Омилҳои таъсиррасонанда ба афзоиши самаранокии истеҳсолотро ба се гурўҳ тақсим намудан мумкин аст:
1) омилҳое, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро аз ҳисоби нисбатан пурратар истифода кардан аз қудрати истеҳсолии корхона таъмин менамоянд;
2) омилҳое, ки кам кардани маблағи умумии масрафҳоро барои истеҳсоли маҳсулот таъмин менамоянд, аз ҳисоби:
а) баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии меҳнати кормандон;
б) афзудани самаранокии истифода аз захираҳои моддӣ ва фондҳои асосии истеҳсолӣ;
в) кам кардани пасмондаҳои ғайриистеҳсолӣ ва ботилкорӣ (брак) дар истеҳсолот;
3) омилҳое, ки афзоиши нархи миёнаи фурўши маҳсулотро таъмин менамоянд.
Омилҳое, ки барои афзоиши ҳаҷми фурўш мусоидат менамоянд – афзудани истеҳсоли мол, кам кардани боқимондаҳои маҳсулоти фурўхтанашуда мебошанд.
Ба афзоиши истеҳсоли мол бо роҳҳои зерин ноил шудан мумкин аст:
1) афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ки ба андозааш омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
2) кам кардани боқимондаҳои истеҳсолоти нотамом ва гардиши дохилии байнихоҷагӣ.
Ба кам кардани боқимондаҳои молҳои фурўхтанашуда бо роҳҳои зерин ноил шудан мумкин аст:
1) кам кардани боқимондаи маҳсулоти тайёри дар анборҳо хобида;
2) кам кардани боқимондаҳои маҳсулоти ба бозор бурдашуда вале маблағаш пардохтнашуда.
Омилҳое, ки барои кам кардани маблағҳои умумии хароҷоти истеҳсоли маҳсулот мусоидат менамоянд, инҳоянд:
1) баланд бардоштани самаранокии истифода аз захираҳои меҳнатӣ:
а) муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор;
б) роҳ надодан ба зоеъ шудани вақти кор;
в) афзудани ҳосилнокии меҳнат.
2) афзоиши самаранокии истифода аз захираҳои моддӣ:
а) кам кардани пасмондаҳои аз нақша зиёди ашёи хом ва маводи зарур барои истеҳсолот;
б) кам кардани меъёри харҷи ашёи хом ва мавод барои истеҳсоли як мол.
3) афзоиши самаранокии истифода аз воситаҳои асосӣ:
а) хариди объектҳои нави захираҳои асосӣ;
б) беҳсозии истифода аз захираҳои вақти кори мошинҳо ва таҷҳизот;
в) афзоиши нишондиҳандаи миёнаи коркарди воҳиди таҷҳизот.
Омилҳое, ки барои баланд бардоштани нархи миёнаи фурўши маҳсулот мусоидат менамоянд, инҳоянд:
1) беҳсозии сифати маҳсулот;
2) ҷустуҷўи бозори нисбатан самараноктарини фурўши маҳсулот;
3) мувофиқ намудани ҳаҷми маҳсулот ва мўҳлати фурўши маҳсулот ба харидорон.