МАҲДУДИЯТ ДАР БУҶЕТ

Маҳдудият дар буҷет – маҳдудияти молиявӣ барои харҷи маблағҳо аз буҷет, ки дар шакли хароҷоти ниҳоии қобили таҳаммул ифода меёбад. Маҳдудият дар буҷет ба сабаби маҳдуд будани маблағҳо дар буҷети давлат, минтақа, корхона, оила сурат мегирад.

Нархи молҳо мувофиқи таносуби тақозо ва арза таъин мешаванд ва аз тасмими истеъмолкунандаи дур ҷойгирифта вобаста нестанд.

Маҳдудият дар буҷет маҷмўи он молҳоест, ки аз ҷониби истеъмолкунанда ба ҳамон даромаде, ки барои онҳо ҷудо шудааст ва нархе, ки барои онҳо таъин гардидааст, харида шуда метавонанд.

Маҳдудият дар буҷетро одатан ба ин тарз сабт менамоянд: P1X1 + Р2Х2 < 1, ки ин маънои онро дорад, ки: ҷамъи маблағҳо барои ҳамин молҳо аз даромади муайян зиёд нест. Бо илова кардани манфӣ набудани Х1 ва Х2 соҳаи интихоби истеъмол ё фазои буҷетӣ ҳосил мешавад.

Хати маҳдудият дар буҷет (хати буҷет) – ба таври оддӣ хати ростест P1X1 + Р2Х2 = 1, нуқтаҳои ин хат нишондиҳандаи ҷамъи неъматҳоеанд, ки дар хариди онҳо даромади ҷудокардашуда пурра харҷ карда мешавад.

Ҳангоми мусбат будани муфидии ниҳоии неъматҳо харидор ҳамеша ба маҷмўи пешниҳоддоштаи яке аз нуқтаҳои ин хат эътибор медиҳад, чунки дар акси ҳол як қисм маблағҳое, ки ба онҳо молҳои иловагӣ харида некуаҳволии худро таъмин кардан мумкин аст, харҷ нашуда мемонанд.

Хати буҷет хати координатаро дар нуқтаҳои Х1 = 1/P1 ва Х2=1/Р2, ки ифодакунандаи ҳадди аксари имконпазири миқдори неъматҳо Х12 мебошад, ки онҳоро ба даромади ба даст омада ва нархи таъиншуда харидан мумкин аст. Хати моили маҳдудият дар буҷет баробар аст ба таносуби нархҳои молҳо Р1 / Р2  (нархи нисбии неъмати нахустин). Ин тарзи нигариш шакли баръакси амали маҳдудият дар буҷет мебошад. Ин бузургӣ нишондиҳандаи миқдори моли Х2 аст,аз он харидор бояд даст бикашад, то ин ки воҳиди иловагии мол Х1-ро бихарад.

Хати маҳдудият дар буҷет метавонад нисбатан муракабтар – таркибӣ, шикаста, каҷ ва ғ. бошад. Ин ҷиҳат аз ҳолатҳое вобаста аст, ки ба харидор барои хариди маҳсулот шароит фароҳам меоваранд. Масалан, хатҳои шикастаи буҷетӣ вақте пайдо шуда метавонанд, ки ба маҳдудият дар буҷет шартҳои нав – маҳдудият на танҳо дар масъалаи пул, инчунин маҳдудият дар вақт илова мешаванд. Дар ин ҳолат хароҷоти хоси вақт барои харид ва ё истифода аз неъматҳои Х1 ва Х2 (мутобиқан Т1 ва Т2) ва буҷети умумии барои истеъмоли ин неъматҳо ҷудокардашудаи вақт Н маҳдудияти таҳлилкардашударо дар вақт медиҳанд: Т1Х12Х2=Н. Маҳдудияти ҷамъбасти хати буриши ин ду маҳудидият мешавад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.