Мафҳум ва навъҳои захираҳо

Захираҳоро ба ду гурўҳ метавон ҷудо кард:

1) ғайриистеҳсолӣ;

2) истеҳсолӣ.

Захираҳои ғайриистеҳсолӣ – бахше аз захираҳоянд, ки ҳангоми истеҳсоли неъматҳои моддӣ (иқтисодӣ) аз онҳо истифода намешавад.

Захираҳои истеҳсолӣ – бахше аз захираҳои барои корхона зарур, барои истеҳсоли маҳсулот ва ё эҳтиёҷоти идоракунӣ мебошанд.

Захираҳои истеҳсолӣ иборатанд аз:

1) меҳнатӣ;

2) моддӣ;

3) воситаҳои меҳнат (воситаҳои асосӣ).

Захираҳои меҳнатӣ – қисме аз аҳолӣ, ки аз рўи нишонаи синну сол ва ё вобаста ба вазъи саломатӣ дар фаъолияти иқтисодии минтақа ва ё соҳа иштирок менамояд ва ё қобилияти иштирок карданро доранд.

Ба захираҳои меҳнатӣ ду гурўҳи аҳолӣ дохил мешаванд:

1. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол.

2. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол.

Захираҳои моддӣ қисме аз молу дороии корхона аст, ки аз онҳо ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ба ҳайси воситаҳои меҳнат дар муддати на зиёда аз 12 моҳ ва ё давраи муайяни фаъолият (на зиёдтар аз 12 моҳ) истифода мешавад.

Таркиби захираҳои моддӣ.

1. Навъҳои нисбатан пурарзиши мавод, ки ба дастовардҳои молиявии корхона таъсири бевосита мерасонанд.

2. Арзишҳои молию моддие, ки дар ҷараёни ташаккули дастовардҳои молиявии корхона аҳамияти нисбатан камтар доранд.

3. Захираҳои моддӣ-истеҳсолии камарзиш, ки ба дастовардҳои молиявии корхона таъсири назаррасе намерасонанд.

Воситаҳои асосӣ – қисми амволе, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ба ҳайси воситаҳои меҳнат ва ё эҳтиёҷоти идоракунӣ дар давраи зиёда аз 12 моҳ ва ё давраи муайяни фаъолият, ки аз 12 моҳ зиёд аст, ба кор бурда мешаванд.

Таснифи воситаҳои асосӣ.

1. Аз рўи таъинот: истеҳсолӣ; ғайриистеҳсолӣ.

2. Аз рўи навъҳо: биноҳо; иншоот; мошинтаҷҳизот; воситаҳои нақлиёт; олоти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ; чорвои коркунанда ва маҳсулотдиҳанда; рустаниҳои бисёрсола; объектҳои табии истифодашаванда; қитъаҳои замин.

3. Мувофиқи дараҷаи истифодабарӣ:

1) воситаҳои асосии мавриди баҳрабардорӣ қарорёфта;

2) воситаҳои асосии захиравӣ;

3) ба иҷора гирифташуда.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.