СОҲИБКОРӢ

Соҳибкорӣ (фаъолияти соҳибкорӣ), ташаббус, фаъолияти мустақилонаи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, ки ба таваккул ва масъулияти моли худашон бо мақсади даромад гирифтан амалӣ карда мешавад.

Навъҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ инҳоянд:

фаъолияти хоҷагидории истеҳсолӣ; фаъолияти хариду фурўш; фаъолияти инноватсионӣ; фаъолияти мушовиратӣ: миёнаравӣ дар тиҷорат; амалиёт бо коғазҳои арзишдор.

Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ инҳоянд:

  1. шаҳрвандони ҶТ ва дигар давлатҳо, ки мутобиқи қонунгузориҳои ҷорӣ барои фаъолияташон маҳдудияте вуҷуд надорад;
  2. шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва ашхоси ғайришаҳрвандӣ дар ҳудуди салоҳияте, ки қонун муқаррар намудааст;
  3. иттиҳодияҳои шаҳрвандон (шарикон).

Мақоми соҳибкориро ҳатман пас аз бақайдгирии давлатӣ гирифтан мумкин аст.

Фаъолияти соҳибкориро дар ду шакл метавон гузаронид:

  1. аз ҷониби соҳиби воситаҳои истеҳсолот;
  2. аз ҷониби роҳбари корхона, ки аз номи соҳиби моликияти хусусӣ амал мекунад. Ҳудудҳои истифода аз молу дороии хусусӣ ба тавассути қарордод танзим гардида ва дар он нуктаҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) маҳдудияти ҳуқуқҳо дар истифода аз молу дороӣ ва гузаронидани навъҳои ҷудогонаи фаъолият;

б) тартиб ва шартҳои муносибатҳои молии байниҳамдигарӣ ва ҷавобгарии моддии тарафҳо;

в) асосҳо ва шартҳои лағви қарордод.

Соҳибкор чун субеъкти мустақили хоҷагидорӣ дорои ҳуқуқ ва масъулият мебошад.

Аз ҷумла соҳибкор ҳуқуқ дорад:

  1. дар асоси шартнома воситаҳои молиявӣ, объектҳои моликияти зеҳнӣ, молу дороӣ ва баъзе ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқиро ба амалиёт ҷалб намояд ва аз онҳо истифода барад;
  2. мустақилона барномаи истеҳсолиро ташкил бикунад, таъминкунандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоташро интихоб намояд, нархи онро дар асоси ҳадду ҳудудҳои қонуниятҳои ҶТ ва шартномаҳо муқаррар бикунад;
  3. фаъолияти иқтисодии хориҷиашро ба роҳ монад;
  4. фаъолияти маъмурӣ – амрфармоиро дар идораи корхона амалӣ созад;
  5. аз номи соҳиби моликияти хусусӣ кормандонро қабул бикунад, аз кор хориҷ намояд.

Бар асари ҳолату вазъи гуногун хусусиятҳои фаъолияти соҳибкорӣ метавонанд тағйир биёбанд. Манбаи ин қабил тағйирот инҳоянд: ҳодисаи ғайричашмдошт; номувофиқатии байни воқеият ва тасаввурот дар бораи он; рўйдодҳои нав ва талаботи ҷараёни кор; тағйироти ногаҳонӣ дар сохтори соҳа ва ё бозор; тағйироти демографӣ; тағйирот дар идрок, ҳолу аҳвол (табъ) ва муқаррароти арзишӣ; донишҳои нав.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.