Моделҳои тавозуни Валрас ва Маршалл ва тавсифи онҳо

Дар назарияи иқтисоди неоклассикӣ ду равияи таҳқиқи тавозуни бозор – мувофиқи таълимоти Валрас ва таълимоти Маршалл вуҷуд дорад.

Профессори Донишгоҳи Лозанна иқтисодшиноси швейтсарӣ Леон Валрас барқароршавии тавозуни байни тақозо ва арзаро, ки дар мўҳлати кўтоҳ дар заминаи асоси миқдори онҳо рўй медиҳад, таҳлил кард. Ҳангоми боло рафтани нарх ҳаҷми тақозо коҳиш меёбад, ҳаҷми арза аз тавозун болотар мешавад: ин падида хоси бозори харидор аст. Аз зиёдии мол озод шуда истода, истеҳсолкунандагони ба ҳамдигар рақобатдошта, нархро паст мекунанд. Дар зери фишори арзаи зиёдатӣ нархи мол паст мешавад. Дар натиҷа – тақозои ин навъ мол афзоиш меёбад. Ин ҷараён то замоне ки истеҳсолкунандагон он ҳаҷми молеро, ки бо ҳаҷми тақозо мувофиқат мекарда бошад, нафурўшанд, идома хоҳад ёфт.

Ва баръакс, агар нарх аз тавозун пасттар бишавад, ҳаҷми талабот аз ҳаҷми арза бартарият пайдо хоҳад кард; ин падида хоси бозори фурўшанда аст: мол муваққатан камёб хоҳад шуд. Рақобати харидорон, яъне тақозои зиёд ба нархи мол ба самти болоравӣ фишор меоварад. Истеҳсолкунандагон то замони пурра қонеъ гардонидани тақозо арзаро афзоиш хоҳанд дод.

Шарти тавозун мувофиқи таълимоти Валрас дар баробарии зерин ифода меёбад.

Qc (P)=Qs (P)

Ин формула нишон медиҳад, ки дар модели Валрас ҳаҷмҳои тақозо ва арза вазифаҳои нарханд. Дар равияи Валрас ба он такя мешавад, ки тавозун зери таъсири фишори ҳаҷми зиёди тақозо ва ё ҳаҷми зиёди арза ба нарх барқарор мегардад.

Намояндаи маъруфу машҳури мактаби неоклассикӣ А. Маршалл мўътақид буд, ки нерўи ҳаракатдиҳандаи бозор ба сўи тавозун нарх мебошад. Агар нархи тақозо аз нархи арза бартарӣ дошта бошад, пас ин фарқияти нархҳо истеҳсолкунандагонро маҷбур месозад, ки арзаро афзоиш бидиҳанд; то дар сатҳи дигар қарор гирифтани нарх харидорон метавонанд арзаро васеъ бикунанд. Баръакс, агар нархи тақозо аз нархи арза поёнтар қарор бигирад, пас истеҳсолкунандагон арзаи молро коҳиш медиҳанд, истеъмолкунандагон тақозоро то ҳаҷми мувофиқаткунанда бо нархи мутавозин кам мекунанд. Ба ҳамин тариқ, шарти тавозун, мувофиқи таълимоти Маршалл чун баробарии нархи тақозо ва арза сурат мегирад:

Po(Q) = Ps(Q)

Формула нишон медиҳад, ки дар модели Маршалл нарх вазифаи ҳаҷмҳои тақозо ва арза мебошад.

Мутобиқи равияи Маршалл тавозун ба таври автоматӣ зери фишори фарқияти нархи тақозо ва нархи арза, яъне дар натиҷаи ҳамоҳангсозии нарх барқарор карда мешавад ва ин ба давраи тўлонитар мувофиқат мекунад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.