Бозор ва таснифоти бозорҳо
Бозор – мубодилаи мол ба мол, ки мувофиқи қонунҳои истеҳсоли мол ва гардиш ташкил шудааст, маҷмўи муносибатҳои мубодилаи мол ба мол; механизми ҳамкории муштараки харидорон ва фурўшандаҳо; маҷмўи муносибатҳои тақозо ва арза; маҷмўи ашхос ва ташкилоту талаботи онҳо, ки қонеъ гардониданашон зарур аст, пуле, ки онҳо тайёранд харҷ бикунанд ва омодаанд ин корро бикунанд; бозор фазои мубодила дар дохили кишвар ва байни кишварҳо; ба ҳам пайвасткунандаи истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунан-дагони маҳсулот.
Бозорҳоро аз рўи аломатҳои гуногун ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд. Аломатҳои нисбатан маълум инҳоянд:
- мўҳтавои иқтисодии бозор;
- дараҷаи рушди рақобат;
- тарзи таносуби тақозо ва арза;
- миқёси фаъолият
Вобаста ба мўҳтавои иқтисодӣ навъҳои зерини бозор мавҷуданд:
- бозори молҳои ниёзи мардум;
- бозори воситаҳои истеҳсолот;
- бозори хизматрасонӣ;
- бозори ноу-хау;
- бозори инвеститсияҳо;
- бозори қувваи кор.
Вобаста ба дараҷаи рушди рақобат чунин навъҳои бозор вуҷуд доранд:
- бозори монополия;
- бозори олигополия;
- бозори рақобати соф;
- бозори рақобати номукаммал.
Вобаста ба таносуби тақозо ва арза бозори харидор ва бозори фурўшанда мавҷуданд.
Вобаста ба миқёси фаъолият ду навъ бозор вуҷуд доранд: бозори дохилӣ; бозори хориҷӣ.
Хусусиятҳои асосии бозор инҳоянд: ғунҷоиши бозор; ҳудудҳои бозор.
Ғунҷоиши бозор – ҳаҷми ба ҳадди аксар имконпазири фурўши моли муайян дар бозори муайян дар муддати вақти муайян.
Ҳаҷми бозорро бо ёрии якчанд тарзҳо муайян кардан мумкин аст.
- Ғунҷоиши бозор баробар аст ба ҷамъи ҳаҷми моли истеҳсолшуда ва дохилкардашуда тарҳи маҳсулоти баровардашуда.
- Ғунҷоиши бозор баробар аст ба ҷамъи ҳаҷми фурўши моли таҳлил кардашуда аз ҷониби фурўшандагони алоҳида.
- Ғунҷоиши бозор баробар аст ба меъёри аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашудаи ғизои як шахс ва шумораи аҳолӣ.
Ҳудудҳои бозор муайянкунандаи тўлу арзҳои бозор мебошанд.
Ду навъ ҳадуди бозор вуҷуд дорад: ҳудудҳои молӣ; ҳудудҳои ҷуғрофӣ.
Мустаҳкамсозии ҳудудҳои ҷуғрофии бозор барои ташаккули бозорҳои ягонаи зиёди ҷуғрофӣ шароит фароҳам овард.
Бозори ягонаи ҷуғрофӣ – бозорест, ки дар он фурўшандагон моли дар як минтақа фурўхта мешудагиро ивазкунандаи моли дар минтақаи дигар фурўхташаванда ба шарти ҷойивазкунии озоди мол дар байни минтақаҳо, нигаҳ дошта шудани сифати мол, хароҷот барои ҷойивазкунии мол, ки аз нархи он 5% зиёд набошад, меҳисобанд.