Даромади нохолис ва хароҷот
Даромади нохолис – маблағи ба пул ҳисобкардашудаи баробари воситаҳои пулии дохилшаванда ва дигар ашё ба андозаи қарзи дебиторӣ.
Даромади нохолис дар бар мегирад:
1) харҷро аз фаъолияти асосӣ;
2) маблағҳои воридшавандаро аз фаъолияти гузаронидани амалиёт;
3) маблағҳои воридшавандаро аз фаъолияти ғайритиҷоратӣ (ғайри машғулият бо фурўш).
Харҷ аз фаъолияти асосӣ – маблағҳои воридшаванда марбут ба фурўши маҳсулот, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ.
Маблағҳои воридшаванда аз фаъолияти гузаронидани амалиёт:
1) маблағҳое, ки дар натиҷаи муваққатан барои истифода пешниҳод намудани дороии корхона ворид мешаванд;
2) маблағҳои воридшаванда аз пешниҳоди истифодаи пулакӣ аз ҳуқуқҳое, ки аз патентҳо барои тасвирҳо, намунаҳои маҳсулот ва дигар навъҳои моликияти зеҳнӣ ворид мешаванд;
3) маблағҳои воридшавандаи марбут бо иштирок дар сармояи оинномавии созмонҳои дигар, аз он ҷумла даромадҳо аз коғазҳои арзишдор;
4) даромаде, ки корхона дар натиҷаи фаъолияти муштарак ба даст овардааст;
5) маблағҳои воридшуда аз фурўши воситаҳои асосӣ ва дигар дороиҳои аз воситаҳои пулӣ фарқкунанда, маҳсулот, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ;
6) даромадҳо (фоиз) аз ҳисоби барои истифода додани маблағҳои корхона, инчунин даромадҳо аз маблағҳои пули корхона, ки дар бонк мавҷуданд;
7) даромадҳои дигари аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳо ба даст омада.
Маблағҳои воридшаванда аз фаъолияти ғайритиҷоратӣ (ғайри машғулият бо фурўш) иборатанд;
1) маблағҳои аз ҷаримаҳову товонбандиҳо ба даст омада;
2) дороии ройгон ба даст омада, аз он ҷумла ҳадяшуда;
3) маблағҳое, ки ба сабаби расонидани хисора (зарар) ба корхона ворид шудаанд;
4) даромади солҳои пешин, ки дар ҳисоботи соли равон кашф гардиданд;
5) маблағи қарзҳои кредиторӣ ва депонентӣ, ки мўҳлати даъво карданашон (дархосташон) гузаштааст;
6) даромадҳову хароҷоти дигари ғайритиҷоратӣ.
Хароҷоти нохолис–маблағи умумии хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда.
Хароҷоти тағйирёбанда–хароҷоте, ки аз ҳаҷми истеҳсолот ва фурўши маҳсулот вобастаанд, яъне хароҷоти мустақими захираҳои гуногун.
Хароҷоти тағйирёбанда иборатанд:
1) харҷи ашёи хом ва маводи барои истеҳсоли навъҳои муайяни маҳсулот (мол, корҳо, хизматҳо) зарурбуда;
2) музди меҳнати коргароне, ки дар истеҳсолоти асосӣ машғули коранд.
Хароҷоти доимӣ – хароҷоте, ки ҳаҷмашон аз тағйир ёфтани ҳаҷму фурўши маҳсулот вобаста нест.
Хароҷоти доимӣ иборатанд аз:
1) маблағи пардохтҳо барои иҷора (иҷорапулӣ);
2) музди меҳнати кормандони маъмурият – роҳбарон;
3) маблағи фарсоиши воситаҳои асосӣ ва ғайра.