Арза ва омилҳои таъсиррасонанда ба он ва қонуни арза
Арза – миқдори молҳое, ки дар бозор, дар замони муайян ба нархи муайян пешниҳод шудаанд.
Арза зери таъсири сабабҳои гуногун – омилҳои арза ташаккул меёбад.
Омилҳои арза ба ду гурўҳи калон ҷудо мешаванд:
Омилҳои берунӣ – омилҳое, ки таъсирашон аз фаъолияти корхона вобаста нест.
Омилҳои берунӣ инҳоянд:
1) иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз қабили:
а) қобили пардохт будани истеъмолкунандагон;
б) дараҷаи фоизи пасандозҳои аҳолӣ;
в) вазъи демографӣ, ки мувофиқи миқдори аҳолӣ ва сохтори синнусолии талабот муайян карда мешавад.
2) фарҳангӣ;
3) этникӣ (нажодӣ);
4) сиёсӣ;
2. Омилҳои дохилӣ – омилҳое, ки таъсирашонро маъмурияти корхона назорат карда метавонад.
Омилҳои дохилӣ инҳоянд:
1) дараҷаи объективияти ҷузъиёти пешбинии тақозои маҳсулот, ки аз ҷониби шўъбаи маркетинг гузаронида шудааст;
2) дараҷаи тобоварии маҳсулот ба рақобат;
3) дараҷаи ташкили ҷараёни фурўш ва ҳаракати мол дар бозор;
4) сиёсати нархи корхона дар бозори мол.
Сиёсати нарх – аз ҷониби корхона муайян кардани нархи маҳсулот ба мақсади расидан ба ҳадафҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат.
Нарх – ифодаи пулии арзиши мол. Нарх чун категорияи иқтисодӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
1) баҳисобгирӣ – вазифае, ки аз моҳияти нарх бармеояд. Нишондиҳандаи он аст, ки ҷомеа барои қаноатманд сохтани ин ё он талаботаш чӣ гуна пешомадҳоеро аз сар мегузаронад.
2) ҳавасмандгардонӣ – вазифаест, ки дар таъсиррасонии ташвиқӣ ва мамониатрасонии нарх ба истеҳсол ва истеъмоли навъҳои гуногуни молҳо ифода меёбад.
3) тақсимсозӣ – вазифаест иборат аз имконияти фарқ кардани нархи мол аз арзиши он, ки зери таъсири омилҳои бозор рўй медиҳад.
4) вазифаи тавозуни тақозо ва арза – ифодаи ҳамкории байниҳамдигарии истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда, тақозо ва арза мебошад.
Арза ва нарх таносубан аз ҳамдигар вобастаанд; ин ҳолат дар қонуни арза ифода меёбад.Қонуни арза – қонуни иқтисодист, ки мутобиқи он агар нархи мол баланд шавад, ҳаҷми тақозои он дар бозор меафзояд, агар нархи мол паст шавад, бо вуҷуди шароити дигари баробарӣ арза кам мешавад. Ҳаҷми арзаи ҳар як истеҳсолкунандаи алоҳида, одатан, вобаста ба нарх тағйир меёбад. Агар нарх паст бошад, фурўшандагон моли кам пешниҳод мекунанд, қисме аз онро дар анборҳои корхона нигоҳ медоранд. Агар нарх баланд бошад, онҳо ба бозор навъҳои гуногуни молро мебароранд