Хароҷот ва дастовардҳои молиявии ширкат

Хароҷот–захираҳои молиявии ташкилот, ки барои хариди воситаҳои истеҳсолот ва ташкили фаъолияти истеҳсолӣ дар давраи ҳисоботи ҷорӣ таъин гардидаанд.

Андозаи хароҷоте, ки ширкат кардааст ба дастовардҳои молиявии он таъсир мерасонанд.

Дастовардҳои молиявӣ – дастовардҳои ниҳоии хоҷагидории объекти итисодианд, ки зери таъсири дастоварди молиявии аз фурўши маҳсулот гирифташуда, даромадҳои амалиётӣ ва хароҷот, даромадҳои ғайритиҷоратӣ ва хароҷот гирифта шудаанд. Фоида аз савдои маҳсулот (иҷрои корҳо, хизматрасонӣ) – ин фарқият аст байни маблағи ба даст омада – нетто (бе ҳисоби ААИ, аксизҳо ва дигар андозҳо) ва фурўшу арзиши аслии маҳсулоти фурўхташуда.

Ба даромадҳову хароҷоти амалиётӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. даромадҳо ва хароҷоти марбут ба истифодаи муваққатии пулакӣ аз дороии корхона;
  2. даромадҳо ва хароҷоти марбут ба пешниҳоди истифодаи мувақққатӣ аз патент барои ихтироъ, намунаҳои истеҳсолӣ ва дигар навъҳои моликияти хусусии зеҳнӣ;
  3. даромад ва хароҷоти марбут ба ширкат дар сармояи аввалияи (оинномавии) корхонаҳои дигар, аз ҷумла маблағи фисад ва даромадҳои дигар аз коғазҳои арзишдор;
  4. даромад ё зараре, ки ба корхона дар натиҷаи фаъолияти ҳамкорӣ расидааст;
  5. даромадҳо ва хароҷот аз фурўши воситаҳои асосӣ ва дигар дороиҳо ба даст омадаанд; инҳо аз маблағҳои пул, маҳсулот, корҳо ва хизматрасонӣ фарқ мекунанд;
  6. даромад (фисад), ки барои истифода аз маблағи пул гирифта шудаанд ва ё харҷ шудаанд;
  7. даромадҳо ва ё хароҷоти корхона аз нигаҳдорӣ (ҳифзи) иқтидори консерватсия кардашудаи истеҳсолӣ, объектҳо, иқтидори сафарбарсозӣ;
  8. даромадҳо ва хароҷоти марбут ба бекор кардани фармоишҳои истеҳсол, қатъ кардани истеҳсол;
  9. даромадҳо ва хароҷоти марбут ба коғазҳои арзишдор;
  10. маблағҳое, ки барои гирифтан ва ё пардохти навъҳои алоҳидаи андозҳо барои натиҷаи молиявӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба миён омадаанд.

Ба даромад ва хароҷоти ғайрифурўшӣ инҳо дохил мешаванд;

  1. ҷаримаҳо, товонҳо (гирифташуда, пардохташуда);
  2. дороии ройгон гирифташуда ва додашуда, аз он ҷумла мутобиқи шартномаи ҳадя кардан;
  3. даромадҳо барои ҷуброн кардан ва талофӣ кардани зарари ба корхона расида;
  4. даромадҳо ва хисороти солҳои пеш ба корхона расида, ки ҳисоботи солона (соли равон) ошкор гардидаанд;
  5. маблағҳои қарзҳои кредиторӣ, депонентӣ ва дебиторӣ, ки мўҳлати даъво карданашон гузоштааст;
  6. фарқият дар қурби асъор;
  7. маблағҳои нархгузорӣ ва паст кардани нарх.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.