзиши мубодилавӣ аҳамияти бештаре пайдо мекунад:

3) кам шудани миқдори моли дар ихтиёри субъекти хоҷагидор буда аксаран боиси зиёд шудани арзиш истеҳсолӣ мешавад, яъне арзиши истеҳсолии қисмҳои мушаххаси моли муайян аҳамияти бештар пайдо мекунанд; ин қисми молҳо метавонистанд барои фурўш таъин бишаванд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.