Назарияҳои арзиши меҳнат ва ҳадди аксари фоиданокӣ
РАВИЯҲОИ БУНЁДӢ ВА ОДДӢ ОИД БА АРЗЁБИИ ФОИДАНОКИИ МОЛ
Назарияи арзиши меҳнатӣ – назарияи иқтисоди сиёсии классикист, ки А. Смит ва Д. Рикарда офаридаанд.
Принсипҳои бунёдии (фундаменталии) назарияи арзиши меҳнатӣ чунинанд:
1) меҳнат воҳиди ягона умумӣ ва ягона андозагирии дақиқи арзиш, андозаи ягонае мебошад, ки тавассути он арзиши молҳои гуногунро муқоиса метавон кард;
2) неъматҳои нобаробари ҷамъиятӣ, ки воҳидҳои (объектҳои) мубодила дар бозор мебошанд, мундариҷаи ба ҳам монанди дохилӣ – арзиш доранд. Арзиш ифодаи меҳнати ҷамъиятии дар мол харҷшуда аст, ҳаҷми он ба миқдори вақти кори зарурии ҷамъиятӣ мутобиқат мекунад;
3) меҳнати зарурии ҷамъиятӣ аз ҷиҳати мураккабӣ ва сифат гуногуннавъ аст;
4) агар меҳнат аз ҷиҳати сифат якнавъ бошад, миқдоран он аз рўи давомдории вақти кор андозагирӣ карда мешавад.
Назарияи ҳадди аксари фоиданокӣ – назарияи мактаби неоклассикии австриягист, ки К. Менгер, О. Бэм – Баверк ва Ф. Визер офаридаанд.
Принсипҳои бунёдии ҳадди аксари фоиданокӣ инҳоянд:
1) арзиши неъмати моддӣ дорои хусусияти субъективист;
2) ду навъ неъматҳои муфиди ҷамъиятӣ мавҷуданд:
а) неъматҳое, ки аз ҷиҳати миқдор номаҳдуданд ва арзишманд ҳисоб намешаванд;
б) неъматҳое, ки аз ҷиҳати миқдор маҳдуданд ва барои мардум арзишманданд;
3) шахс талаботи худро ба тартиби паст кардани дараҷаи аҳамияти онҳо ихтиёрдорӣ мекунад ва кўшиш менамояд, ки талаботи худро аз ҳисоби миқдори неъматҳои дар ихтиёр доштааш қонеъ гардонад;
4) дар ҷараёни истеъмоли неъматҳо қонуни коҳиши фоиданокӣ амал мекунад, яъне дараҷаи қаноатмандӣ аз ҳамон як маҳсулот, ки аз он ба таври доимӣ истифода бурданро давом медиҳанд, тадриҷан паст мешавад ва охиран қаноатмандии пурра фаро мерасад;
5) қимати неъматро ҳадди аксари фоиданокиаш муайян менамояд.
Ҳадди аксари фоиданокӣ бо истеъмоли ҳар як воҳиди иловагии неъмати қонеъкунандаи талаботи муайян вобаста аст. Воҳиди андозагирии фоиданокӣ юрилҳо – воҳидҳои шартии ифодакунандаи андозаи лаззат бурдан аз истеъмоли воҳиди неъмат мебошад.
Дар назарияи фоиданокӣ ду равия оид ба арзёбии фоиданокии мол вуҷуд дошт.
1) бунёдӣ (кардиналӣ);
2) оддӣ (ординалӣ).
Бунёдиён (кардиналистон) андозагирҳои бузургиҳои ҳадди аксари мутлақро объекти таҳқиқ медонистанд.
Оддигароён (ординалистон) таҳлили нисбии фоиданокӣ, яъне таъини таваҷҷўҳи маҷмўи як гурўҳ молҳоро аз ҷониби харидорон нисбат ба маҷмўӣ гурўҳи дигари молҳо объекти таҳқиқ медонистанд.