Нишондиҳандаҳои самаранокии истеҳсолот

Самаранокии истеҳсолот системаи нишондиҳандаҳоест, ки самаранокии истифода аз захираҳои истеҳсолотро инъикос менамоянд.

Захираҳои истеҳсолот – захираҳое, ки аз онҳо дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, хизматрасонӣ истифода мешавад. Онҳо иборатанд аз:

1) захираҳои меҳнатӣ;

2) захираҳои моддӣ;

3) воситаҳои меҳнат (захираҳои асосӣ).

Нишондиҳандаҳои самаранокии истифода аз захираҳои меҳнатӣ.

Самаранокии истифода аз захираҳои меҳнатӣ вобаста аст ба судоварии ҳайати кормандони корхона.

Судоварии ҳайати кормандони корхона – таносуби фоидаи гирифтаи корхона ва шумораи миёнаи кормандоне, ки дар муддати сол дар корхона фаъолият доштанд.

Нишондиҳандаҳои самаранокии истифода аз захираҳои асосӣ.

1. Судоварии захираҳо – таносуби фоида аз фаъолияти асосӣ бар арзиши миёнаи солонаи воситаҳои асосӣ.

2. Боздеҳи захираҳои фаъоли қисми захираҳои асосӣ таносуби арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба арзиши миёнаи солонаи қисми фаъоли воситаҳои асосии таъиншуда барои истеҳсолот.

3. Зарфияти захираҳо – таносуби арзиши миёнаи солонаи воситаҳои асосӣ нисбат ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда.

Нишондиҳандаҳои самаранокии истифода аз захираҳои моддӣ.

1. Даромад нисбат ба воҳиди пулии (мас., сомонии) масрафҳои моддӣ таносуби маблағи даромади аз фурўши маҳсулот (хизматрасонӣ, корҳо) гирифташуда нисбат ба маблағи масрафҳои моддӣ.

2. Боздеҳи мавод – таносуби арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба маблағи масрафҳои моддӣ.

3. Зарфияти маводии маҳсулот – таносуби маблағи масрафҳои моддӣ нисбат ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда. Нишон медиҳад, ки чӣ миқдор масрафи моддӣ (ашёи хом, мавод) истеҳсол кардан лозим аст ва барои офаридани воҳиди маҳсулот зарур аст.

4. Коэффитсиенти таносуби суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва масрафҳои моддӣ – таносуби индекси маҳсулоти умумӣ нисбат ба индекси масрафҳои моддӣ аст. Суръати боздеҳи маводро мутаносибан нишон медиҳад ва омилҳои пешрафти онро ошкор месозад.

5. Вазни хоси масрафҳои моддӣ дар арзиши аслии маҳсулот– таносуби маблағҳои масрафҳои моддӣ нисбат ба арзиши аслии пурраи маҳсулоти истеҳсолшуда.

6. Коэффитсиенти масрафҳои моддӣ – таносуби маблағи воқеии масрафҳои моддӣ дар нисбати масрафҳои нақшавӣ, ки ба ҳисоби ҳаҷми воқеии маҳсулоти истеҳсолкардашуда ифода гардидаанд.

Дар қатори нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда инчунин нишондиҳандаҳои истисноии самаранокии истифода аз захираҳои моддӣ мавҷуд аст.

Нишондиҳандаҳои истисноии самаранокии истифода аз захираҳои моддӣ – нишондиҳандаҳои самаранокии истифода аз навъҳои ҷудогонаи захираҳои моддӣ, инчунин дараҷаи зарфияти моддии навъҳои ҷудогонаи маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ).

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.