Ҷараёни такрористеҳсол ва навъҳои он

Се навъ ҷараёни такрористеҳсол вуҷуд дорад:

1) оддӣ;

2) маҳдуд кардашуда;

3) васеъ кардашуда.

Такрористеҳсоли оддӣ – азнавсозии ҳолати пешинаи низоми хоҷагидорӣ дар ҷараёни истеҳсол, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ва андозаи сармояи амалкунанда бетағйир мемонанд.

Такрористеҳсоли маҳдуд кардашуда – истеҳсолотест, ки ба сабаби мавҷуд набудани андозаи зарурии маблағгузорӣ ва ё мувофиқи мақсад набудани инвеститсияи сармоя ба ин навъи фаъолият ба сабаби сатҳи пасти фоидаоварӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда кам карда шудааст.

Такрористеҳсоли васеъ кардашуда, истеҳсолотест, ки дар он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мунтазам меафзояд, маблағҳои инвеститсионӣ ба он зиёд мешаванд, сохтораш такмил меёбад.

Такрористеҳсоли васеъ кардашуда дар се шакл вуҷуд дошта метавонад.

Шаклҳои асосии такрористеҳсоли васеъ кардашуда инҳоянд:

1) густурда;

2) шадид;

3) махлут.

Такрористеҳсоли густурда – зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот бо роҳи афзудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ аз ҳисоби пайдо кардани ҷойҳои нави кор, ба кор андохтани қувваҳои иловагии корӣ ва ғайра.

Принсипи асосии амали такрористеҳсоли шадид зиёд кардани қудратҳои истеҳсолот аз ҳисоби афзудани миқдори омилҳои истифодашаванда дар истеҳсолот мебошад.

Такрористеҳсоли шадид (интенсивӣ) –афзудани ҳаҷми маҳсулот, ки бо роҳи зиёд кардани нишондиҳандаҳои миқдорӣ аз ҳисоби дигаргуниҳо ворид намудан ба ҷараёни истеҳсолот ба даст меояд: ҷорӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ, чорабиниҳои ташкилӣ – техникӣ, аз худ кардани технологияҳои нав ва навъҳои дигари маҳсулот ва ғайра.

Принсипи асосии амали такрористеҳсоли шадид афзудани нерўи истеҳсолӣ аз ҳисоби такомули техника ва технология мебошад.

Дар ҳаёти воқеӣ на такрористеҳсоли густурда ва на такрористеҳсоли шадид ба шакли соф вуҷуд надоранд, одатан аз такрористеҳсоли махлут истифода мешавад.

Такрористеҳсоли махлут – зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо ёрии маҷмўи методҳое, ки хоси шаклҳои такрористеҳсоли густурда ва шадид мебошанд.

Принсипи асосии омили такрористеҳсоли махлут афзоиши нерўи истеҳсол бо роҳи зиёд кардани миқдори омилҳои дар истеҳсолот ба кор бурдашаванда, инчунин такмили техникаву технология мебошад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.