Зинаҳои асосии ҷараёни такрористеҳсол

Ҷараёни такрористеҳсол – ҳаракати муттасили беинтиҳои сармояи ҷамъиятӣ (неъматҳои иқтисодӣ) мебошад.

Ҷараёни такрористеҳсол якчанд зинаи пайдарҳамро дар бар мегирад, ки бо ҳамдигар робитаи зич доранд.

1. Истеҳсолот. Зинаи истеҳсолот давраест, ки дар он пайдарҳам неъматҳои ҷамъиятӣ (иқтисодӣ) барои қонеъ гардонидани талаботи мардум офарида мешаванд.

2. Тақсимот. Зинаи тақсимот таъини саҳми ҳар як фард дар офаридани неъматҳои иқтисодии истеҳсолшуда мебошад.

3. Табодул. Зинаи табодул додани яке аз неъматҳо бар ивази неъмати дигар мебошад.

4. Истеъмол. Зинаи истеъмол истифодаи фард аз неъматҳои иқтисодӣ ба мақсади қонеъ гардонидани талаботаш мебошад.

Давраи асосӣ ва ҳалкунандаи ҷараёни такрористеҳсоли неъматҳо истеҳсоли онҳост, ки дар рушди таърихии худ якчанд зинаро тай кардааст.

Се зинаи рушди истеҳсолот мавҷуданд, ки ба се инқилоби техникӣ мутобиқат мекунанд.

1. Зинаи тоиндустриалии истеҳсолот хусусиятҳои зеринро дорост:

1) дар иқтисодиёт хоҷагии қишлоқ мавқеи афзалиятнок дорад;

2) аксар мардум ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд;

3) дар ҳамин соҳаҳои фаъолият меҳнати дастӣ ҷорӣ буд;

4) шакли асосии ташкили меҳнат хоҷагии натуралӣ буд;

5) тараққӣ накардани тақсими меҳнат ва дар ҳолати рукуд қарор доштани муносибатҳои истеҳсолӣ.

Дар натиҷаи табадулоти саноатии охири асри XVIII – ибтидои асри XIX истеҳсолот ба зинаи индустриалӣ гузашт.

2. Зинаи индустриалии истеҳсолот хусусиятҳои зеринро доро буд:

1) мақоми афзалиятнокро дар иқтисодиёт истеҳсолоти саноатӣ бо истифода аз технология ва таҷҳизот соҳиб гардид;

2) аксари мардуми қобили меҳнат дар соҳаҳои индустриалии истеҳсолот фаъолият мекарданд;

3) суръат пайдо кардани ҷараёни иҷтимоии тақсимоти меҳнат;

4) вусъат пайдо кардани урбанизатсия (шаҳрнишин шудани аҳолӣ).

Инқилоби илмӣ – техникии дар миёнаи асри ХХ рўйдода барои гузариши истеҳсолот ба зинаи баъдииндустриалӣ шароит фароҳам овард.

Зинаи баъдииндустриалии истеҳсолот дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

1) дар иқтисодиёт мақоми афзалиятнокро соҳаи хизматрасонӣ соҳиб мегардад ва аксари аҳолӣ ба ин кор машғул мешаванд;

2) мақоми марказиро дар системаи қувваҳои истеҳсолкунанда илм ишғол менамояд;

3) дар заминаи технологияҳо истеҳсоли неъматҳое ба роҳ монда мешавад, ки то ин давра дар табиат вуҷуд надоштанд;

4) ба таври васеъ ҷорӣ гардидани иттилоърасонӣ ва истифода аз автоматика дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.