Муҳити дохилӣ ва берунии ширкат

Муҳити дохилии ширкат – омилҳои вазъу ҳолат дар дохили ширкат ва ё корхона. Омилҳои дохилӣ асосан натиҷаи қарору тасвибҳои идоракунианд, вале на ҳамаи онҳоро метавон бо ёрии қарору тасвибҳои идоракунӣ тафтиш ва назорат кард. Ба омилҳои дохилӣ ҳадафҳо, сохтор, технология ва одамон дохил мешаванд.

Муҳити берунии ширкат – ҳамаи ҳолатҳо ва меъёрҳое, ки дар муҳити атроф новобаста аз фаъолияти ягон ширкат пайдо мешаванд, вале ба он таъсири ҷиддӣ мерасонанд ва ё метавонанд бирасонанд, аз ин рў нисбат ба онҳо қарору тасвибҳои идоракунӣ лозиманд.

Муҳити беруна муайянкунандаи самаранокӣ ва натиҷабахшии кори корхона аст, ки ба истеъмолкунандагони маҳсулот, таъминкунанадагони мавод барои истеҳсолот, мақомоти давлатӣ ва аҳолии сокини назди корхона дахл дорад.

Аҳолӣ омили асосии муҳити беруна, истеъмолкунандаи маҳсулот ва таъминкунандаи бо неруи корӣ мебошад.

Ба ҳисоби таъминкунандагони корхона инчунин муассисаҳои қарздиҳанда – бонкҳо, ки корхонаро бо пул таъмин мекунанд, созмонҳои илмӣ ва лоиҳасозӣ, ки барои корхона иттилооти илмӣ-техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ омада месозанд, дохил мешаванд.

Дар муҳити беруна рақибон фаъоланд. Онҳо мақсад доранд ҳар вақте қисман ва ё ба пуррагӣ ҷойи корхонаро дар бозор бигиранд.

Танзими муҳити дохилии корхона (стратегӣ – дар асоси барнома ва ҳамчунин фаврӣ) бояд қатъан бо назардошти тағйирот дар муҳити беруна сурат бигирад. Санҷиши муҳити беруна бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. кашфи тағйироте, ки дар ҷанбаҳои гуногуни стратегия зоҳир мешаванд;
  2. муайян намудани омилҳои муҳити атроф, ки боиси хатар ба корхона шуда метавонанд;
  3. муайян кардани он ки аз кадом омилҳои муҳити беруна барои расидан ба ҳадафи стратегӣ истифода метавон кард.

Расидан ба ин ҳадафҳо имконият медиҳад, ки ҳаракати ширкат ба самти беҳтари рушди соҳибкорӣ роҳнамоӣ карда шавад.

Таҳлили муҳити беруна барои иҷрои корҳои зерин кўмак мерасонад:

  1. пешгўии вазъи эҳтимоли пешбининашуда;
  2. таҳияи чораҳои пешгирии омилҳои номатлуби пешбининашуда;
  3. табдил додани хатарҳои эҳтимолӣ ба имкониятҳои муфид.

Барои он ки корхона ба таври самарабахш вазъи муҳити берунаро биомўзад, бояд низоми махсуси омўзиши он (мониторинг) амалӣ карда шавад.Мониторинг – низомест, ки тибқи он мушоҳидаҳои махсуси бо ин ё он ҳодисае алоқадашта инчунин мушоҳидаҳои мунтазам оид ба ҳолати омилҳои барои корхона муҳим гузаронида мешаванд

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.