Арзиши алтернативӣ ва Принсипи имкониятҳои рад кардашуда

Қонуни арзиш

Арзиши алтернативӣ, мафҳумест, ки қонуни тақозо ва принсипҳои идораи арзаро дар бар мегирад (ба ҳам муттаҳид месозад).

Арзиши алтернативӣ – қимати беҳтарин аз имкониятҳои ба кор бурдашуда дар истифода аз захираҳои муайян мебошад.

Моҳияти ин категория дар он аст, ки харидор арзиши неъматро бо харҷи худаш муайян менамояд.

Принсипи имкониятҳои рад кардашуда аз он иборат аст, ки истеъмолкунанда ягон молро харидорӣ карда имконияти истифодаи захираҳои дар ихтиёраш бударо рад мекунад.

Амали принсипи имкониятҳои рад кардашуда хусусияти субеъктивӣ дорад.

Қонуни арзиш, қонуни иқтисодист, ки талаботи объективиро инъикос мекунад, арзиши молро чун харҷи вақти кории зарурии ҷамъиятӣ муайян месозад.

Вақти кории зарурии ҷамъиятӣ – вақтест, ки барои офаридани неъмати иқтисодӣ ба шартҳои зерин харҷ мешавад:

1) истеҳсол дар ҳолати мўътадили ҷамъиятӣ;

2) дараҷаи миёнаи тахассусии кормандон;

3) шиддатнокии миёнаи меҳнат.

Ба ҳамин тариқ арзиши бозории неъматҳои ҷамъиятӣ ба харҷи меҳнати зарурии ҷамъиятӣ (вақти кор) баробар аст.

Қонуни арзиш бояд вазифаҳои зеринро иҷро бикунад:

1) вазифаи ба танзим даровардан – қонуни арзиш таносуби истеҳсолро ба танзим меоварад, барои тақсими меҳнат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат менамояд;

2) беҳсозӣ – қонуни арзиш пешрафти ҳосилноки меҳнатро таҳрик медиҳад.

Ҳосилнокии меҳнат – истеҳсоли маҳсулот аз ҷониби як корманд дар воҳиди муайяни вақт.

2. Дар баъзе корхонаҳо кам шудани харҷи меҳнат ва арзиши молҳо то дараҷаи аз нархи миёнаи бозор пасттар ба назар мерасад. Ин дастовардест, ки ба он аз ҳисоби ҷорӣ кардани технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, чорабиниҳо оид ба беҳсозии сохтори ташкилии истеҳсолот ноил шудан мумкин аст.

3. Вазифаи ҷудосозӣ (дифференсиатсия). Қонуни арзиш барои ҷудосозии иҷтимоӣ-сиёсӣ (ба табақаҳо ҷудо кардани истеҳсолкунандагон) мусоидат менамояд.

4. Истеҳсолкунандаи мол – шахси ҳуқуқӣ ва ё воқеиест, ки мол истеҳсол менамояд ё хизмат мерасонад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.