Фанни Иқтисоди миллӣ

Андозаҳои муқаррарӣ ва воқеӣ

Андозаи муқаррарӣ (номиналӣ) – андозаи баҳисобгирии меъёрист, ки аз рўи он муқоисаи андозаҳои воқеии аз он дуршуда сурат мегирад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии андозаи даромади аҳолӣ – ҳама гуна даромадҳои аҳолӣ мебошад, ки ба шакли пул ё ашё (натуралӣ) ба даст оварда шудаанд. Ин коэффитсиентро метавон мустақиман дар заминаи омори буҷети оилаи алоҳида барои ҳар як хоҷагӣ ҳисоб кард, вале он на даромадҳои умумӣ ва на реалии аҳолиро нишон намедиҳад.

Даромадҳои умумии аҳолӣ бо роҳи ба ҳам ҷамъ кардани даромадҳои шахсӣ ва арзиши хизматҳои аз ҳисоби захираҳои иҷтимоӣ ройгон ва ё бо шартҳои имтиёзӣ расонидашуда муайян карда мешаванд.

Ин нишондиҳандаҳо, ки ба нархҳои давраи ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, нишондиҳандаҳои муқаррарии даромадҳо ном доранд; онҳо мундариҷаи воқеии даромадҳоро муайян намесозанд, яъне нишон намедиҳанд, ки чӣ миқдор неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳо дар ҳамин сатҳи даромадҳо ба мардум дастрас аст.

Даромадҳои воқеӣ – даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо назардошти нархҳои воқеии молҳо, хизматрасонӣ ва андозситонӣ ҳисоб карда шудаанд. Одатан, онҳо аз рўи миқдори неъматҳое, ки ба ин даромадҳо харидорӣ шуда метавонанд, муайян карда мешаванд.

Соҳибони даромад метавонанд дар шакли ниҳоӣ дар ихтиёри худ танҳо қисми даромади муқаррариро дошта бошанд, чунки онҳо бояд андози шахсӣ ва дигар хароҷотро пардохт намоянд. Аз даромадҳои муқаррарии шахсӣ (ДМШ) ҳаҷми андозҳои, пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвиятро ба созмонҳои ҷамъиятӣ (АП) тарҳ карда, даромадҳои шахсии дар ихтиёри аҳолӣ (ДША) – он қисми даромадҳои шахсиро, ки соҳибонашон барои истеъмол ва амонатгузорӣ нигоҳ медоранд, пайдо метавон кард:

ДША = ДМШ – АП

Байни андозаҳои муқаррарӣ ва воқеии даромадҳо ба сабаби тағйирёбии қобилияти харидории пул – нишонаи сатҳи баръакси нархҳо, фарқиятҳои зиёд вуҷуд дошта метавонанд.

Нишондиҳандаҳои даромад дар ҳолате воқеӣ шуда метавонанд, ки агар барои ҳисобу китоб нархҳои собит ба кор бурда шаванд, чунки тағйирёбии онҳо бо ёрии индексҳои қобилияти харидории пул ва ё индексҳои нархҳо ба молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ пўшонида мешаванд. Бо назардошти тағйирёбии нархҳои молҳои истеъмолӣ андозаи даромадҳои воқеии шахсии дар ихтиёри аҳолӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба ҳамин тарз даромадҳои умумии воқеии аҳолӣ чун даромадҳои маҷмўӣ бо назардошти қобилияти харидории пул ҳисоб карда мешавад.

Барои равшан кардани хусусияти ҳаракати ин нишондиҳандаҳо индексҳои мувофиқ, масалан, индекси даромадҳои воқеии дар ихтиёри аҳолӣ буда ба назар гирифта мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *