Фанни Иқтисоди миллӣ

Андозаи умумӣ, миёна ва ҳадди аксари даромад ва хароҷот

Хароҷоти умумӣ –  ҷамъи    хароҷоти доимӣ ва тағйирё-банда ҳангоми муайян будани ҳаҷми истеҳсолот мебошад.

Азбаски хароҷоти умумӣ аз ду воҳиди ба ҳам омада иборат аст, тағйирот дар воҳиди якум нобаробар сурат мегирад.

Тағйири набаробари хароҷоти умумӣ сабаби тағйири андозаи хароҷоте мебошад, ки ба воҳиди маҳсулот рост меояд. Хароҷоти вобаста ба воҳиди маҳсулот (хароҷот ва ё масорифи хос)-ро инчунин хароҷоти миёна меноманд.

Хароҷоти миёна – хароҷоте мебошад, ки андозааш бо роҳи тақсими хароҷоти умумӣ (хос) мутаносибан ба миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад, яъне хароҷот барои воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда.

Ҳангоми муайян намудани самаранокии истеҳсолот хароҷоти миёна бо нарх баробар мешавад.

Хароҷоти миёна ба навъҳои зерин тақсим мешавад:

1) хароҷоти доимӣ;

2) хароҷоти тағйирёбанда;

3) хароҷоти умумӣ (холис).

Хароҷоти миёнаи доимӣ – хароҷотест, ки андозаи он бо роҳи тақсими хароҷоти доимии умумӣ ба миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад. Ҳаҷми хароҷоти умумӣ аз ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда вобаста нест, аз ин рў, бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол андозаи хароҷоти доимии миёна паст мешавад.

Хароҷоти миёнаи доимӣ дар тўли муддати кўтоҳ тағйир намеёбад.

Хароҷоти тағйирёбандаи миёна бо роҳи тақсими маҷмўи хароҷоти тағйирёбанда ба миқдори муайяни маҳсулоти истеҳсолшуда ҳисоб карда мешавад.

Дар зинаи аз худ кардани истеҳсолот хароҷоти миёнаи тағйирёбанда аз хароҷоти миёнаи доимӣ пасттар мебошад. Ба мурури афзоиши ҳаҷми истеҳсолот маҷмўи хароҷоти тағйирёбандаи миёна рў ба афзоиш дорад. Хароҷоти тағйирёбандаи миёна ба хароҷоти миёнаи умумӣ наздик мешавад.

Хароҷоти миёнаи умумӣ (холис) ба роҳи ҷамъ кардани хароҷоти доими миёна ва хароҷоти тағйирёбандаи миёна ҳисоб карда мешаванд.

Дар радифи хароҷоти умумӣ ва миёна инчунин хароҷоти ҳадди аксар мавҷуд аст. Инҳо хароҷоти иловагии марбут бо ҳар як воҳиди иловагии маҳсулот мебошанд.

Муқоисаи маҷмўи хароҷоти ҳадди аксар бо маҷмўи даромади ҳадди аксар қисми ҷудонашавандаи таҳлили қабули қарорҳо оид ба идоракунианд.

Даромади ҳадди аксар – даромад аз фурўши ҳар як воҳиди маҳсулоти ба таври иловагӣ истеҳсолшуда мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *