Фанни Иқтисоди миллӣ

Ҷорияҳо ва захираҳо

Ҷорияҳо – пулҳо ва молҳое, ки дар давраи муайяни замон (сол, рубъи сол, моҳ) гардиш мекунанд (ҷорианд).

Захираҳо – арзишҳои моддӣ, воситаҳои гардишӣ дар шакли ашёи хом, мавод, сўзишворӣ, моли нимтайёр, маҳсулоти тайёр, ки дар анборҳо бо мақсади баъдан мавриди истифода қарор додан нигоҳ дошта мешаванд.

Захирасозӣ методи нигаҳдории сарватҳо барои таъмини истеҳсоли мунтазам ва гардиш, кам кардани хатари ба миён омадани таътил (бекор мондан) мебошад. Меъёрҳои ба ҳисоб гирифташудаи захираҳо мавҷуданд, ки онҳоро захираҳои меъёрӣ меноманд. Захираҳое, ки аз ин меъёр зиёдтаранд захираҳои ғайримеъёрӣ номида мешаванд.

Мақсад аз идораи молҳои ҷория ва захираҳо беҳсозии ба кор андохтани дороии ширкат ва ба кор андохтани имкониятҳои дохили ширкат барои зиёд кардани самаранокӣ, кам кардани масрафҳо ва афзудани даромад мебошад.

Маводи ҷория нишондиҳандаҳои хусусиятҳои ин ё он ҷараёне мебошанд, ки дар давраи муайяни замон сурат мегирад. Масалан, андозаи маҳсулоти истеҳсолшуда,  музди  меҳнати  коргарон ва ғ.

Захираҳо нишондиҳандаи мавҷудияти неъматҳо дар давраи муайяни замон, то ягон санаи муайянанд. Масалан, мавҷудияти фондҳои асосӣ ва ё сармояи асосии воқеӣ то аввали сол ва ё дигар давраи ҳисоботӣ.

Захираҳо ба гурўҳҳои зерин тасниф карда мешаванд:

  1. Сарватҳои ғайримолиявӣ:
  2. Сарватҳои офаридашуда:

а) сарватҳои моддӣ;

б) фондҳои асосӣ (сармояи воқеии асосӣ);

в) воситаҳои моддии гардишкунанда;

г) арзишҳо ва сарватҳое, ки қобилияти нигаҳдории арзишро дар давраи нисбатан тўлонӣ доранд;

2) сарватҳои ғайримоддӣ; фондҳои асосӣ (хароҷот барои ковишҳои геологӣ, барномасозӣ; нусхаҳои асли осори рассомӣ ва адабиёт);

3) сарватҳои офариданашуда:

а) сарватҳои моддӣ (замин; маъданҳои табиӣ);

б) сарватҳои ғайримоддӣ (патентҳо, ҳуқуқҳои муаллиф, литсензияҳо, ноу-хау, саҳми зеҳнӣ).

2. Сарватҳои молиявӣ:

1) пули тилло ва ҳуқуқҳои махсуси ба орият (қарз) гирифтан;

2) депозитҳо ва пули нақд (дар гардиш);

3) коғазҳои арзишдор;

4) саҳмияҳо ва дигар шаклҳои сармояи саҳмдорӣ;

5) вомбаргҳо ва қарзҳо (кредитҳо);

6) захираҳои техники ширкатҳои суғурта;

7) қарзҳои дигари кредиторӣ (дебиторӣ).

Захираҳо ва ҷорияҳо ба ин тартиб ба ҳамдигар алоқаманданд:

Захира барои охири давра = Захира барои ибтидои давра + Ҷория, нишондиҳандаи ворид гардидани захира – Истифода бурдани ҳамон сарват аз захира.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *