Мафҳуми монополия ва бозори монополия

Монополия (инҳисор) – иттиҳодияи бузурги хоҷагидории мулки хусусист, ки бар соҳаҳои истеҳсолот, бозорҳо ва иқтисод дар заминаи тамаркузи дараҷаи баланди истеҳсолот ва сармоя бо мақсади муқаррар намудани нархҳои монополӣ ва гирифтани даромадҳои монополӣ, назорат менамояд.

Хусусияти асосии монополия мавқеи монополӣ ишғол кардан дар бозор мебошад.

Мавқеи монополӣ дар бозор – вазъи мусаллати  соҳибкор аст, ки ба ў имконият медиҳад мустақилона ва ё якҷоя бо дигар соҳибкорон рақобатро дар бозор оид ба фурўши моли муайян маҳдуд созад.

Хусусиятҳои муҳимтарини монополия инҳоянд:

  1. соҳаи истеҳсолот аз як ширкате иборат аст, ки вай истеҳсолкунандаи ягонаи маҳсулот ва ё расонандаи хидмат мебошад;
  2. ивазкунандаҳои дигари (ҳаммонанди) маҳсулоти монополӣ вуҷуд надоранд;
  3. монополист ба харидор нархро бор мекунад ва имкони зиёд ё кам кардани маҳсулоти пешниҳодшавандаро (арзаро) дорад.

Навъҳои асосии монополия инҳоянд:

  1. монополияҳои табиӣ;
  2. монополияҳои расмӣ;
  3. монополияҳои сунъӣ.

Монополияҳои табиӣ – созмонҳое, ки унсурҳои нодири истеҳсолот, соҳаи инфрасохтори барои ҷомеа дорои аҳамияти стратегӣ бударо дар ихтиёр доранд.

Монополияҳои расмӣ – иттиҳодияҳои монополие, ки дар асоси қонун ташкил карда шудаанд.

Монополияҳои сунъӣ – иттиҳоди корхонаҳое, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи монополӣ ташкил карда мешаванд.

Картел, синдикат, трест, консерни серсоҳа монополияҳои сунъӣ мебошанд.

Картел – иттиҳоди корхонаҳои як соҳаи истеҳсолот, ки воситаҳои истеҳсолот ва маҳсули истеҳсол моли шахсиашон мебошад. Ширкаткунандагони картел маҳсулоти истеҳсолшударо мустақилона мефурўшанд ва оид ба квота муоҳида менамоянд.

Квота – саҳми ҳар кас дар истеҳсоли умумии маҳсулот.

Синдикат – иттиҳодияи корхонаҳое, ки як навъ маҳсулот истеҳсол менамоянд; дар ин навъ иттиҳодия моддиёт моли хусусии ширкаткунандагони ҷудогонае мебошад; маҳсулоти тайёршуда чун дороии умумӣ аз ҷониби идораи бо ин мақсад таъсисёфта фурўхта мешавад.

Трест – иттиҳодияи корхонаҳои як ва зиёдтари соҳаҳои истеҳсолот, ки ширкаткунандагонаш моликияти хусусии худро ба воситаҳои истеҳсолот ва маҳсулоти истеҳсолшуда эҳдо менамоянд.

Консерни серсоҳа – иттиҳодияи даҳҳо ва ё садҳо корхонаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки ширкаткунандагонаш моликияти худро ба воситаҳои истеҳсолот ва маҳсулоти истеҳсолшуда аз даст медиҳанд; корхонаи сарвар бар фаъолияти корхонаҳои дигар аз ҷиҳати молиявӣ назорат мекунад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.