Фанни Иқтисоди миллӣ

Истифода аз назарияи чандирӣ

Чандирӣ – андозаи ҳассосияти тақозо ва арза нисбат ба тағйирёбии омилҳои муайянкунандаи он, андозаи аксуламали як бузургӣ нисбат ба тағйирёбии дигараш мебошад.

Истифода аз назарияи чандирӣ – дар амалия ба кор бурдани меъёрҳои назариявии ифодакунандаи хусусиятҳои дараҷаи ҳассосияти тақозо ва арза нисбат ба тағйирёбии омилҳои гуногун.

Зарурати ба таври васеъ дар амалия истифода кардан аз назарияи чандирӣ ба ин шарту вазъият ба миён меояд:

1) барои ширкат донистани он, ки чандирии тақозо ба маҳсулоти он ва чандирии тақозои бозор ба ҳам мувофиқат намекунанд, аҳамият дорад;

2) тақозо ҳамеша (ба истиснои инҳисори мутлақи ширкат дар бозор) нисбат ба арза чандиртар аст;

3) барои муайян кардани чандирии нархи тақозо ба маҳсулот, ба ғайр аз аксуламали истеъмолкунандагон аксуламали рақибонро ба баланд бардоштан ва ё паст кардани нарх ба назар гирифтан зарур аст;

4) рақобат дар бозор яке аз омилҳои муайянкунандаи чандирии тақозои бозор ба ин ё он мол мебошад;

5) консепсияи сиёсати нарх бо мақсади баланд бардоштани амалкарди он ба чандирии тақозои бозор асос ёфтааст;

6) аз назарияи чандирӣ дар сатҳи ҳукумат ҳангоми таҳияи сиёсати давлатии андоз истифода мешавад;

7) дар ҷараёни ба танзим даровардани (регламентатсияи) андозҳо давлат ҳадаф мегирад, то афзоиши маблағҳои ба буҷет воридшавандаро зиёд бикунад, бо ин мақсад яке аз вазифаҳои андоз – тақсими захираҳоро дар иқтисодиёт амалӣ мегардонад;

8) аҳамияти нишондиҳандаҳои чандирии тақозо ва арза ба ҳар гуна навъҳои мол ва хизматрасонӣ дар он аст, ки онҳо таносуби тақсими ҳаҷми андозро байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон муайян мекунанд. Вобаста ба ин рафти ҳодисаҳо ин тавр равиш пайдо карда метавонад:

а) агар тақозои мол чандирӣ бошад (ба шарте, ки чандирии арза бетағйир бимонад) бори андоз бар дўши истеҳсолкунандагони мол меафтад;

б) агар тақозо ба мол чандирӣ набошад (дар ҳолати бетағйир чандирӣ будани арза) бори андоз бар дўши истеъмолкунандагон меафтад;

в) агар арза чандирӣ бошад (ба шарте, ки чандирии тақозо бетағйир бимонад) бори андоз бар дўши истеъмолкунандагон меафтад;

г) агар арза чандирӣ набошад (ба шарте ки чандирии арза бетағйир бимонад) бори андоз бар дўши истеҳсолкунанда меафтад;

9) афзоиши нишондиҳандаи чандирии тақозо ва арзаи ягон маҳсулот ҳамеша сабаби афзоиши хисорот дар ҷомеа мегардад; ин ҳолат ба сабаби ба ҳамдигар мутобиқат накардани майлу хоҳиш ва имкониятҳои ҳам истеъмолкунандагон ва ҳам истеҳсолкунандагони мол рўй медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *