Хусусиятҳои иқтисоди давраи гузариш дар тоҷикистон

Хусусиятҳои асосии иқтисоди давраи гузариш дар Тоҷикистон инҳоянд:

  1. тағйирёбанда ва бесубот будан. Ин ҷиҳатҳо иқтисоди миллиро суст мекунанд, ба ҷойи он низоми нави иқтисодӣ пайдо мешавад. Сабабҳои тағйирёбанда ва бесуботии иқтисодиёти Тоҷикистон инҳоянд:

а) динамизми рушди он ва хусусиятҳои ба он мувофиқаткунандаи тағйирот – баргаштнопазирӣ;

б) афзоиши вариантҳои ташаккули низоми нав, номуайян будани рушди иқтисодиёти давраи гузариш;

2) мавҷудияти шаклҳои махсуси гузариши иқтисодиёт;

3) хусусияти алоҳидаи ихтилофот;

4) таърихияти иқтисоди давраи гузариш.

Хусусиятҳои амалиёт ва анъанаи рушди иқтисоди давраи гузариш дар Тоҷикистон инҳоянд:

  1. беҳаракатии ҷараёни такрористеҳсол, ки имконияти иваз кардани шаклҳои мавҷудаи иқтисодиётро ба шаклҳои дигари дилхоҳ ғайриимкон мегардонад. Беҳаракатии такрористеҳсол амалиёти иқтисодиёти давраи гузариш аст, ки дар он дар муддати тўлонӣ шаклҳо ва муносибатҳо пешинаи иқтисодӣ амал менамоянд;
  2. рушди бошиддати ҳамаи шаклҳо ва муносибатҳои иқтисодӣ;
  3. баргаштнопазирии ҷараёни таҳаввули анъанаҳои асосии он;
  4. афзудани мавқеи омили субъективӣ, ки аз он дурустии интихоби самтҳо ва роҳҳои рушди он ва ба амал татбиқ сохтани он вобаста аст.

Ҷараёнҳое, ки дар иқтисоди давраи гузариши Тоҷикистонба амал меоянд, баъзе қонуниятҳо доранд:

  1. давлат ҳукмронии кулли худро дар нисбати захираҳои иқтисодӣ аз даст медиҳад;
  2. буҷет ба бўҳрон дучор мешавад;
  3. пастравии трансформатсионӣ рўй медиҳад.

Принсипҳои амалӣ кардани равандҳои гузариш дар иқтисодиёти Тоҷикистон инҳоянд:

  1. устуворсозии (босубот кардани) молиявии макроиқтисодиёт;
  2. ҳамгироӣ дар хоҷагии ҷаҳонӣ.

Ба таври умумӣ мувофиқи таҷрибаи умумиҷаҳонӣ дар давраи гузариш се равияи барқароршавии бозор мавҷуданд:

  1. либерализатсияи иқтисодиёт;
  2. тағйироти сохторӣ;
  3. тағйироти институтсионалӣ.

Либерилизатсияи иқтисодиёт – низоми махсуси чораҳост, ки барои аз маҳдудиятҳо озод кардани иқтисодиёт таъин гардидааст. Самти ин низом ҳаракати озоди нархҳо мебошад.

Тағйироти сохторӣ – тағйирот дар сохтори иқтисодиёт мебошанд, ки бо мақсади дигар кардани сохтори пешинаи давлат бо роҳи дигаргунсозии муносибатҳо ба моликият рўй медиҳанд.

Тағйироти институтсионалӣ ташаккули шароити махсуси кори низоми бозоргонӣ, ки бо роҳи тағйир додани созмонҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули созмонҳои нав амалӣ мегардад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.