Тақозо ва омилҳои ба он таъсиррасонанда ва қонуни тақозо
Тақозо – категорияи иқтисодиест, ки ҳаҷми молҳоеро, ки истеъмолкунанда ба онҳо майл дорад, қодир аст, ки онҳоро бо нархи муайян, дар давоми давраи муайяни вақт, дар бозори муайян харидорӣ кунад, нишон медиҳад.
Тақозо – талаботи қобилияти пардохт доштан аст. Ҳаҷми тақозо аз меъёрҳои зиёде вобаста аст.
Омилҳои асосии таъсиррасонанда ба тақозо инҳоянд: нархи моли пешниҳодшаванда; хусусиятҳои сифати мол; сатҳи даромади харидорон; таваҷҷўҳи истеъмолӣ; умедбандии истеъмолкунанда; нархи молҳои ҳаммонанд; ғановати бозор; нишондиҳандаҳои умумииқтисодӣ (меъёри таъмини молиявӣ, меъёри фоизи пасандозҳои аҳолӣ); омилҳои сиёсӣ; вазъи демографӣ; иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва омилҳои дигар.
Дар маҷмўъ омилҳои номбаршуда хусусияти тақозоро муайян месозанд.
Навъҳои асосии тақозо инҳоянд: манфӣ; вуҷуд надоштан; пинҳонӣ; комил, аз ҳад берун; пастраванда; калаванда; ғайриоқилона; ажиотажӣ (суфтабозӣ); нахустин; дуюмин.
Тақозои манфӣ дар ҳолате ба миён меояд, ки ба қисми асосии истеъмолкунандагон мол маъқул нест, онҳо тайёранд ҳар гуна хароҷот бикунанд ва онро харидорӣ накунанд.
Тақозои вуҷуд надоштан дар ҳолате рўй медиҳад, ки мол дар бозор лозим нест ва ё кўҳна шудааст.
Тақозои пинҳонӣ, тақозоест, ки дар давраҳои оянда онро мунтазиранд, талаботи харидорони имконпазир, харидори қобилияти харидорӣ дошта.
Тақозои комил – тақозои ормонӣ, ки ба имкониятҳои истеҳсолии корхона мувофиқ аст.
Тақозои аз ҳад берун, тақозое, ки имкониятҳои корхонаро аз ҳад зиёд баланд мешуморад; харидорон андеша доранд, ки корхона ё наметавонад ё намехоҳад қобилияти пардохти онҳоро қонеъ гардонад.
Пардохти пастраванда – пардохте, ки рў ба пастравӣ дорад.
Пардохти калаванда – пардохте, ки дар фаслҳо, моҳҳо, ҳафтаҳо, шабонарўзҳо ва ғайра тағйир меёбад.
Тақозои ғайриоқилона, тақозое, ки ҷамъият онро хоҳон нест, тақозои ба ақл номақбул.
Тақозои ажиотажӣ, тақозои хусусияти стихиявӣ дошта.
Тақозои нахустин – тақозо ба моле, ки бори аввал харида мешавад.
Тақозои дуюмин, тақозо ба моле, ки бар ивази моли вуҷуддошта харида мешавад.
Тақозо бо вуҷуди дорои навъҳои зиёд будан ба қоидаи ягона – қонуни тақозо итоат мекунад.
Қонуни тақозо талаб менамояд, ки бо вуҷуди шароити баробарӣ тақозои мол аз ҷиҳати миқдор дар таносуби баръакс (манфӣ) нисбат ба нарх карор дорад.