Назарияи рафтори истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда
Назарияи рафтори истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда консепсияҳои назариявианд, ки аксуламали истеъмолкунан-дагон ва истеҳсолкунандагонро ба тағйироти вазъи бозор нишон медиҳанд.
Бозор – маҷмўи муносибатҳои иқтисодист, ки таъсири байниҳамдигарии тақозо ва арза, истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагонро инъикос менамояд.
Вазъи бозор аз рўи дараҷаи тавозуни тақозо ва арза, ки зери таъсири рафтори истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон ташаккул меёбанд, муайян карда мешавад.
Аз ин рў, рафтори истеъмолкунанда яке аз омилҳои муҳимми тақозо, рафтори истеҳсолкунанда яке аз омилҳои муҳими арза мебошад.
Тақозо – категорияи иқтисодист, ки ҳаҷми молҳоеро нишон медиҳад, ки истеъмолкунанда майлу тавони харидани онҳоро ба нархи муайян, дар муддати давраи муайян ва дар бозори муайян дорад.
Тақозо – ба ибораи дигар талаботест, ки шахс тавони пардохташро дорад.
Ҳаҷми тақозо аз омилҳои зиёде вобаста аст. Омилҳои асосии таъсиррасонанда ба тақозо инҳоянд:
1) нархи моли пешниҳодшаванда;
2) хусусиятҳои сифати мол;
3) сатҳи даромадҳои аҳолӣ;
4) арҷгузории (таваҷҷўҳ зоҳир кардани) истеъмолкунанда;
5) умедвории (интизории) истеъмолкунанда;
6) нархи молҳои тавъам (ҳамроҳ);
7) фаровонии молҳо дар бозор;
8) нишондиҳандаҳои умумииқтисодӣ:
а) ҳаҷми таъмини молиявии дубора;
б) ҳаҷми фоизи даромади аҳолӣ аз депозитҳо (маблағҳои дар бонк гузошташуда);
9) омилҳои сиёсӣ;
10) вазъи демогарфӣ;
11) омилҳои иҷтимоӣ – маданӣ ва ғайра.
Арза – миқдори молҳое, ки дар бозор дар замони муайян ва ба нархи муайян пешниҳод гардидаанд.
Арза зери таъсири сабабҳои гуногун – омилҳои арза ташаккул меёбад.
Омилҳои арза ба ду гурўҳи калон ҷудо карда мешаванд:
1. Берунӣ – омилҳое, ки таъсирашон аз фаъолияти корхона вобаста нест.
Омилҳои берунӣ инҳоянд: иҷтимоӣ-иқтисодӣ (қобили пардохт будани истеъмолкунандагон); ҳаҷми фоидае, ки аҳолӣ аз маблағҳои пасандозашон аз бонк мегиранд; вазъи демографӣ, ки аз миқдори ва талаботи сохтории синну сол муайян карда мешавад); фарҳангӣ; этникӣ; сиёсӣ.
Омилҳои дохилӣ – омилҳое, ки таъсирашонро маъмурияти корхона назорат карда метавонад.
Омилҳои дохилӣ инҳоянд:
1) дараҷаи объективият ва то ҷузъиёт ба назар гирифта шудани пешбинии тақозо ба маҳсулот, ки хадамоти маркетинги корхона тартиб медиҳад;
2) дараҷаи тобоварии маҳсулот ба рақобат;
3) дараҷаи ташкили ҷараёни фурўш ва ҳаракати маҳсулот ба бозор;
4) сиёсат нархи корхона дар бозорҳои мол.