Самаранокии миқёси истеҳсолот

Самаранокии миқёси истеҳсолот – падидаи (ҳодисаи) иқтисодист вобаста ба тағйироти хароҷот (масрафҳо) дар давраи тўлонӣ.

Давраи тўлонӣ – замонест, ки тўлаш аз 12 моҳ зиёдтар аст.

Дар давраи тўлонӣ ҳамаи хароҷоти (масрафҳои) корхона тағйирёбанда мешаванд, аз ин рў одатан, онҳоро аз мавқеи амали самаранокии миқёси истеҳсолот мавриди назар қарор медиҳанд.

Хароҷоти тағйирёбанда – хароҷоте мебошанд, ки андозаашон мутаносибан ба тағйироти ҳаҷми истеҳсолот дигаргун мешаванд. Ин навъ хароҷот иборатанд, аз: пардохти музди меҳнат, пардохти хидмати нақлиёт, хариди ашёи хом, сўзишворӣ, маводи кўмакрасон, маблағҳои муайян барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ғ.

Хароҷоти тағйирёбанда – хароҷоте мебошанд, ки аз ҳаҷми истеҳсолот ва фурўши маҳсулот вобастаанд, яъне масрафи мустақими захираҳои гуноун.

Хароҷоти тағйирёбанда иборатанд:

а) аз харҷи ашёи хом ва маводе, ки барои истеҳсоли навъҳои муайяни маҳсулот заруранд;

б) аз музди меҳнати кормандон, ки дар истеҳсолоти асосӣ машғули коранд ва ғ.

Хароҷоти тағйирёбанда ҳангоми афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд мешаванд, ҳангоми коҳиш ёфтани он кам мешаванд.

Хароҷоти тағйирёбанда бевосита ба ҳаҷми истеҳсолот вобастаанд.

Дар оғози кор зиёдшавии хароҷоти тағйирёбанда бо назардошти воҳиди афзоиши маҳсулот бо суръати паст ба вуқўъ мепайвандад. Баъдан суръати онҳо меафзояд. Ин ҳолат ба қонуни боздеҳи коҳишёбанда вобаста аст.

Самаранокии миқёс дар ду шакл зоҳир мешавад:

1) самаранокии мусбати миқёс;

2) самаранокии манфии миқёс;

Самаранокии мусбати миқёс чунин сурат мегирад: калон шудани корхона сабаби кам шудани хароҷоти миёна мешавад.

Самаронокии манфии корхона иборат аз он аст, ки дар сурати калон шудани корхона хароҷоти миёна афзоиш меёбад.

Хароҷоти миёна – хароҷоте мебошанд, ки андозаашон бо роҳи тақсими хароҷоти умумӣ ба миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад; ин хароҷотест барои воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда.

Ҳангоми муайян кардани дараҷаи самаранокии истеҳсолот хароҷоти миёна бо нарх муқоиса карда мешавад.

Хароҷоти миёна ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

1) хароҷоти миёнаи доимӣ;

2) хароҷоти миёнаи тағйирёбанда;

3) хароҷоти миёнаи умумӣ.

Хароҷоти миёнаи доимӣ хароҷоте мебошанд, ки андозаашон бо роҳи тақсими хароҷоти миёнаи доимӣ ба миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад.

Хароҷоти миёнаи тағйирёбанда бо роҳи тақсими ҷамъи хароҷоти тағйирёбанда ба миқдори мутаносуби маҳсулоти истеҳсолшуда ҳисоб карда мешавад.

Хароҷоти миёнаи тағйирёбанда – хароҷоте мебошанд, ки бо роҳи ҷамъ кардани хароҷоти миёнаи доимӣ ва тағйирёбанда муайян карда мешаванд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.