Фанни Иқтисоди миллӣ

Рақобати монополистӣ

Рақобати монополистӣ – вазъест дар бозор, ки ширкатҳои зиёди хурд моли ба ҳам монандро ба фурўш мебароранд.

Рақобати монополистӣ яке аз навъҳои рақобати номукаммал мебошад.

Рақобати номукаммал – як навъ бозорест, ки дар он ҳамон миқдор фурўшандаҳое фаъолият менамоянд, ки ба нархи бозории маҳсулоти пешниҳодшаванда таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Бозор – мубодилаест, ки дар асоси қонунуҳои истеҳсоли мол ва гардиш ташкил ёфтааст, маҷмўи муносибатҳои мубодилаи мол аст; механизми муносибатҳои байниҳам-дигарии харидорон ва фурўшандаҳо, маҷмўи муносибатҳои тақозо ва арза мебошад.

Дар айни замон рақобати монополистӣ нисбат ба дигар шаклҳои рақобати номукаммал (олигополия ва монополияи соф) ба ҳадди аксар ба амсилаи бозори рақобати мукаммал наздик карда шудааст.

Рақобати мукаммал – як навъ бозорест, ки дар он фурўшандагони зиёде фаъолият мекунанд, ки як навъ маҳсулот истеҳсол менамоянд, ҳеҷ яке аз фурўшандагон (истеҳсолкунандагон) ба нархи бозории маҳсулоти пешниҳод мекардагиашон таъсир намерасонанд.

Хусусиятҳои фарқкунандаи рақобати монополистӣ инҳоянд:

  1. зиёд будани ширкатҳои хурде, ки саҳми онҳо дар маҷмўи ҳаҷми бозор кам аст;
  2. якранг набудани маҳсулот. Якранг набудани маҳсулот дар якчанд шакл зоҳир мешавад:

а) сифаташон, яъне мушаххасоти амалиёт ва хусусиятҳои мавод, қисмҳои алоҳида, ороиш, сифати кори умумӣ ва коркарди баъзе қисмҳо, дараҷаи дошт ва дарозумрӣ, мўътамадии кор;

б) шароити фурўш ва хидмате, ки дар ин маврид расонида мешавад: сифат ва суръати хизматрасонӣ, барномаҳои хизматрасонӣ;

в) ҷойгир кардани маҳсулот ва дараҷаи дастрас будани он ба харидорон; мавқеи ҷойгиршавии мағоза ва ё маркази савдо, вақти кор;

г) фарқиятҳои ночизи маҳсулот, ки ба тавассути истифода аз бастабандии махсус ба даст омадааст; тарғибу ташвиқ бо роҳи реклама ва истифода аз тамғаҳои ширкатҳои машҳур;

3) мавҷуд набудани монеаҳо барои ворид гардидан ва баромадан аз соҳа;

4) маҳдудиятҳои ночизи дастрасӣ ба иттилоот;

5) фаъолона тарғибу ташвиқ кардани кори ширкат, пеш бурдани нишонаҳову тамғаҳои савдо ва ғайра;

6) дараҷаи назорати нарх, ки ба сабаби зиёд будани ширкатҳои дар рақобати монополистӣ иштироккунанда маҳдуд карда шудааст; 7) дар амалия мавҷуд набудани созишҳои махфӣ оид ба маҳдудсозии ҳаҷми истеҳсолот ва танзими нархҳо

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *