Маҳдудиятҳои иқтисодӣ

Имкониятҳои истеҳсолии низоми иқтисодӣ ба сабаби нодир будани захираҳои истифодашаванда маҳдуданд. Ин нодирият бо мурури рушди ҷомеа на танҳо ҳифз мешавад, балки афзоиш низ меёбад. Сабаби ин ҳодиса дар он аст, ки захираҳои ғайриистеҳсолии табиӣ масраф мешаванд.

Маҳдудияти мутлақ – норасоии захираҳои истеҳсолӣ барои қонеъгардонии якдафъаинаи ҳама талаботи инсон мебошад. Вале агар соҳаҳои талабот камтар шаванд, маҳдудияти мутлақ нисбӣ мешавад, чунки барои соҳаи маҳдуди талабот тамомшавандагии захираҳо нисбӣ мебошад.

Ба сабаби маҳдудияти захираҳо ҷомеа ба интихоб мувоҷеҳ мешавад, ин маънои онро дорад, ки ҷомеа бояд аз чизе даст бикашад, аз чизе сарфи назар бикунад, яъне ба созиш байни самаранокии захираҳо ва баробарии онҳо ноил бигардад, то ин ки натиҷаи дилхоҳ ба даст биоварад.

Ба ҳамин тариқ, ҳаҷм ва дараҷаи пурра шудани захираҳои неъматҳои гуногун нишондиҳандаи маҳдудияти онҳо нисбат ба ҳамдигар мебошад ва дар категорияи нодирияти неъматҳо зоҳир мешавад.

Захираҳои дар ихтиёри истеъмолкунанда вуҷуддошта барои қонеъ гардонидани талаботи муайяни ў дар ҳаҷми мутлақ метавонанд дастрас набошанд. Ин навъ маҳдудияти неъматҳо дар нисбати талабот ба онҳо дар категорияи дастнорасии неъматҳо зоҳир мешавад.

Дар маҷмўъ нодирият ва дастнорасӣ чун ҷиҳатҳои гуногуни маҳдудияти неъматҳо ҷилвагар мешаванд.

Масъалаи ба қарори иқтисодӣ расидан масъалаи интихоби варианти алтернативии амалиёти иқтисодӣ мебошад. Ин масъала танҳо он вақт ба миён меояд, ки агар барои субъекти майяни иқтисодӣ на танҳо имконияти ҳақиқӣ вуҷуд дорад, балки эҳтиёҷи интихоб низ байни вариантҳои алтернативӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин тариқ, ҷиҳати баръакси масъалаи интихоб масъалаи сарфакорӣ – харҷи маҳдуд ва бешууронаи маблағҳо барои қонеъ гардонидани талаботи мазкур ҳангоми имконпазир будани талаботи дигари субеъкти иқтисодии муайян мебошад.

Масъалаи интихоби иқтисодӣ ва муайян намудани хароҷотро модели ҳадди имкониятҳои истеҳсолӣ намоён месозад. Он нақшаест ба шакли хати маҳдудкунандаи субъекти иқтисодӣ. Дар дохили имкониятҳои иқтисодӣ маҷмўи неъматҳо, молҳое вуҷуд доранд, ки бо истифода аз омилҳои мавҷудаи истеҳсолӣ онҳоро истеҳсол метавон кард. Ба ҳамин тариқ, созиш байни самаранокӣ ва баробарӣ – роҳ надодан ба набаробарии шадид, синтези муассирии иқтисодист, ки тамаркузи қувва ва воситаҳоро дар ҷабҳаҳои боздеҳи ҳадди аксари онҳо талаб менамоянд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.