Бозори меҳнат

Бозори меҳнат – механизми ҳамкории байниҳам-дигарии харидорон ва фурўшандаҳо, маҷмўи муносибатҳои тақозо ва арза, ки дар онҳо ба ҳайси объекти хариду фурўш захираҳои меҳнатӣ амал менамоянд.

Захираҳои меҳнатӣ – қисме аз аҳолӣ, ки аз рўи синну сол ва вазъи саломатӣ дар фаъолиятмандии минтақа ва ё соҳа иштирок мекунад ва ё иштирок карда метавонад.

Таркиби захираҳои меҳнатӣ:

  1. аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол;
  2. аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол.

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол он қисми аҳолист, ки талаботи қувваҳои меҳнатро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд.

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол аҳолии машғули кор ва бекорон мебошанд.

Аҳолии машғули кор – мардону занони аз 16 – сола боло инчунин синну соли хурдтар мебошанд, ки дар давраи мавриди таҳлил қарор додашуда кореро иҷро мекарданд:

  1. чун коргари кироя бо музди меҳнат дар рўзи кори пурра ва ё нопурра;
  2. бе музди меҳнат дар корхонаи оилавӣ;
  3. ашхоси синну солашон гуногуне, ки ба сабаби беморӣ ва ё лат хўрдан, нигоҳубини беморон ва ё хешу ақрабо муваққатан дар сари кор набуданд ва ё дар мураххасии ҳарсола, мураххасии таълимӣ ва ё истироҳат буданд ва ғ.

Бекорон – ашхоси аз 16-сола боло, ки дар тўли давраи мавриди таҳлил қарор гирифта:

  1. кор надоштанд;
  2. кор меҷустанд ва дар сурати пайдо кардан омода буданд ба кор шурўъ намоянд.

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол – як қисми аҳолӣ, ки ба ҳайати қувваҳои меҳнатӣ дохил намешавад, аз он ҷумла, ашхоси синну солашон хурд:

  1. хонандагон ва донишҷўёни шўъбаҳои таълими рўзона, курсантҳои таълими рўзона;
  2. ашхосе, ки аз рўи синну сол, имтиёзҳо, инчунин маъюбӣ нафақа мегиранд;
  3. ашхосе, ки ба пеш бурдани кори хоҷагӣ, нигоҳубини кўдакон машғуланд;
  4. ашхосе, ки аз дарёфти кор дилсард шудаанд;
  5. ашхоси дигаре, ки новобаста аз манбаъҳои даромадашон ба кор зарурат надоранд.

Ба ҳамин тариқ, меҳнат яке аз омилҳои истеҳсолот аст ва нарх дорад. Нархи меҳнат музди меҳнат  мебошад.

Музди меҳнат (ҳаққи заҳмат) – маблағест, ки ба корманд барои заҳматаш, ки барои истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор, хизматрасонӣ сарф кардааст, пардохта мешавад.

Чунин навъҳои музди меҳнат мавҷуданд:

  1. музди меҳнати муқаррарӣ (номиналӣ) – маблағест, ки коргари кироя барои меҳнаташ мегирад;
  2. музди меҳнати (дастмузди) воқеӣ – миқдори неъматҳои ҷамъиятӣ, ки коргар ба маблағи музди меҳнаташ харида метавонад;
  3. музди меҳнати асосӣ – маблағест, ки ба коргар барои вақти дар кор гузарондааш, барои миқдор ва сифати кори иҷро кардааш дода мешавад;

музди меҳнати иловагӣ – маблағҳои пардохтшаванда барои вақти ғайрикорӣ, ки тибқи қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.