Омилҳои истеҳсолот

Омилҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ инҳоянд:

  1. меҳнат – омили инсонист, ки ифодагари фаъолияти якҷояи мақсадноки одамон барои дигаргунсозии ашёи табиат ба ёрии воситаҳои меҳнат бо мақсади қонеъ гардонидани талабот мебошад. Дар нисбати ҷараёни истеҳсолот меҳнати одам ба ин тартиб тасниф мешавад:

а) меҳнати коргарони истеҳсолкунанда, ки бевосита ба офаридани неъматҳои моддии ҷамъиятӣ машғуланд;

б) меҳнати ашхоси роҳбарикунанда, ки ба ташкили фаъолияти якҷояи коргарон машғуланд;

2) воситаҳои истеҳсолот – омили моддӣ – ашёӣ, ки асоси моддӣ-техникии фаъолияти истеҳсолиро ташкил медиҳад.

Воситаҳои истеҳсолот аз ду ҷузъ иборатанд: воситаҳои меҳнат; олати меҳнат.

Воситаҳои меҳнат – омили модист, ки бо ёрии он ва меҳнати инсон ашёи меҳнат ба неъматҳои ҷамъиятӣ табдил дода мешаванд.

Ба ашёи меҳнат, одатан, категорияҳои зерин дохил карда мешаванд:

  1. шароити табии меҳнат;
  2. дастовардҳои прогресси илмӣ-техникӣ (воситаҳои асосӣ), ки аз инҳо иборатанд:

а) олоти меҳнат;

б) шароити умумии моддии меҳнат (биноҳои истеҳсолотӣ, иншоот).

Воситаҳои истеҳсолӣ – қисме аз амвол, ки дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва ё барои эҳтиёҷоти идораи корхона дар тўли муддати аз 12 моҳ зиёд ва ё давраи амалиёт, ки мўҳлаташ аз 12 моҳ зиёд чун воситаҳои меҳнат ба кор бурда мешаванд.

Таснифи воситаҳои асосӣ:

  1. Аз рўи таъинот: истеҳсолӣ; ғайриистеҳсолӣ.
  2. Аз рўи навъҳо: биноҳо, иншоот, мошинҳои кор ва таҷҳизот; воситаҳои нақлиёт; ашёи истеҳсолӣ ва хоҷагӣ; ҳайвоноти корӣ ва маҳсулдеҳ; рустаниҳои бисёрсола; объектҳои истифода аз табиат; қитъаҳои замин.
  3. Аз рўи дараҷаи истифодабарӣ: ба кор бурдани воситаҳои асосӣ; воситаҳои асосӣ чун захира; дар зинаи сохташавӣ, таҷҳизонидан, таҷдид, барҳам додан; консерватсия кардан.
  4. Вобаста ба моликият:
  5. мутааллиқ будан ба ташкилот;
  6. дар идораи амалиёти ташкилот ва ё дар ихтиёри хоҷагӣ будан;
  7. ба иҷора гирифташуда.

Ашёи меҳнат – омили моддӣ, ки объекти табдил додан ба ба неъматҳои ҷамъиятӣ бо роҳи ба он таъсир расонидани ду омили дигар (меҳнати инсон ва воситаҳои меҳнат) мебошад.

Ба ашёи меҳнат одатан категорияҳои зеринро дохил менамоянд:

  1. ашёи табиат, ки пеш аз ин ба он таъсир расонида нашудааст;
  2. ашёи хом, ки меҳнати инсон ба он таъсири пешакӣ расонидааст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.