БОЗОРИ САРМОЯ

Ба маънои васеъ сармоя – ҳамаи он чизест, ки қобилияти даромад овардан дорад ва ё захираҳоеанд, ки одамон барои истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ сохтаанд. Ба маънои танг сармоя манбаи амалкунандаи даромад дар шакли воситаҳои истеҳсолот аст, ки сармоягузорӣ шудааст.

Зери мафҳуми сармоя дар бозори омилҳои истеҳсолот сармояи воқеӣ ва ё захираҳои истеҳсолот (неъматҳои сармоявӣ), манзили зисту зиндагонӣ, иншооти истеҳсол, мошинҳо, таҷҳизот, инфрасохтор; захираҳои молию моддӣ ва ғайра фаҳмида мешавад.

Ҳамаи неъматҳои номбаршуда дар шаклҳои гуногун – пардохти иҷора, фоизи даромад аз депозитҳо (маблағҳои дар бонк гузошташуда), даромадҳо (дивидендҳо) аз коғазҳои арзишдор, рентаи замин ва ғ. селвор даромад меоранд. Ҳангоми омўзиши бозори сармоя байни категорияҳои захира ва сел фарқ бояд гузошт.

Сармоя чун захира неъматҳои ғункардашуда барои истеҳсолот дар давраи муайян мебошанд.

Инвеститсияҳо – ҷараёне мебошанд, ки тавассути он захираҳои сармояи мавҷуда (таҷҳизоти истеҳсолот, дастгоҳҳо, мошинҳо ва ғ.) дар замони муайян афзоиш меёбанд. Инвеститсияҳо дар бозори меъёрҳои истеҳсолот сармоягузориеанд, ки захираҳои сармояи воқеиро зиёд мекунанд.

Ҳангоми баррасии бозори сармоя сармоя ва хидмати капиталро аз ҳамдигар фарқ бояд кард.

Сармоя чун захира, хидмати капитал чун ҷараён дониста шудааст.

Аз ҳамдигар фарқ кардани нархи неъматҳои сармоявӣ (нархи дастгоҳҳо, мошинҳо, биноҳо ва ғ.) ва нархи хидмати сармоя (воҳиди пул барои миқдори мошин – соатҳо), ки пардохти иҷора ном дорад, аҳамияти калон дорад.

Дар бозори неъматҳои сармоявӣ фондҳои истеҳсолӣ харида ва фурўхта мешаванд; дар бозори хидмати сармоя ин захираҳоро ба маблағи муайян метавон ба иҷора дод. Барои хариду фурўши неъматҳои сармоявӣ ба субъектҳо маблағҳои пул–бозори вомбаргҳо заруранд.

Навъҳои сармоя:

  1. Сармояи асосӣ як қисми маблағҳоест, ки дар истеҳсолот дар тўли давраҳои зиёд иштирок менамоянд. Ин сармоя ба шакли биноҳо, мошинҳо, иншоотҳо, яъне неъматҳои сармоявии истифодаашон ба мўҳлати дароз таъиншуда мебошад ва арзишашон тадриҷан дар натиҷаи фарсуда шудан дар тўли давраҳои истеҳсолот коҳиш меёбад.
  2. Сармояи гардишӣ дар тўли як давраи истеҳсолӣ иштирок менамояд ва ба пуррагӣ харҷ мешавад. Ашёи хом, мавод, захираҳои маҳсулоти тайёр ва ғ. ба ин навъи сармоя дохил мешаванд.
  3. Сармоя – пул маблағҳое, ки ба тавассути онҳо сармояи воқеӣ харида мешавад.

Тақозои сармоя ё молҳои сармоявӣ аз майл доштан ба маблағгузорӣ, яъне афзудани сармоя бармеояд. Лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳолате пеш гирифта мешавад, ки агар хароҷоти ниҳоӣ барои амалӣ кардани он нисбат ба даромади ниҳоие, ки аз маҳсулот ба даст омадааст, зиёдтар набошан

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.